Отабек Нуритдинов блогери узбек аз вилояти Андиҷон барои навиштани мақолаи танқидӣ латукӯб карда шуд.
Дар матлаби ӯ атрофи он баҳс мерафт, ки дар назди масҷид мағозаи нӯшокиҳои спиртӣ фаъол аст ва ин аз рӯи имондорӣ нест. Тибқи изҳороти вай, пас аз интишори матлаб дар шабакаи Facebook соҳибони мағоза рақами модари блогерро аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гирифтаанд. “Баъд аз занг задани модарам бо хоҳиши соҳибони мағозаи нӯшокӣ дар назди мағоза ҳозир шудам. Дар он ҷо бо зани соҳиби мағоза ва ду писари ӯ мулоқот кардам. Мехостам, ки сабаби нашр шудани аксҳои фурӯшгоҳи онҳоро фаҳмонда диҳам ва ба самъи онҳо бирасонам, ки ин амалашон комилан нодуруст аст. Инчунин, гуфтам, ки агар ҳуҷҷатҳои шумо дуруст бошанд, пас аз чӣ метарсед? Ягон мушкилот рух диҳад, метавонед ба мақомоти корҳои дохилӣ аз болои ман шикоят кунед”, - мегӯяд ин блогери узбек. Отабек Нуритдинов қайд кард, ки писарони ин зан ба ӯ муносибати дағалона карданд ва яке аз онҳо ба тарафаш мушт бардошта, ӯро ба хуншор кард. "Бар замми оне, ки маро латукӯб намуданд, шишаҳои автомобиламро шикаста, таҳдид намуданд, ки дар сурати шикоят кардан, нобуд хоҳам шуд".
Ягона саволе, ки айни ҳол ин блогери ӯзбекро бениҳоят нигарон кардааст, ин аст, ки бо кадом далел рақами модари ӯро ба ин авбошон додаанд, ҳол он ки онҳо корманди низомӣ маҳсуб меёбанд.