Sebiston new 2024 october
Ғамзаро гӯр партофт (қисми 3)
1709

... Давомаш. Аввалашро дар ин ҷо хонед.

Ғамза бо гиряву фарёд либосҳояшро бардошта, ба хонаи апааш, ки бева буду дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард, рафт….

Пушаймонӣ

Мадуд танҳо се рӯз ҷудоӣ аз занашро таҳаммул намуду ба хонаи апаи занаш рафта, худро пеши пойи Ғамза партофта узр хост, аммо ҷавонзан шартҳои худро гузошт:

- Ман дигар дар хонаи шумо зиндагӣ кардан намехоҳам, агар хоҳӣ, ки сағираат пеш-пеши пойи падарандар нашавад,- ба шикамаш ишора намуда гуфт ӯ, барои ман хонаи алоҳида гир!

Мадуд он шаб бо Ғамза монд ва рӯзи дигар назди директори автобаза даромада, хоҳиш намуд то барояш хобгоҳе ёбанд. Пас аз як ҳафта мушкили Мадуд ҳал шуд, ба ӯ ҳавличаеро, ки ду хонаву ҳаммому ҳоҷатхона дошт, ҷудо карда доданд.

Райҳон-хола келинашро дуои бад карда, ашк мерехт, ки онҳоро миёни мардум шарманда ва аз ягона писараш ҷудо кард, аммо амаки Сафӣ ба нуқтаи дуре чашм дӯхта гуфт:

-Занак, ғам махӯр, писарат як рӯз саг барин пушаймон шуда бармегардад, мон дум-думи ҳамон беобрӯ гардад….

Заҳри хиёнат

Ғамза дар хонаи наваш ҷавлонкунон ин тарафу он тараф мерафту дар дил хурсанд буд, ки шаҳрӣ шуд, яъне аз деҳа ба маркази ноҳия кӯчид. Ҷойи корашро низ иваз карда, акнун котибаи директори автобаза буд.

ҲАМЧУНИН ХОНЕД:

ШАВҲАРАМ 3-ТАЛОҚ ДОДАНАШРО ИНКОР МЕКУНАД, ВАЛЕ...

 

Ғамзаи бероҳа дар як муддати кӯтоҳ бо директор соз гирифта, ҳавличаашро ба номи худаш карда гирифт, акнун ҳама ҳамкорони Мадуд медонистанд, ки зани ҳамкорашон маъшуқаи сардор аст. Шояд касофати бероҳагиҳояш буд, ки тифлаки нахустини Ғамза мурда ба дунё омад. Ин ҳама пинаки ин зани ба ботлоқи фисқу фуҷур афтидаро вайрон накарду пас аз каме беҳтар шудани вазъи саломатияш боз ба кор баромада, кирдорҳои пасташро давом додан гирифт.

Сара- сардори автобаза ҳамеша Мадудро ба сафарҳои дарозмуддат фиристода, худаш ҳамроҳи Ғамза айшу ишрат мекард. Боре Мадуд корҳояшро зуд ҷо ба ҷо карда, аз муҳлати муайянгашта зуд баргашту шабона занашро дар бистараш дар оғӯши сардораш дарёфт, ӯ Сараро зери мушту лағат кашиду Ғамза аз фурсати муносиб истифода бурду гурехт.

Рӯзи дигар ӯ мошинашро бурда супориду бо хоҳиши худаш аз кор рафт, бо Ғамза танҳо баъди як ҳафтаи ин воқеа рӯ ба рӯ шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки хонаро холӣ кунад. Аммо ғарию пештозӣ гуфтагӣ барин, зани тардоман бо овози баланд гуфт:

- Хона ба номи ман аст, худат метавонӣ либосҳои бӯинатро гирифта, аз хона равӣ, вагарна ба судат мекашам ва барои тӯҳмат маҳбасат мекунанд.

Мадуд ба рӯи Ғамза туф карда, ба хонаи падару модараш баргашт ва чанд ҳафта чӯпон шуда, ба кӯҳу саҳро баромада рафт. Ҳавои софи кӯҳистону шилдирроси чашмаҳои поку зулол каме дарди дилашро шӯста бошанд ҳам, ишқи бузурги ба Ғамзаи фоҳиша доштаашро аз дилаш рӯфта натавонистанд.

Савораи аспи ҳавас

Ба Ғамза Худо дода буд, акнун озодона чӣ гунае, ки хоҳад, зиндагӣ мекард, ба гӯшаш на насиҳати падар мефориду на зориҳои бародар. Бо мардони айёши пулдор шинос шуда, ба қавли худаш кайф карда мегашт, аммо…

Як рӯзи баҳорон Ғамза бо Барчиной ном дугонаи мисли худаш бероҳа бо ду мард ба кӯҳ рафтанду ҳангоми бозгашт ба садама дучор шуданд. Ғамза ҷо ба ҷо ҳалок шуду, се нафари дигар ҷароҳатҳои вазинин бардоштанд.

