Formula novemver 2024
Асои Худо садо надорад
2921

Фариштаи худписанд

Динораи соҳибҷамол дар оилаи зиёӣ ба воя расида бошад ҳам, бисёр духтари назарбаланду худпараст буд. Падараш Насриддин писари ягонаи раиси номдоре буд ва бибию бобояш Динораро аз даврони кӯдакиаш он қадар эркаю нозпарвард намуданд, ки духтарча худро духтари шоҳи париён тасаввур карда, назараш замину осмонро намегирифтагӣ шуда монд. Вай ба маънои томаш духтари зебо буд. Қаду қомати мавзун, чашму абрӯвони сиёҳу миҷгонҳои дароз-дарози баргашта, гесувони мушкину пӯсти барф барин сафед ва рухсораҳои гулобиаш ӯро ба қаҳрамонҳои филмҳои машҳур монанд мекарданд. Дар мактаб ҳама ҷавонон ошиқи ҳусну ҷамоли ин парипайкар буданд, вале зебосанами мағрур парвои муҳаббати касеро надошт.
         Дунболи ҳавасҳо

Динора аз хурдӣ лӯхтакҳои бешуморашро ба таври худ аз дигар либос пӯшонда орою торо медод ва дар дилаш ҳаваси ороишгар шудан шуъла мезад, аз ин хотир пас аз хатми донишкада бо ёрии падараш кошонаи ҳусн ва мағозаи либосҳои арӯсӣ кушод. Рӯзе ба мағозаи либосҳои арӯсияш як духтараки мавзунқомат ҳамроҳи ҷавонмарди зебое даромад. Аз гуфтугузори онҳо маълум шуд, ки духтарак хоҳари ҷавон аст ва ба наздикӣ тӯйи арӯсӣ дорад. Онҳо куртаи гаронбаҳои арӯсӣ фармоиш дода рафтанд.

     Шартҳои малика

Аз байн ду ҳафта гузашту боз ҳамон ҷавони зебо бо дастагули калоне дар мағоза пайдо шуд ва мисли қаҳрамонҳои филмҳои ҳиндӣ дар назди Динора ба зону зада, изҳори муҳаббат намуд. Ин рафтори ҷавонмардонаи ошиқи зор ба духтари мағрур хуш омада ба вохӯрӣ розигӣ дод. Ҷавон, ки Баҳодур ном доштааст, Динораро ба мошини сафеди зебояш шинонида ба тарабхонаи беҳтарини шаҳр бурду дар сари дастурхони пур аз нозу неъмати гаронбаҳо гуфт:

-Ман аллакай дар бораи шумо ҳама чизро пурсида аниқ кардам, аз ҳамин хотир шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро мегӯям. Зангирам. Парии орзуҳоямро дар симои шумо дарёфтам. Ман дар деҳа ба воя расида дар синни шонздаҳсолагиям ба шаҳр омадам ва бо қувваи худам ба донишгоҳ шомил шуда, онро бо дипломи сурх хатм кардаму ҳамроҳи ду ҳамкурсам як ширкати тиҷоратӣ кушодем. Ширкати мо бо тоҷирони афғон дар хариду фурӯши пӯсту пашм ҳамкорӣ мекунад. Дар шаҳр хона, мошин ва маркази савдои калон дорем, ҳамсари ман шуда шумо аз ягон чиз танқисӣ намекашед!

Динора, ки як умр дар орзуи шавҳари зебою сарватманд буд, аз омад кардани бахташ шод шуда ҷавоб дод:

-Ман розӣ, вале чанд шарт дорам!

-Бифармо маликаи ман,- шӯхӣ кард Баҳодур.

-Шарти якуми ман ин аст: баъди тӯй тиҷоратамро давом медиҳам. Дуюм: як рӯз ҳам дар деҳа зиндагӣ намекунам. Сеюм: падару модаратон ба зиндагии мо дахолат накунанд,- бо ноз чашмони зебояшро ба чашмони сиёҳу хумори ҷавон дӯхта пичиррос зад Динора.

Баҳодур дасти булӯрини духтарро бӯсида ба шартҳои ӯ розӣ шуд.

        Рӯзи мурод      

Пас аз ҳамон як вохӯрӣ Баҳодур ба хонаи падари Динора хостгор фиристод ва бо розигии ҳарду тараф ҷавононро бо ҳамдигар фотиҳа карда, дар байни ду ҳафта ҷиҳози арӯсро омода намуданду тӯйи бошукуҳе барпо намуда, риштаи тақдирашонро бо ҳам пайвастанд.

-Азизам, акнун ту зани ман ҳастӣ ва ба хотири ман бояд аз баҳри як шарти гузоштаат гузарӣ. Мо ба деҳа рафта дар он ҷо ҳам тӯй мекунем. Баъди баромадани чиллаи арӯсиат боз ба хонаи худамон бармегардем. Пас аз ин метавонӣ то охири умр дигар ба деҳа наравӣ,-хоҳиш намуд Баҳодур аз арӯсаш.

Динора дигар илоҷ надошту ночор ҳамроҳи шавҳараш ба деҳа рафт. Аҳли хонадони домод онҳоро бо хушнудӣ пешвоз гирифта ба аҳли деҳа ошу нон доданд, вале...

Теғи забони келин

Динора аз рӯзи аввали ба деҳа рафтанаш ба ҳаққу ҳамсоя ва хешу ақрабои волидони шавҳараш айб монда, онҳоро масхара мекард. Хушдоманаш чанд бор ӯро модарвор насиҳат кард, ки ин корашро накунад, вале келини мағрур дар ҷавоб масхараомез хандида мегуфт:

-Очаҷон, онҳо безеб бошанд, айби ман чӣ?!

