Он рӯз селаи зоғон ба дарахтони сафедори акои Ҷумъабой нишаста, қар-қар гӯён садо баланд мекарданду аз садои гӯшхарошашон мардуми маҳалла ба ҷон мерасиданд.
Ҳамон ҳангом хабари телефони расид, ки Шоҳида қуввати бардоштани ҷароҳиро накарда, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Модар дар даст телефон карахт шуда, дар як дам пардаи сиёҳӣ пеши чашмонашро фаро гирифт.
Чанд лаҳза пас ҷасади беҷони духтари хонадон, Шоҳидаро рӯи даст бардошта ба ҳавлӣ дароварданд. Модар бо дидани ҷасади бе ҷони духтараш бе ҳуш шуда ба замин афтид ва оби дидааш шашқатор гашт.
Садои гиряву нола деҳаро фаро гирифт. Модар бо ҳазорон доду фиғон “Духтари абрӯсиёҳи оча, гули хонадони оча, арӯси гулгункафани оча”- мегуфту фарёд мезад. Сари ҳар қадам ба хешу ақрабояш нигоҳ карда мегуфт: “Тағоҷон манаҳашро набандед, духтарам зинда аст. Ӯ набояд мурад"...
ФАРҶОМИ ТАЛХИ УМРИ ШИРИНИ МИЖГОНА
Апаи Матлуба 2-маротиба манаҳбандро аз манаҳи духтараки аз сад гулаш як гулаш нашукуфтааш боз кард, аммо аз ҷасад садои намеомад.
Шоҳида 16-сол дошт. Гарчанде 5-сол боз аз ҳамсинфонаш ҷудо бошад ҳам, ин саҳар либосу чеҳраи ҳамсинфонаш ҳамаро парешонтар сохт. Ростӣ, хело манзараи ғайриоддӣ буд. Духтарони ҳамсинфаш бо либоси сиёҳ ва руймоли сафед, писарбачаҳо бошанд бо тоқи ва ҷомаву миёнбанд рӯи ҳавлии акои Боймуҳаммад оби чашмонашон мисли абри найсон аз рухсораҳояшон мешорид.
Шоҳида Раҳимова аз бемории саратони майнаи сар ранҷ мекашид. Ӯро 3-сол пеш дар пойтахт ҷарроҳи карда, моҳи октябри соли 2019 бори дуввум дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон бурда, ҷарроҳӣ намуданд, аммо ҳангоми ҷароҳӣ ҷон ба ҳақ таслим намуд.
Ҷасади беҷони ин духтараки нокмро дар деҳаи Хумгарони ш. Панҷакент бо нолаҳои ҷигарсӯз ба хок супориданд.