Sebiston new 2024 october
Сабоҳат: Шавҳарам кӯчахандони хонагирён аст
3415

Дилам кулбори ғам аст, намедонам ба кӣ дарди дил кунам. Қалби бе ин ҳам дардманди волидонамро бо гиряву нолаҳои худ озурдатар кардан намехоҳам. Баъди андешаҳои зиёд тасмим гирифтам, ки ғаму андуҳамро ба шумо нақл мекунам, шояд андаке таскин меёбам.


Шавҳарам бисёр мардаки сергап, якрав, инҷиқ ва тундмиҷоз аст. Тамоми гапу кори аз рӯзи аввали тӯямон то кунун шуда гузаштаро сари ҳар қадам ба ёд оварда, маро таъна мезанад. Чунон сергап, чунон миҷинг аст, ки ҳатто занаки бесаводу хонашин ҳам чунин гапҳоро ба забон намеорад. Росташро гӯям, аз зиндагӣ бо ин марди занакфеъл безорам, вале хотири фарзандонам ночор сари кафида зери тоқӣ гӯён тоқат карда мегардам. Одамизод бе камбудӣ намешавад, хусусан дар ҷавонӣ кас бисёр хато мекунад. Маро ҳам волидонам дар 17 солагӣ ба шавҳар дода буданд ва аз рӯйи беақливу бетаҷрибагӣ баъзан ба хатогӣ роҳ медодам. Гоҳо аз хоб дер мехестам, ба гапи шавҳарам гапгардонӣ мекардам, вале рафта-рафта ин одатҳои бадро партофтам. Акнун аз уҳдаи тамоми кору бори хона мебароям, фарзандонамро хуб тарбия ва нигоҳубин мекунам, вале шавҳарам ҳамаи ҳамон гапу корҳоро мисли лентаи кино дар майнаи сараш сабт намуда, рӯзе нест, ки дар пешониям накашад. Сари ҳар қадам ту чунин гуфта будӣ, чунин карда будӣ, гӯён, маро истинтоқ мекунад ва дар бораи волидону бародаронам гапҳои носазо мегӯяд. Ин мардаки занакмиҷоз ҳатто ба язнаву янгаҳои ман кордор шуда, дар ҳаққашон буҳтон мебофад. Пайвандонам ба шавҳарам ягон бадӣ накардаанд, баръакс ҳамеша ба мо дасти ёрӣ дароз менамоянд ва дар ҳаққи аҳли оилаи шавҳарам суханҳои нек гуфта, маро насиҳат мекунанд, ки иззату эҳтироми хусуру хушдоманамро ба ҷо биёрам, шавҳарамро ҳурмат кунам… Намедонам барои кадом гуноҳашон шавҳарам сояи хешу табори маро аз девор тарошида дар ҳаққашон ин қадар бадгӯӣ мекарда бошад. Хушдоманам ба ҷойи он ки писарашро насиҳат кунад, баръакс ӯро балво дода, бештар шӯр меандозад. Аз зиндагӣ безор шудаам, чӣ кор карданамро намедонам. Асабҳоям пурра хароб шудаанду дигар гапи ин марди занакбашараро бардошта наметавонам.


ХИЗМАТГОРИ ҶОДУГАР


 

Қурбон:
Занам маро «чумо» карданист
Медонистам, ки аз дасти зани тирмизаки ман ҳама кор меояд, бо кормандони ҳафтаномаи шумо тамос гирифтанаш далели равшани ин гуфтаҳоянд. Ин қадар беақлиҳояш кам буд, ки ин аҷуза маро дар тамоми ҷумҳурӣ шарманда кардан мехоҳад. Сабоҳат маро инҷиқу эрка гуфта, инҷиқиҳои худашро фаромӯш кардааст. Умуман, рафтори аҳли хонаводаи онҳо ба ман писанд нест. Падару модари занам аз рӯзи аввал маро ҳам мисли дигар домодҳояшон «чумо» кардан мехостанд, вале ман аз зумраи он мардоне нестам, ки ба хусуру хушдоман хушомад зада мегарданд. Хусурам бо пулу молаш фахр мекунад, кару фари бачаҳояш ҳам дар осмони ҳафтум аст, вале ман онҳоро писанд намекунам. Апаҳову модари занам ҳар рӯз ба Сабоҳат занг зада ба ҳама кори оилаи мо бинӣ мехалонанд. Чанд бор онҳоро дар ҷояшон шинонда гуфтам, ки ба зиндагии мо кордор нашаванд. Дар кӯчаю паскӯча бо ман сард аҳволпурсӣ карда, обрӯйи маро дар назди рафиқонам рехтанашон кам набуд, ки боз духтарашон аз рӯйи ман шикоят кардааст. Сабоҳат чунин зиндагиву чунин шавҳарро намехоста бошад, фарзандонамро монда ба хонаи дадаҷони пулдораш равад, касе сади роҳаш намешавад. Очаи духтарзой намурдааст, худи пагоҳ як духтари очааш мучӣ накардаро ба хонаам набиёрам, номам Қурбон не!

Маслиҳати равоншинос:
Аз мазмуни мактубаш чунин бармеояд, ки Сабоҳат танҳо ба хотири фарзандонаш бо ин марди занмиҷоз тоқат карда истодааст, вагарна бо марде, ки пайваста бо заҳри забонаш дили занро озор медиҳад, сар дар як болин ниҳодан душвор аст. Аслан мардро аз зан бо хислату рафтори мардонааш фарқ мекунанд, вале мо дар симои шавҳари Сабоҳат ягон зарра мардонагиро надидем. Ба шумо хоҳари азиз, дар зиндагии минбаъдаатон сабру таҳаммулро таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД