Fanta Citrus
Ҳаёти зан баъд аз бачапартоӣ
857

 

Зани ҳомиладоре дар орзуи тавлиди фарзанд асту мутаассифона ҳомиладории ӯ бо бачапартоии бармаҳал анҷом меёбад. Сабаб дар чист?

Момодояҳо ва духтарони касалиҳои занона рақамҳои ғамангезеро ба ҳисоб гирифтаанд: 10-20 фоизи ҳомиладории занҳо бо бачапартоии беихтиёрона меанҷомад. Дар бештари ҳолатҳо ин ҳодиса дар дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ рух медиҳад, ҳангоме, ки зани модаршаванда ё аз ҳомиладории худ дарак надорад ва ё нав аниқ намудааст. Сабаби чунин бачапартоии бармаҳал ин ноқисиҳои генетикии ҷанин мебошад, ки барои дуруст ҷойгир шудани ҷанин дар бачадон халал мерасонад. Ҳамзамон табиати сахтгир аз рӯи қонуну қоидаҳои худ амал карда истода махлуқоти заифу пастсифатро нест мекунад. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳои бачапартоӣ ин бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ мебошанд. Ба ғайр аз ин барои занҳои ҳомиладор, яке аз бемориҳои маъмул бо номи сурхакон (краснуха) хеле оқибатҳои нохушеро меоварад. Ба ин беморӣ занҳо бештар дар давраи аввали ҳомиладорӣ гирифтор шуда, он бисёр вақт ба бачапартоии зан оварда мерасонад. Инчунин резуси низоъ (резус-конфликат), яъне байни резуси манфии модар ва резуси мусбии ҷанин зиддият ба амал меояд, ки он хатарнок аст. Яъне организми зан бар зидди тифли худ моддаҳои махсусе истеҳсол намуда, ҷанинро ба бачадон тела медиҳад. Агар зан пештар бача партофта бошад, он гоҳ хатари такрор ёфтани он аз эҳимол дур нест. Бояд гуфт, ки ба ҳамаи сабабҳои бачапартоӣ нигоҳ накарда, духтурон қонунияти андӯҳовареро аниқ кардаанд, ки бо сар задани ҳар як маротибаи бачапартоии беихтиёрӣ хатари аз нав сар задани он ҳангоми ҳомиладоршавии навбатӣ ду баробар меафзояд. Дар таҷрибаи момодояҳо ва духтурони занона, ҳатто ҳодисаҳои на як бору ду бор, балки чандин маротиба рух додани бачапартоии зан ба қайд гирифа шудааст. Аз ин рӯ ҳамаи он ҳодисаҳои беихтиёрона анҷом ёфтани ҳомиладорӣ-ин барои занҳо бонги хатар аст. Бачапартоӣ барои занҳои модарнагашта шикасти бузургест.

Бештари 90 фоизи занҳои ин талафотро аз сар гузаронида, сахт рӯҳафтода мешаванд. Вале чӣ қадаре ки ин ҳодиса нангин набошад ҳам фаромӯш набояд кард, ки баъди бачапартоӣ зан метавонад фарзанди солимро таваллуд намояд.

Духтурони занона занҳоро аз ҳомиладории бармаҳали дуюмбора манъ месозанд. Бояд ки фосилаи вақти баъд аз бачапартоӣ ва ҳомиладории дигар ба ҳисоби миёна 6-12 моҳ бошад. Дар ин муҳлат ҳатман сабабҳои сар задани бачапартоиро аниқ кардан лозим аст. Вагарна ҳомиладори дигар метавонад ҳамин тавр нохӯш анҷомад. Аз ин рӯ ҳам зану ҳам шавҳар бояд, ки аз ташхиси духтурҳо гузаранд. Дар сурати аниқ гаштани касалиҳои сирояткунандаи, табобати ҳам зан ҳам шавҳар бояд дар як вақ гузаронида шавад. Барои бартараф сохтани эҳтимолияти бачапартоӣ, зан бояд пурра аз нӯшокиҳои спиртӣ ва сигоркашӣ даст кашида, ба корҳои сабуки ҷисмонӣ машғул шавад ва хӯроки дуруст истеъмол намояд.


Сабоҳат: Шавҳарам кӯчахандони хонагирён аст


Хӯрок бояд аз витамину микроэлементҳо бой бошад. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо маркази ташхиси бемориҳои занона мавҷуданд, ки ҳар як зан дар ҳолати зарурӣ метавонад ба он ҷо муроҷиат намояд. Фаромӯш накунед, ки табобати дурусту сари вақтӣ кафолати саломатии зан ва тифли ӯ мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2