arzon replenishment
Ба озодии занон ҳасад мебарам!
4138

 

Замона аҷиб шудааст. Дар шароити имрӯз либос дигар меъёри муайянкунандаи шахсият аст. Яъне, агар шиму костюм дориву ҳатман гулӯятро хафа карда, галстуки “танг” бастаӣ, пас зиёиӣ.
Агар не, бомже беш намешуморандат.

Дигар маҷбур мешавӣ, ки “ҳамқадами замон”-аму “дар шаҳри якчашма” гуфта, дар рӯзҳои истироҳату вақти сайру гашт низ бо шиму костюм гардӣ, то ба ҳолат наханданд. Агар шими ҷинс пӯшидӣ, “мурдӣ”. Ангуштнамо мешавию хандахариш. На ба ягон идора даромада метавонию на ягон корат иҷро мешавад. Яъне, либос имрӯз барои рафъи мушкилиҳо нақши калон дорад.

Ҳайронам, ки хитоӣ бо ҳамон шими ҷинсаш ба кайҳон мераваду арикоӣ бо “майкаву шортик” одам – роботҳо месозад, мо бошем “аҳли зиёву адабем” гуфта галстуро танг мебандему ду даст дар киссаи шим корамон фақат сурудхонисту ҳарзагӯӣ. На ягон кашфиёти оламшумул дорему на чизи дигар. Агар таваҷҷуҳ кунем, имрӯз моро онҳое муаррифӣ доранд, ки аз ин либосҳо дуранд. Яъне варзишгарони майкаву шортикпӯш. Баъзан, аз худ мепурсам, ки кай ин одат аз мо мерафта бошаду мо чизи дилхоҳамонро пӯшида метавониста бошем? Аҷибаш он аст, ки ин қоида танҳо барои ҷинси мард хос аст. О як бор ба занону духтарон нигаред. Бо мини юбкаву куртаҳои бепоҷома мегарданду касе ба ҳолашон намехандад – ку?! Ҳатто агар шими ҷинс пӯшанд “современий”-анду куртаи беостин дошта бошанд “модний”.

Чун дар кӯчаҳои пойтахт мегардам, ба интихоби озод доштани занон дар пӯшидани либос ҳасадам меояд. Онҳо бо ҳамон либосҳои ба бар кардаашон худро бениҳоят озод ҳис мекунанд ва бар замми ин чунон устувору дилпурона қадам мезананд, ки алами мардон дучанд мешавад. Кош мардон низ мисли занон дар интихоби либос озод мебуданду новобаста аз тарзи либоспӯшӣ аз ҷиҳати илму технология мисли ҷопониҳову аврупоиҳо муваффақ мешуданд.


Дар ҷамъият оила набошад, ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Агар дар оила ҳам меҳру муҳаббат набошад, он оила пойдор намемонад.


Ҳатто агар ба ягон ҷамъомад даъват шавем, аз шаб омодагӣ мегирем. Кадом шиму костюмамро пӯшам? Ранги галстукро чӣ гуна интихоб кунам? Ва саволҳои монанд ба ин моро ташвиш медиҳанд. Вале хонумҳо муосиртарин либоси аврупоӣ дар тан меоянду садри маҳфиланд. Дар маъракаҳо низ агар ягон галстукдор омад, бологузар асту шими ҷинсатро, ки диданд ҷоятон аллакай маълум – пойгоҳи назди дар. Ҳатто шароит ба он оварда расонидааст, ки дар ҷаноза ҳам дигар галстукдорон дар сафи пешанду дар масҷид низ, ки хонаи Худост. Ба кор - ку, бе галстук ва шиму костюм рафтан мумкин нест. Роҳбарро аз зердаст дигар фарқ карда намешавад. Дар тӯйҳо низ домод бо ду ҷӯрааш ҳатман шиму костюм пӯшида галстук мебанданд. Хусуру хушдомани надида ҷӯраи шаҳро ҳам гоҳҳо домод гумон мекунад. Шукр, ки дар байн меистаду дар дасташ гул мегирад (дар ҳолати истиноӣ, яъне домоди бе гулдаста ё дорои як шоҳмард ...). Ҳамсинфу ҳамкурси шаҳ низ бо галстукчаҳои танг омада, ҳай маъракаро гарм месозанд. Пеш – пеши мурда низ галстукдорон мераванд. Аз вакили оддии маҳал то раиси ноҳия ҳама галстукбанданд. Аҷабо ...

Ба андешаи професср Қаҳҳори Расулиён зиндагӣ он аст, ки ҳар як инсон дар куҷое, ки хоҳад ва чӣ тавре, ки хоҳад, зиндагӣ кунад, чизе, ки хоҳад бихӯрад ва чизе, ки бихоҳад бипӯшад. Аммо ин тарзи зиндагӣ, ки ба маънои томаш зиндагии воқеӣ аст, ба теъдоди хеле кам андар ками инсонҳо муяссар мешавад. Яъне онҳое, ки дорои ин имконият нестанд, зиндагӣ намекунанд, шояд аллакай мурдаанд. Аҷиб!

Дигар фурсате расидааст, ки ба саводатон аз рӯи либос баҳо медиҳанд. Агар ба ҷое чун талабгори кор рафтӣ, ҳатман бояд шиму костюм пӯшида гаслтук бандӣ, то мақбули роҳбарият шавӣ. Дигар на дипломат аҳамият дораду на илму донишат. Яъне дар ҳолати риоя накардани ин имиҷ атоятро ба лиқоят мебахшанду оҳиста кафшатро пеши поят мегузоранд. Давре расидааст, ки шояд сар кунем қолабшиканиро, фақат аз доираи одоби шарқиёнаву оини мусулмонӣ берун набаромада. Боз нашавад, ки дигар чун “индеесҳо”-и Африқо гаштугузорро сар кунем.

Баробарҳуқуқиро ба ёд биёред, мардум! Дигар ба ҳоли ҷинспӯшон нахандед. Нодорӣ ҳам айб нест, охир! Шояд оне, ки ҷинс мепӯшад, дар донишу мартаба авлотару болотар аст аз ҳазорон галстукбанду костюмпӯш. Замоне расидааст, ки дигар ба раванди ҷаҳонишавӣ баробар қадам занем. Сензураи либосро низ манъ кунему иҷоза диҳем, ки мардон низ камтарак эҳсоси озодӣ кунанд (аз нигоҳи либоспӯшӣ).

Ростӣ, вақте ин сатрҳоро менигорам, ба хотирам китоби фантастикии Абдумалик Баҳорӣ “Насими тоза” меояд, ки ҳанӯз чанд сол қабл дар қиссаи “Сайёраи Нодар” роҷеъ ба митинги мардуми Амрико дар самти либоспӯшӣ гуфта буд. Яъне, онҳо мехоҳанд, ки нимурён бигарданд, вале мақомот иҷозаташон намедиҳад. Бинобар ин, митинг ташкил мекунанд. Вале ман чунин намехоҳам. Ҳадаф он аст, ки либос ба меъёри дуюмдараҷа дар шинохти одамият ворид шаваду ақлу дониш як зина боло равад. Чӣ гуфтед?!

Мирсаид САТТОРИЁН, 
рӯзноманигор

P. S. Ҳадаф интиқоди занону духтарон нест, танҳо хотиррасон карданиям, ки дар ҷомеаи муосир ҳама ҳуқуқи баробар дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД