Formula novemver 2024
Вақте ки духтари тоҷик баданашро ба намоиш мегузорад...
7961

Вақтҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ, хусусан дар шабакаи Ютуб наворҳои видеоии блогерони тоҷик, аз ҷумла духтарон тез-тез паҳн мегарданд.

Мутаасифона, аксари ин наворҳо ба ҷойи дар тарбияи насли нав нақш гузоштан, баръакс ахлоқи ҷавонон наврасони моро коста месозанд. Манзур аз ин гуфтаҳо навори видеоие мебошад, ки як блогердухтари тоҷик бо исми Ҷонон дар Ютуб паҳн намудааст.

Дар навор ин блогери бе шарму ҳаё дар тан либоси кӯтоҳе дорад, ки тамоми узвҳои баданаш, ҳатто узвҳое, ки тибқи қонунҳои индунёиву ондунёӣ бояд ҳамеша пинҳон бошанд, баръало менамоянд.
Дар навори дигар Ҷонон аз он шиква мекунад, ки баъди намоиш додани “зебоияш” дар рӯзи зодрӯзаш ӯро лату кӯб намуда, сиёҳу кабуд кардаанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро касе аз намояндагони мақомотҳои болоӣ садди роҳи чунин ба ном блогерҳои навбаромад, ки ба хотири ҷалби муштариён фарҳанги бараҳнагиро дар байни мардуми тоҷик, хоса насли ҷавон паҳн менамоянд, намегардад?


Ҷомадони Убайдулло Раҷабро кӣ дуздид?(ВИДЕО)


Магар чунин амалҳои нангин ба зан-модар ва духтари тоҷик зебандаанд?
Ҷавонону наврасони мо пайваста аз шабакаҳои интернетӣ чунин наворҳои фаҳшро тамошо кардан гиранд, магар аз одобу ахлоқи тоҷикона баъди чанд сол ягон ном нишон мемонад?
Магар Ҷонон барин духтарон падару модар ва хоҳару бародар надоранд, ки онҳоро соҳибӣ карда, одамвор зхиндагӣ карданро омӯзонанд?
Куҷост нангу номуси тоҷиконаи падару модар ва бародарони ин блогерҳо?
Пеши роҳи чунин амалҳоро гирифтан мебояд ё мо дар асри ХХ1 зиндагӣ мекунем гуфта, ба ҳамаи ин бараҳнагию бефарҳангиҳо бояд чашм бипӯшем?

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД