Дугонааш бахти ӯро дуздиду....
Миҷгон аз овони хурдияш духтари дилрабою закие буд. Мӯйи фатилаи сиёҳаш, рӯйи чун шир сафедаш, миҷаҳои дарози каҷгардонаш ҳусни ӯро дучанд мекарданд. Ӯ дар оила духтари ягона маҳсуб меёфт ва ду бародари хурд дошт. Вай дар мактаб хонандаи фаъол буд ва дар озмунҳои фанҳои дақиқ бештар ғолибият ба даст меовард. Миҷгон мехост дар оянда ба мисли модаркалонаш табиб шавад. Волидайн низ ба қарори духтарашон зид набаромаданд, зеро медонистанд, ки ӯ дар хондан қобилиятдорад ва сарбаландона ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавад. Ҳангоми дар синфи даҳум хонданаш, давраи босози ибтидо ёфт.
Лайлии бепарво
Дар ин замон зиндагии аҳли зиё низ вазнин шуд. Дар корхонаҳо маош намедоданд, сафи бекорию бенавоӣ дар кишвар авҷ гирифт. Барои аз ин шароити мушкил баромадан модари Миҷгон рӯ ба тиҷорат овард. Ӯ ҷавоҳироти тиллоияшро фурӯхта, ба маблағи он аз хориҷи кишвар матоъу либосворӣ меовардагӣ шуд. Акнун бо шавҳараш дар бозор савдо мекард. Дар ҳамин айём Миҷгон мактабро ба итмом расонида, бомуваффақият ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд.
Ишқам ту дар куҷоӣ?
Дар Донишгоҳ низ донишҷӯи фаъол буд. Модараш бо тиҷорат машғул, ки буд, барои духтари ягонааш либоси замонавиро аз хориҷи кишвар меовард. Ӯ бо либосҳои хушдухт, пойафзолу сумкаҳои замонавиаш аз дигарон фарқ мекард, чунки даврае шуда буд, ки одамон дар нон ва озуқа навбат меистоданд, лекин ӯ парвои ин чизҳо надошт. Зеро волидайнаш ҳама чизро барои фарзандонашон муҳайё мекарданд. Ба мисли Миҷгон дар Донишгоҳ чанд тан духтарону писарони аз оилаҳои доро таҳсил мекарданд, лекин дар қиёси ӯ онҳо дониши хуб надоштанд. Эшон нисбати вай зиддият не, балки дӯстӣ доштанд. Миҷгон аз фарзандони доро тафовут дошт, яъне байни касе тафриқа намегузошт, бо ҳама хушмуомила буд, бо ҳамин хислаташ дар Донишгоҳ ҳама ӯро меписандиданд. Акмал ҷавонмарди тақрибан чил сола, ширкаташ дар маркази шаҳр воқеъ буд. Ҳар рӯз ӯ аз назди шаҳраки тиббӣ мегузашт. Дар назди роҳи Донишгоҳи тиббӣ чароғак воқеъ аст. Одатан ҳангоми ранги сурх шуданаш ронандаҳо ба роҳгузарон роҳ медиҳанд. Дар ҳамин ҳолат рӯзе аз байни роҳгузарон чашми Акмал ба Миҷгон афтод, чанд маротиба ин ҳолат такрор ёфт. Боре чунин иттифоқ афтод. Ҷавон, ки дар паҳлӯи ронандааш нишаста буд, сигнали мошинро зер кард, то ки таваҷҷӯҳи духтарро ба худ ҷалб намояд. Миҷгон гумон кард, ки чароғак сурх шудааст ва ба сӯи мошин нимнигоҳе карда, чаққон қадам зад.
Шикори дил
Акмал ба ронандааш рӯй оварда: - Ин зебосанам дар ҳамин Донишгоҳ мехонда бошад?- пурсид аз вай. - Ҳа, ба ҳамон тараф меравад,- инро гуфту мошинашро ба ҳаракат даровард ва суханашро давом дод,- Шеф, ду зан доред, боз ба ин духтар чашм ало доред. - Зани дуюмам вақтҳои охир бисёр ғурбат мекунад, дар вақти бекӯдакияш орому ширинсухан буд, ки бо гуфтаҳояш диламро об мекард. Аз рӯзе ҳавлии калон сохта ба зани аввалам тақдим кардам, вай дигар маро ором намегузорад, мехоҳад ба ӯ ҳам хонаи се ошиёна созам.
Ҳури биҳишт
Акнун бо як бача хонаи се ҳуҷрадор барояш танг шудааст, - ба ронандааш дарди дил кард ӯ. Акмал ҳар дафъае бо мошин аз шаҳраки тиббӣ гузаштанаш аз ронандааш хоҳиш менамуд, ки оҳиста мошинро ронад, то он ҳури биҳиштро боз бубинад, вале чунин иттифоқ намеафтод. Фасли зимистон омад. Маҳз дар айёми сардӣ ӯ Миҷгонро дар истгоҳи шаҳраки тиббӣ дид. Бо хоҳиши Акмал, ронанда мошинро дар канори роҳ нигоҳ дошту аз он фаромада дар паҳлӯи донишҷӯдухтарон қарор гирифт. Бардурӯғ ба сӯи троллейбусу автобуси ҳаракатдошта менигарист. Аз сӯҳбати духтарон фаҳмид, ки духтари писандидааш чӣ ном дораду дар курси чандум мехонад ва дар кадом шӯъба таҳсил мекунад.
(Давомашро фардо соати 21-00 инизор шавед)