Падару модарам барои бародарам Суннат ба 50-60 ҷой хостгорӣ рафта бошанд ҳам, навмед баргаштанд.
“Духтарамон ҳоло хурд аст, аввал ба ягон донишгоҳ дохил шуда диплом гирад, баъд шавҳар мекунад” ё “духтари мо гаҳворабахш аст” гӯён, духтардорҳо бо ҳар баҳона талаби хостгорони моро рад мекарданд. Дили бародарам аз зиндагӣ монда қасам хӯрд, ки чипта харида ба Русия меравад ва ягон духтари русро ба занӣ гирифта, дигар ёди Ватан намекунад. Модарам ба таҳлука афтида, саросемавор, надидаю насанҷида аз деҳаи ҳамсоя Манижа ном духтареро ёфта, келин кард. Бародарам арӯсашро бори аввал дар рӯзи фотиҳа дида, бо як дидан волаю шайдои ҳусну ҷамолаш гашт. Арӯсшаванда дар ҳақиқат бисёр духтари зебо, вале бадгашт будааст. Ин гапро ман баъди фотиҳа аз забони духтари ҳамсояамон-Гуласал, ки чанд сол пеш ба ҳамон деҳа келин шуда рафта буд, шунидам. Манижа чандин сол боз бо Дилшод ном ҳамсинфаш мегаштааст. Аввал гумон кардам, ки Гуласал аз душманӣ ин гапро мегӯяд, вале дугонаам Мавҷуда низ кавалер доштани Манижаро тасдиқ када гуфт: “Тамоми мардуми деҳаи мо медонанд, ки Дилшоду Манижа мисли зану шавҳаранд. Ин духтари бероҳаро келин накунед, ки ҳаёти бародаратро месӯзад” гуфт дугонаам, ки аз ҳамон деҳа буда, дар мактаби мо мехонад.
Хулласи калом тамоми сирру асрори келиншавандаро фаҳмида, ба модарам як ба як гуфтам. Ба ҷойи он ки рафта фотиҳаро гардонад, модарам ба даҳони ман зада, мегӯяд, ки даматро гирифта гард, агар акаат фаҳмад, ки арӯсаш бероҳа аст, дилаш хунук мешавад ва сарашро гирифта баромада меравад. Кадом духтар пеш аз шавҳар карданаш бо ягон бача гап назадааст?! Ҳама духтарҳо гап мезананд, вале шавҳар, ки карданд, аз паси зиндагиашон мешаванд. Манижа ҳам арӯс шуда ба хонаи мо ояд, ақлаш ба сараш мезанад ва дигар он номаъқулиҳояшро такрор намекунад. Ана гапу мана гап, як духтари тардоман акаи маро аҳмақ кунаду ман хап шинам будааст!
Мо гӯшамонро ба кариву чашмамонро ба кӯрӣ зада Манижаро келин кунему фардо, баъди тӯй ҳамаашро рӯйи об барояд, ҷӯраҳояш ба ҳоли акаам намеханданд? Магар он вақт бародарам хафа намешавад?
Хонандагони азиз! Виҷдонам маро ором нагузошта истодааст, барои ҳамин ба шумо муроҷиат намудам, то ба ман маслиҳат диҳед. Сирру асрори арӯси тардоманро ба бародарам бигӯям ё не?
Фариза, ш. Турсунзода.