Рӯзҳои охир сару садҳо дар бораи банан дар шаҳри Душанбе ва навоҳи гирду атроф он қадар зиёд шудаанд, ки кас сари калобаашро гум мекунад.
Яке мегӯяд, ки ба Тоҷикистон ба миқдори калон бананҳои заҳролудшударо ворид кардаанд, дигарӣ воҳима мекунад, ки чанд нафар баъди хӯрдани банан ба СПИД гирифтор шудаанд. Ин миш-мишҳо то куҷо асос доранд? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан хабарнигорони мо аз паси тадқиқи ин масъала шуданд.