Амаки шавҳараш, мӯйсафеди Бурҳон дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекард ва шабҳо ҳамроҳи кампираку набераҳояш ба хонаи акааш омада, то дер чақ-чақ карда менишаст. Келини шаҳрӣ барои гӯшҳои калон-калонаш ба амаки Бурҳон “Чебурашка” лақаб монда буд, набераҳои мӯйсафедро бошад “яъҷуҷу маҷуҷ ” гӯён масхара мекард. Як бегоҳ манту пухтанду хусураш фармуд, ки акаашро хабар кунанд.

-Эҳ Худое, бе Чебурашкаю яъҷуҷу маҷуҷ намешудааст-дия,-гӯён, норозиёна лабашро бурма намуд арӯсаки нав.

Ин гапро кадом кӯдаке ба амаки Бурҳон расондааст, мӯйсафед сахт ранҷида дигар ба хонаи акааш намеомадагӣ шуд. Ҳамин тавр дар байни 40 рӯз дар деҳа касе намонд, ки заҳри забони келини хушрӯй, вале каждумзабони шаҳриро начашида бошад.

Дуои кампир

Чиллаи арӯсиаш баромаду хусуру хушдоманаш дарҳол дар тараддуди ба шаҳр гусел кардани навхонадорон шуданд, зеро метарсиданд, ки агар ин келинчаки беандеша боз ягон моҳи дигар дар деҳа монад, дигар ягон ҳамсояву хешу табор аз дари хонаи онҳо намедарояд. Шоме, ки фардояш Баҳодуру Динораро ба шаҳр гусел мекарданд, холаи Марҷон ба назди хушдоманаш ҳамсояшинӣ омад. Неши ақраб на аз раҳи кин аст, ки тақозои табиаташ чунин аст гуфтагӣ барин, Динораи забонаш ба заҳрпошӣ омӯхта, набераи кампирро “қурбоққаяки ботлоқӣ” номида, ҳамсояро сахт ранҷонд. Кампир бо димоғи сӯхта омин гӯён, аз ҷояш бархост ва гӯё бо Динора хайрухуш карданӣ шуда тамасхуромез гуфт:

-Динорабегим, шунидам, ки пагоҳ ба шаҳр меравед. Худо хоҳад, ин даъфа бо инояти Худованд бо қурбоққачаҳоятон меомадагистед...

Арӯсаки мағрур песонда ба кампир нигаристу худписандона ҷавоб дод: -Аз ман қурбоққа намерӯяд!

  Келинчаки эрка

Динора ҳамроҳи шавҳари сарватмандаш дар шаҳр бароҳат зиндагӣ мекарду парвои оламу одам надошт. Пас аз он, ки дар қадаш кӯдак пайдо шуд, Баҳодур дигар намегузошт, ки дасташро ба оби хунук занад, тамоми кору бори хонаро хизматгорзан ба анҷом мерасонд. Келинчаки эрка рӯзи дароз дар болои диван дароз кашида телевизор тамошо мекард ва хӯрокҳои сервитамин мехӯрд, то тифлакаш солим ба дунё биёяд. Динора танҳо гоҳ-гоҳ аз ҳолу аҳволи коргаронаш хабар гирифта, онҳоро бо борҳои зарурӣ таъмин мекарду халос.

Даҳшат!!!

Динораро дарди зодан гирифту Баҳодур ҳамсарашро ба мошини зебои хориҷиаш шинонда ба таваллудхона бурд. Келинчак ду шабу ду рӯз дард кашида бошад ҳам, таваллуд карда натавонист. Волидони Динора бисёр мехостанд набераашон бо роҳи табиӣ ба дунё биёяд, вале ҳоли зори духтарашон онҳоро ба ташвиш оварду ба чоки қайсар розигӣ доданд, вале ҳанӯз фурсати ба толори ҷарроҳӣ бурдани зоянда нашуда, ногоҳ аз батни ҷавонзан ба ҷойи тифл халтачае тавлид шуд, ки дарунаш меҷунбид. Духтурон дарҳол халтачаро бурида ба даҳшат афтоданд, чунки дар даруни он ду кӯдаки даҳшатангези ба қурбоққа монанд меҷунбиданд. Фарёди ҷонкоҳи ҳамшираи шафқатро шунида Динора сарашро бардошт ва «фарзандонаш»-ро дида беҳуш шуд…

Пушаймонӣ

Вақте ки вай ба худ омад, аллакай аз байн даҳ рӯз гузашта, дугоникҳои даҳшатангези баъди ду соат мурдаашро кайҳо ба хок супурда буданд. Баҳодур ҳамсарашро аз таваллудхона рост ба хонааш бурд, вале ҳарчанд кӯшиш мекард, Динораи пештараро бар гардонда наметавонист. Вай ким-чихел хаёлӣ ва мардумгурез шуда буд. Шавҳари меҳрубонаш ду соли дароз ӯро дар ба дари муллою табиб ва духтурони руҳшинос гардонда, базӯр саломатиашро барқарор намуд. Имрӯз Динора соҳиби ду писараки зебо аст ва тамоми пулу молашро дар роҳу ризои худованд сарфи кӯдакони маъюбу маслуқ месозад. Ҷазои фиристодаи Худованд ин келинчаки мағрурро ба роҳи хайру саховат раҳнамун гаштааст…                      

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД