Arzon march 2024
Сабринаи Назрӣ аз Шайх Аҳмад қасос гирифт ё...?
5311

Чанд рӯз пеш блогери ба қавли худаш “шинохта” –и тоҷик Рустам Ашуров дар ютуб-канали худ наворе пахш кард, ки боиси нигаронии тамошобинонаш гашт.

Дар барнома сарояндаи шинохтаи эстрадаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова ва блогерон Рафаел Гулов, Сулаймон аз Душанбе -медиа меҳмон буданд. Дар айни ҷӯшу хурӯши барнома, ки дар бораи шоу- бизнес гап мерафт, як нафар ҷавон аз толор худро Шайх Аҳмад муаррифӣ намуда, бо виқор нахӯди пеши қошуқ мешуду ба суҳбати онҳо ҳамроҳ гашта, нисбати маликаи “Инстаграм”, ровии беҳтарин ва бонуи саршиноси шабакаҳои интернетӣ Сабринаи Назрӣ чунин гуфт: “Обуначиёни Сабрина ҳамаш “накрутка”, либосу ҷавоҳироти қимматбаҳо ва мошини “иномарка”-и ӯ, иқа кару фараш аз куҷо? Аз реклама? Не может быт!”
Шайх Аҳмад бо таккабури зиёд нисбати ин бону суханони пасту баланд гуфта, болои баҳси эшон рӯған мерехт.


Сабринаи Назрӣ ва Баҳридини Сабур зану шавҳар шуданд?


Фирӯза Ҳафизова, баъди суханони Шайх Аҳмад, сабру тоқатро аз даст дода, Сабринаи Назриро пуштибонӣ мекард ва дороии ин бонуи интернетро меҳнати поку ҳалоли ӯ ҳисобида, мегуфт, ки Сабрина ҳар чӣ ба даст овард, бо меҳнати ҳалоли худаш ба даст овард.
Шайх Аҳмад аз пуштибониҳои Фирӯза Ҳафизова қонеъ нагашта, аз дур истода, ҳамоно суханони хушку холияшро давом медод.
Баъди тамошои ин навор, Сабринаи Назрӣ аз ин барнома нигаронӣ намуда, дар саҳифаи шахсии худ нисбат ба Шайх Аҳмад муроҷиат карда гуфтааст: “Ҷӯраҷон, ту рафтори номардона кардӣ ва ба иззати нафси ман ҳам расидӣ. Ё бо хоҳиши худат омада, дар барномаи Рустам бо ман рӯ ба рӯ гап мезанӣ ё мо бо ту дар додгоҳ вомехӯрем!”.
Як рӯз пас аз муроҷиати Сабрина дар интернет навори дастгир гаштани Шайх Аҳмад ба воситаи маводи мухаддир паҳн гардид. Кормандони ВКД ин ҷавони булбулбаёнро дар ҳолати истифодаи маводи мухаддир боздошт намуда, пушти панҷара кашиданд ва дар ҳақиқат номарду разил буданашро ба ҳамагон равшан карданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки душманони бону Сабрина пас аз дидани дастгиршавии Шайх Аҳмад сахт тарсида, дар аксҳояшон иқрор шуданд, ки бо Сабринаи нотарсу шуҷоъ ва шердил бозӣ кардан кори хато аст.
Ҳатто Рустам Ашуров аз Сабринаи Назрӣ дар видеои навбатияш узри зиёд хоста, ваъда кардааст, ки ин мушкилиро худаш рафъ мекунад ва Шайх Аҳмадро дар наздиктарин фурсат (агар бегуноҳ барояд) пайдо карда, ба ҷавобгарӣ мекашад ва хоҳиш кардааст, ки корро то додгоҳ нарасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД