Дар маркази шаҳри Панҷакент Меҳрона ном духтараки 16-сола дар об ғарқ шудааст.
Дар ин бора субҳи имрӯз чанд нафар сокинони шаҳри Панҷакент ба хабарнигорони сомонаи Оила хабар доданд.
Аз сӯҳбати телефонии хабарнигори сомонаи Оила бо шоҳидон бармеояд, ки ин ҳодисаи нохуш дирӯз, таъхминан соатҳои 13-и рӯз ба вуқуъ пайвастааст. Меҳрона зодаи деҳаи Куктоши Панҷакент буда, ҳамроҳи хоҳаронаш ба маркази шаҳри Панҷакент ба хонаи холааш ба меҳмонӣ рафтааст. Се хоҳарон ҳамроҳи холаашон ба сайру тамошо баромада дар “Водазабор” оббозӣ мекунанд.
Меҳрона пас аз ду маротиба ба об даромада баромадан якбора ғарқ мешавад. Холааш хостааст ӯро наҷот диҳад, аммо ӯ низ қариб ғарқ шуда буд. Мардуми маҳаллӣ доду фиғони хоҳарони Меҳронаро шунида зуд ба имдод шитофтанд ва холаи Меҳронаро бо азобҳои алим аз об бароварданд, аммо аз марг наҷот додани ин духтараки 16-сола ба онҳо муяссар нагашт. Меҳронаи номурод, ки дар синфи 10-ум мехонд, дар байни амвоҷи пурталотуми об ҷони ҷавону ширинашро ба ҷонситон супурд.
Модари Меҳрона дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, баъди шунидани хабари марги фоҷиавии ҷигарбандаш бо чашмони гирёну дили хунчакон ба Ватан баргаштааст.
Ҷисми беҷони Меҳронаи 16-соларо дар рӯзи Ваҳдати миллӣ бо нолаҳои зор ба хок супурданд.