Имрӯз дар асре зиндагӣ дорем, ки ҷаҳонро бе интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан номумкин ва баъзан ғайриимкон аст. Бешубҳа, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастрасӣ доштан ба интернет дар рушди ҳунари дилхоҳ санъаткор нақши бориз дорад. Масалан, агар солҳои қаблӣ санъаткорон худро тавассути телевизион, радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба мардум мешиносониданд, ҳоло метавонанд, ки мустақилона дар дилхоҳ шабакаи иҷтимоӣ саҳифа кушоянд ва бо нашри навгониҳои ҳаёти худ сафи ҳаводорон ва обуначиёни саҳифаашонро зиёд кунанд. Мо тасмим гирифтем, ки 10 ситораи шинохтаи шабакаи Инстаграм аз Тоҷикистонро, ки берун аз марзи кишвар низ маҳбубият доранд, шинос кунем. Мутаваҷҷеҳи матлаби зер бошед!
Мадина Басаева, блогер ва модели ҷавону муваффақи тоҷик, зодаи шаҳри Душанбе буда, феълан дар шаҳри Маскав иқомат дорад. Ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари ҷаҳон мешиносанд. Шумораи обуначиёни Мадина дар шабакаи Инстаграм ҳоло сарҳади 2 миллиону 800 ҳазорро убур кардаанд. Чанде қабл дар Ҳафтаи мӯди Милан коллексияи либосҳои Хонаи мӯди «Dolce & Gabbana»-ро намоиш дода, намояндаи ин ширкати бонуфӯз интихоб гардид. Саҳифаи ӯ расмӣ аст ва маъмурияти Инстаграм аз ӯ дифоъ мекунад.
Меҳрнигори Рустам, овозхон ва оҳангсози ҷавони тоҷик, аз синни 5-солагӣ дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Саҳифаи Инстаграмаш зиёда аз 605 ҳазор обуначӣ дорад, ки на ҳамаи онҳо тоҷиканд. Аз Ҳиндустон, Амрико, Русия, Эрон ва дигар кишварҳо низ Меҳрнигорро мухлисӣ ва сурудҳояшро гӯш мекунанд. Ӯ донандаи 4-5 забон буда, дар саҳифаи Инстаграмаш низ бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ расму наворҳояшро пахш мекунад. Саҳифаи ӯ расмӣ аст ва маъмурияти Инстаграм аз ӯ дифоъ мекунад.
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик, ки ӯро дар хориҷ аз кишвар бо тахаллуси «Zu-Zu» мешиносанд. «Зу-зу» номи яке аз сурудҳои овозхон мебошад ва аз рӯйи нақли худаш, ӯро дар кӯдакӣ аҳли оила «Зу-зу» низ мегуфтаанд. Зодаи ноҳияи Фархор буда, соҳиби ду писар мебошад. Бештар сурудҳои халқӣ ва тӯёна месарояд. Шумораи обуначиёнаш дар шабакаи Инстаграм зиёда аз 570 ҳазор нафар мебошанд. Саҳифаи ӯ дар шабакаи Инстаграм то ҳол расмӣ нест.
Шабнами Сурайё, овозхони рақами 1 дар Тоҷикистон буда, маҳбубияташ аз Эрону Афғонистон то ба Амрикову Аврупо доман паҳн кардааст. Зодаи шаҳри Кӯлоб буда, духтари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва хоҳарбузурги овозхон Фарзонаи Хуршед мебошад. Соҳиби як духтар бо номи Шарифамоҳ аст. Шумораи обуначиёни саҳифаи Инстаграмаш 520 ҳазор нафар буда, ин шумора рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Саҳифаи ӯ расмӣ аст ва маъмурияти Инстаграм аз ӯ дифоъ мекунад.
Сабринаи Назрӣ, собиқ ровии телевизион, блогер, модел ва ҳунарпешаи тоҷик буда, яке аз чеҳраҳои шинохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чанде пеш саҳифаи Инстаграми худро, ки яке аз манбаъҳои даромадаш мебошад, бо сабабҳои номаълум аз даст дод ва хушбахтона, бо кӯшиши зиёд дубора барқарор карда тавонист. Ҳоло саҳифаи Инстаграми ӯ 470 ҳазор обуначӣ дорад ва ин шумора ба наздикӣ ба 500 ҳазор хоҳад расид. Саҳифаи ӯ дар шабакаи Инстаграм то ҳол расмӣ нест.
Сафина Ғоибова, модели ҷавон, иштирокчии озмунҳои зебоии дохилу хориҷ мебошад. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, иштирокчии озмунҳои «Face of Asia», «Miss Planet Grace 2017», «Топ-модель СНГ 2018» ва ғайраҳо мебошад. Дар чанде аз чунин озмунҳо ҷоиза низ ба даст овардааст. Дар охири соли 2019 Тоҷикистонро дар озмуни зебоии «Miss Intercontinental 2019» муаррифӣ кард. Дар саҳифаи Инстаграми ӯ зиёда аз 420 ҳазор нафар обуна мебошанд, ки қисми зиёди онҳо алоқамандони соҳаи мӯд ҳастанд. Саҳифаи ӯ дар шабакаи Инстаграм то ҳол расмӣ нест.
Фирӯза Ҳафизова, собиқ раққоса ва ҳоло овозхони эстрадаи тоҷик, миёни санъаткорон пурбаҳстарин овозхон ба ҳисоб меравад. Ҳар як суруду намоҳанги ӯ шӯреро миёни мардум мебарангезад. Ягона нафарест, ки ба шарҳҳои обуначиёнаш ҷавоб ва ба овозаву ҳангомаҳо вокуниш нишон медиҳад. Ҳоло саҳифаи Инстаграми ӯ наздики 390 ҳазор обуначӣ дорад. Фирӯза зодаи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) буда, соҳиби ду духтар аст. Саҳифаи ӯ дар шабакаи Инстаграм то ҳол расмӣ нест.
Манижа Сангин (Ҳамроева), овозхон ва оҳангсози ҷавон, зодаи шаҳри Душанбе буда, феълан дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ дорад. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии гуманитарии шаҳри Маскав мебошад. Саҳифаи Инстаграми ӯ ҳоло 385 ҳазор обуначӣ дорад. Аслан, овозхон шӯҳрати бештарро тариқи ҳамин шабакаи иҷтимоӣ ба даст овардааст. То ин дам ду албоми сурудҳояшро нашр кардааст. Саҳифаи ӯ расмӣ аст ва маъмурияти Инстаграм аз ӯ дифоъ мекунад.
Мадина Ақназарова, овозхони ҷавон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи шабакаи Инстаграм мебошад. Ӯ дар Русия зиндагӣ мекард ва ҳамагӣ чанд сол қабл баргашт. Баъди қадамҳои худро ба рӯйи саҳна гузоштан, бо эҳёи таронаҳои мондагор шӯҳрат пайдо кард. Саҳифаи Инстаграми ӯ дар як муддати кӯтоҳ соҳиби зиёда аз 370 ҳазор обуначӣ шуд. Саҳифаи ӯ дар шабакаи Инстаграм то ҳол расмӣ нест.
Ҷонибек Муродов, овозхони ҷавон ва писари Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов мебошад. Феълан дар шаҳри Хуҷанд кору зиндагӣ дорад ва бештари вақти худро дар баргузории консертҳо ва сайру саёҳат дар мамлакатҳои дигар мегузаронад. Саҳифаи Инстаграми овозхон наздики 350 ҳазор обуначӣ дорад, ки қисме аз онҳо мухлисони бурунмарзии Ҷонибек мебошанд. Саҳифаи ӯ расмӣ аст ва маъмурияти Инстаграм аз ӯ дифоъ мекунад.
Дар шоу-бизнеси тоҷик санъаткорони муваффақ кам нестанд, вале онҳо бо сабаби кам будани шумораи обуначиёни шабакаи иҷтимоии Инстаграмашон натавонистанд ба раддабандии имрӯзаи мо шомил шаванд.