Ин хабарро кассири колхоз Давлтаназар, ки барои додани пули чӯпонон ба кӯҳ рафта буд, ба Мадуд расонд ва ҷавонмард савори асп худро ба деҳа расонд. Ба ҷаноза нарафта бошад ҳам, аз дурӣ назорра мекард, ки чӣ гуна тобути Ғамзаро ба гӯристон бурда, дар баландие ӯро ба хок супориданд. Мадуд талх гирист, гиряи ӯро дида, модараш бо дилсӯзӣ гуфт:

- Гиря накун бачам, сиёҳпича он қадар зани бад набуд, вале меҳрубониҳои аз ҳад зиёди ту ӯро ба ин роҳ бурданд. Сиёсат надоштӣ бачам, Худо раҳматаш кунад, намедонам хок роҳаш медода бошад ё не.

Интиқом аз мурда

Хок роҳаш медода бошад…. Ин ҷумла дар сари Мадуд давр мезаду ӯ нақшаи интиқом аз мурдаи Ғамзаро мекашид… Чун шаб фаро расид, ӯ бели тезеро гирифта, оҳиста-оҳиста ба қабристон, ки дар наздикии хонаашон ҷойгир буд, раҳсипор гардид. Ба сари қабри Ғамза расид, он ҷо чароғи карасини мил-мил месӯхт, онро наздикони маита гузошта буданд аз рӯи расму русум.

Мадуд бо шитоб ба кандани қабр оғоз кард ва дар як соат хокро як тарафа карда, даҳони лаҳадро кушода, мурдаи кафанпечи Ғамзаро аз он берун баровард. Дар рушноии чароғи карасинӣ ва фурӯзонаки бо худ овардааш кафанро кушоду бадани шир барин сафеди ҳамсари собиқашро ба серӣ тамошо кард, ягон ҷояш осеб надида буд, танҳо як бари сараш кафида, аз гӯшаш хун мерафт, ҳатто кафанаш хунолуда буд.

ИНЧУНИН:

ГУЛҶАҲОН: МЕХОҲАМ БАРОИ ФАРЗАНДОНАМ САРПАНОҲЕ ГУЗОРАМ

Мадуд муддате ба чеҳраи сарду чун фағфур сафеди Ғамза нигариста гирист, ҳатто пойҳои сарду карахти ӯро бӯсид, лаҳзае аз кардааш пӯшаймон шуд, вале дигар вақти ӯро ба даровардану пӯшонидани гӯр набуд, аз ин рӯ мурдаро лаби қабр бараҳна гузошта, худаш ба хона баргашт.

Ҷавонмард ба ҳаммом даромада, сару танашро шӯст, белро низ шӯста тоза кард, калушҳояшро, ки онҳоро пӯшида, сари қабр рафта буд, ба канали аз назди хонаашон мегузашта партофта, гарди либосҳояшро афшонда, ба бистар баромад, алаккай субҳ медамид…

Даҳшати гӯшношунид…

Ғамзаро гӯр партофтааст! Ин овозае, буд, ки деҳаи Заркамарро он рӯз ларзонд, мардум сари роҳу кӯча туда-туда ҷамъ омада, ҳар касе ҳар чиз мегуфт. Як кас мегуфт, ки гӯр Ғамзаро барои фоҳишагияш роҳ надодаасту дигаре гиребони тавба гирифта, нақл мекард, ки ҳодисаи ягона нест, дар фалон ҷо низ гунаҳгореро гӯр роҳ надода буд.

Додарони Ғамза субҳ сари гӯр рафта, ин шармандагии гӯшношунидро дида, дарҳол мурдаи апаашонро зери хок карданду гуфтанд, ки ин кори дуздон асту дандонҳои тиллои апаашонро канда гирифтанд, хол он ки шонздаҳ дандони тиллои Ғамза дар ҷояш буданд.

Мардуми деҳа ним соли дароз дар бораи Ғамза ҳикоятҳо мебофтанд. Мадуд ба мақсадаш расид, бадномие, ки Ғамза дар зиндагияш дошт, пеши «аз гӯр партофтанаш» ҷаве арзиш надоштанд. Аз ин ҳодиса солҳо сипарӣ шудаанду ҳоло ҳам мардум ин воқеаро бо тарсу гиребонгирӣ ба ёд меоранд.

Мадуд пас аз ин воқеа зан гирифта соҳиби хонаву дари обод ва фарзандони зиёде шуда бошад ҳам, ба май дил баст. Ӯ ҳар гоҳ сари мастӣ чӣ гуна қасос гирифтанашро аз мурдаи Ғамза нақл мекунад, вале мардум ба ӯ бовар намекунанд…

Анҷом ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД