Arzon march 2024
Шавҳарам 3-талоқ доданашро инкор мекунад, вале...
2004

Салом! Ман як зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон мехоҳам ҳодисаи ба сарам омадаро нақл карда, аз хонандагони рӯзгордидаи сомонаи "Oila" маслиҳат пурсам.

Ман зани оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошам. Барои шавҳарам ман оилаи дуюм ба ҳисоб меравам.

Мудати 5 сол мо зиндагии ширин доштем, ҳамдигарро дӯст медоштем ва ҳурмату эҳтиром менамудем, аммо ба хушбахтии оилавиамон гӯё чашми бад расида, дар байнамон нофаҳмиҳо сар задан гирифтанд.

Аввалҳо бо ҳам гоҳ-гоҳ кам-кам баҳсу мунозира мекардем, баъдтар моҷароҳои лафзиамон бештар шиддат ёфта, байни ману шавҳарам ҷанҷолҳои оилавӣ сар задан гирифтанд.

Ҳамин тавр, аз байнамон ба қавле “гурбаи сиёҳ гузашта” бо ҳар баҳона бо ҳамдигар баҳсу даъво мекардагӣ шудем. Оқибат кор ба ҷое расид, ки як рӯзи наҳс ҳангоми ҷанҷоли навбатии оилавӣ шавҳарам худашро дошта натавониста ба сари ман дод зад: “Баро, зудтар аз хонаам даъф шав, 3 талоқаро додам!”.

Бо шунидаи ин сухан дунё дар назарам такорӯ шуд ва бо чашмони гирён фарзандонамро гирифта ба хонаи падару модарам рафтам, аммо аз байн як соат ҳам нагузашта, шавҳарам аз пасам расида омад ва ду пояшро ба як мӯза андохта талаб кард, ки хез, либосҳоятро пӯш, ба хонаи худамон меравем.

Ҳарчанд, мегуфтам, ки мардак, охир ту маро 3 талоқ кардӣ, дигар зиндагӣ карданӣ мо бо ҳамдигар мумкин нест, шавҳарам талоқи додаашро ба гардан нагирифта маро дуруғгӯй баровард ва қасам хӯрд, ки маро талоқ надодааст.

Ҳамин тавр “ман зану фарзанд бепартофтагӣ надорам” гӯён, шавҳарам маҷбуран маро боз ба хона овард. Аз он ҳодиса қариб як моҳ гузаштааст. Шавҳарам хеле меҳрубон шуда, кӯшиш мекунад, ки дили маро ба даст биёрад, вале ман хеле ошуфта ва парешон ҳастам. Худро гунаҳкор эҳсос мекунам.

Шабҳо бо ҳар баҳона аз чогаҳи хоб гурехта, кӯшиш мекунам, ки аз шавҳарам дур бошам, вале на ҳамеша ин кор ба ман даст медиҳад. Сарҳисоби зиндагиамро гум карда, чи кор карданамро намедонам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Зиндагии ману шавҳарам ҳалол аст ё зино ҳисоб мешавад? Шавҳарам 3 талоқ доданашро ба гардан намегирад, дар ин ҳолат ман бояд чӣ кор кунам?

У, аз ш. Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Фатво 2023-08-01, 12:48
Зиндагии шумо харомасту шумо 3 талок шудаед ё не аз муфтиёт пурсед хохари исломи кори харом касрати дорад хатман аз идораи фатво пурсед.зеро хамхобагии шумо зино хисоб мешавад.
Посух
Лола 2023-08-25, 13:33
Кургантепа
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Фатво 2023-08-01, 12:48
Зиндагии шумо харомасту шумо 3 талок шудаед ё не аз муфтиёт пурсед хохари исломи кори харом касрати дорад хатман аз идораи фатво пурсед.зеро хамхобагии шумо зино хисоб мешавад.
Посух
Лола 2023-08-25, 13:33
Кургантепа
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД