Бо як кори шахсӣ ба беморхона рафта, Шарофат ном зани шиносамро вохӯрдам. Ҳароҳаш духтараки зебое буд ва миёнашро дошта, маҳзун аз зинаҳо мефаромад. Маълум буд, ки саломатиаш чандон хуб нест ва ягон ҷояш дард карда истодааст.
Пас аз салому алейк дар ҷавоби аҳволпурсиҳои ман апаи Шарофат бо табъи гирифта гуфт: “Келинма мазаш нест, ҳамина пеши духтур овардам...”
Арӯсак беҳолона аз зинаҳо поён шудан гирифт, хушдоманаш бошад, пичирросзанон афзуд: “Ҳоли пули барои тӯяш кредит гирифтаамонро барнагардондем, аз бонк қарздорем. Боз худаш касал шудааст…”
Онҳо рафтанду ман ба гирдоби андешаҳои бе сару нӯг ғуттавар гаштам...
Дар ҳақиқат, ҳамин ки фасли тобистон фаро расид ва айёми тӯю сур сар шуд, дари бонкҳо пур аз одам мешавад. Шахсоне, ки сари фарзандонашонро ҷуфт кардан мехоҳанд, бо сад роҳу усул, ким-киҳоро восита карда, бо баҳонаҳои гуногун аз бонк пули калон қарз мегиранд, то ки тӯйи бодабдаба ороста, келин фароранд ё духтарашонро бо обрӯ ба шавҳар диҳанд.
Тӯйдорон маблағеро, ки шояд барои хӯрду хӯроки як оилаи калон дар як сол мерасад, дар се соати тӯй барбод дода, баъд ду-се сол ва баъзан аз ин ҳам бештар ба қавли худашон, ҷон коҳонда, қарзи бонкро бар мегардонанд. Одамоне низ ҳастанд, ки аз ӯҳдаи баргардонидани пули бонк набаромада, мошин ё хонаашонро ба фурӯш мегузоранд. Дар сурати надоштани ягон захира домод маҷбур мешавад, ки баъди тӯй рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварда, дур аз арӯси нозанинаш дар мулки бегона меҳнат кунад ва бо обилаи кафи даст қарзи тӯяшро канад.
Магар шарт аст кредит гирифта, келин кардану баъд ба сари арӯси бечора ғурбат намудан, ки мо барои ту шуда аз бонк қарз гирифтем ва акнун бояд чанд сол қарзи бонкро канем? Наход бе қарзу қавола, одиякак маъракае ороста, хонадор шудан мумкин набошад?
Худатон як андеша намоед, барои як арӯс 10-15 курта, 8-10 ҷуфт пойафзол ва ду-се палтою жемпир чӣ лозим аст? Магар пас аз як-ду сол ин либосҳо аз мӯд баромада, нодаркор намешаванд? Келинчак ҳомиладор ё фарбеҳ шавад, зарурати харидани либосҳои дигар пеш намеояд? Дар ин ҳолат, он куртаҳои қиматбаҳои арӯсӣ, ки ҳар кадомашон камаш 1000-1200 сомонӣ нарх дошта, бо пули қарзи бонк харида шудаанд ва шояд арӯс ҳатто барои пӯшидани баъзеашон фурсат намеёбад, ба кӣ даркор мешаванд?
Либоси арӯсӣ як тарафи масъала, ҳаққи шир ва қалинги арӯсро намегӯед! Қалинги арӯс айни замон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мутаносибан аз 15000 то 25000 сомониро ташкил медиҳад.
Акнун меоем сари масъалаи ҷиҳоз. Гарнитури рахти хоб 1000-1500 доллар, мошинаи ҷомашӯӣ 4000-5000 сомонӣ, телевизор 2000-3000 сомонӣ, қолину парда камаш 3000 сомонӣ, яхдон 2000-3000 сомонӣ, ДВД, духовка, чангкашак, чанд сатилу корсон, дегу табақ, хулоса, барои як арӯсак он қадар чойнику пиёла, қандгираку донагираку мавизгирак мехаранд, ки гумон мекунӣ ин оилаи ҷавон то охири умрашон дигар имкони ягон чиз харидан намеёфта бошанд.
Инҳо ҳама як бало, худи тӯй ва ҳаққи хизмати сарояндаҳоро намегӯед! Ҳоло хизматонаи як ҳофизи кӯчагӣ барои се соат дар тӯй суруд хонданаш камаш 3000-4000 сомонӣ аст. Саряндаҳои номдор бошанд, бо тӯйдорон бо сомонӣ не, бо доллар чақ-чақ мекунанд. Як дӯсти хонаводагии мо дар тӯйи писараш яке аз сарояндаҳои шинохтаи кишварамонро бо ду духтараш даъват намуда, чунон ба қарз ғӯтид, ки ногуфтанӣ. Келинаш соҳиби ду кӯдак шудааст,вале он бечора то ҳол қарзи хизмати ҳамон ҳофизаро дар тӯяш канда истодааст.
Акнун худатон ҳисоб кунед, ки барои оростани як тӯйи арӯсиву домодӣ чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъзан арӯс нодухтар мебарояд ё ситораи ду ҷавон бо ҳамдигар рост наомада, баъди ним сол ё як соли оиладорӣ ҷудо мешаванд. Онҳо ҷудо мешаванду қарз мемонад. Оилаи ҷавон вайрон шуд гуфта, бонк ҳаргиз қарзи додаашро намебахшад, барои ҳамин пеш аз кредит гирифтан сар ба ҷайби андеша кашед, ки оё аз уҳдаи бар гадонидани қарз мебароед ё не? Магар беҳтар нест, ки як маъракаи хоксоронаи одияк ороста, бе ҳофизи номдору дағдағаю дабдабаи зиёдатӣ сари фарзандонатонро ҷуфт кунед ва орому осуда зиндагиро идома диҳед?
Ф. Сатторӣ