Даричаи ошноӣ:
Сабринаи Мирзо 24-уми ноябри соли 1998 дар шаҳри Роғун таваллуд шудааст. Бурҷаш қавс, машғулияти дӯстдоштааш пухтани торт ва шириниҳо мебошад.
-Сабринаҷон, “захмае бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб” гуфтаанд бузургони мо, ана ҳамон захмае, ки тораҳои дили шуморо ба ларза оварда, ба дунёи зебои ҳунар кашид, чист?
-Дар шаҳри Роғун мактаби бачагонаи мусиқӣ фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро Абдулқосим Раҳимов бар уҳда доранд. Ана ҳамон марди нек аз байни хонандагони мактаб, ки овози хубтар доштанд, маро интихоб намуда, ба мактаби мусиқӣ буданд. Он вақт ман нав дар синфи 6-ум мехондам. Муддати як сол дар риштаи фортепиано таҳсил карда, навохтани ин асбоби нозуки мусиқиро омӯхтам, баъд бо хоҳиши модарам ба думбранавозӣ сар кардам.
-Муҳаббати санъати сарояндагӣ кай дар дилатон маъво гирифт?
-Ман аз аввал дар баробари навозандагӣ сарояндагӣ низ мекардам. Соли 2012 дар Кохи Ҷомӣ консерти ҳунармандони шаҳри Роғун баргузор гардид ва ман низ дар он барнома иштирок намуда, суруди ҳунарманди машҳури тоҷик Гулчеҳра Содиқова “Курташ гули най” –ро сурудам. Аҳли толор ин таронаро бо кафкӯбиҳои бардавом қабул карданд ва ҳамин боис гашт, ки меҳри санъат дар қалби ман бештар реша давонад.
-Гуфта метавонед, ки дар бадали 5 сол чанд тарона эҷод кардаед?
-Ростӣ, ман сурудҳои зиёде дорам, вале ягон бор шумораашонро ҳисоб накардаам. Шояд баъди дар як фитта гирд овардани таронаҳоям шумораашон аниқ шавад. (механдад)
-Бештар дар кадом мавзӯҳо суруд мехонед?
-Одатан дар ин синну сол аз ишқу муҳаббат месароянд, вале ман дар васфи модар, Ватан, Истиқлолият ва Тоҷикистони азизамон суруд хонданро дӯст медорам. Мавзӯи аксари таронаҳоям ватандорист.
-Сабринабону, худованд гили шуморо аз ҳунар сириштааст. Маҳорати навозандагӣ доред, оҳанг эҷод мекунед, суруд мехоҳед, вале дар тан либоси низомӣ доред. Чаро?
-Ман аз кӯдакӣ орзуи милиса шудан доштам. Медонистам, ки дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ансамбли бачагонаи “Сипар” фаъолият мекунад, аз ҳамин сабаб баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Академияи милитсия супурдам ва бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, муҳтарам Рамазон Раҳимзода дохил шудам.
-Сабринабону таронаҳоятон бисёр пурмазмунанд. Дар интихоби матни сурудҳо кӣ ба шумо кӯмак мекунад?
- Бештари сурудҳои ман аз ашъори Ниҳонӣ аст. Ман бо дили пур мегӯям, ки шеърҳои Ниҳонӣ мазмуни баланд доранд, чунки ҳар сурудеро, ки аз ашъораш сароидаам, ба дили шунаванда роҳ ёфтааст. Дар интихоби матни сурудҳо устодам Амрохон Раҳимов ба ман мадад мерасонанд. Он кас завқи баланд доранд ва дар интихоби либоси саҳнавӣ низ ба ман маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
-Ҳолатҳое шудааст, ки матни интихоб кардаи шуморо устодатон қабул накарда бошад?
-Матн не, вале як оҳанги эҷодкардаамро, ки ба кадом оҳанги дигар монандӣ доштааст, қабул накарданд. Ин ҳолат танҳо як маротиба рӯй дода буд ва он вақт ман дар синфи 10-ум мехондам. Аз сабаби он ки дар шаҳри Роғун норасоии кадрҳо вуҷуд дошт, ба сифати омӯзгори мусиқӣ дарс гуфта, дар баробари ба бачаҳо ёд додани нозукиҳои санъат донишу малакаи худро низ хеле такмил додам. Хеле шодам, ки шаш шогирд тайёр кардаам. Вақте ки шогирдонам дар телевизиони кӯдаконаи Баҳористон баромад мекунанд, ҳунари онҳоро дида, бисёр хушҳол мешавам.
-Дар оянда, агар зарурати байни санъат ва касби асосиатон якеро интихоб кардан пеш ояд, чиро интихоб мекунед: саҳна ё кор дар мақомоти милитсия?
-Кори милитсия душвор аст, вале ман касбамро сахт дӯст медорам. Бовар дорам, ки то охир дар ин соҳа мемонам. Дар дилам орзуи муфаттиш шуданро мепарварам. Мехоҳам дар оянда ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи ҳуқуқшиносӣ супурда, нозукиҳои ин касбро омӯзам.
-Дар баробари навохтану сурудан боз ба чӣ шавқу ҳавас доред?
-Ҳар як зан сарфи назар аз он ки чӣ касбу ҳунар дорад, бояд аз уҳдаи кору бори хона ва пухтупаз барояд. Ман дар вақтҳои холигӣ бештар бо пухтупаз машғул мешавам, махсусан пухтани тортро дӯст медорам.
-Худатон кадом намуди тортро дӯст медоред?
-Торти сникерс хеле мазаи хуб дорад. Ба ин торт донаи бодом андозед, боз ҳам бомазатар мешавад.
-Тасаввур кунед, ки шумо дар хона машғули пухтани торт ҳастед ва дар ин вақт занг зада мегӯянд, ки бояд дар консерт иштирок намоед. Дар ин ҳолат чӣ кор мекунед?
-Албатта вазифаи аввалиндараҷаи ман иҷро кардани супориши роҳбариат аст. Бинам, ки то пухтани торт 10-15 дақиқа мондааст, аввал онро пухта тамом мекунаму баъд давида ба консерт меравам, дар акси ҳол тортро баъди анҷоми консерт мепазам.
-Аз дар даромада модаратонро ғамгин бинед, чӣ кор мекунед?
-Мо дар оила чор нафар ва ман фарзанди сеюм ҳастам. Азбаски табиатан духтари шӯхам, ҳамин ки аз дар даромадам, ҳазлу шӯхиро сар карда, ҳамаро механдонам. Хотири модарам аз ягон чиз озурда бошад, суруди “Модар”-ро замзама мекунам. Модарам ин сурудро бисёр дӯст медоранд.
-Чор мисраашро барои мо месароед?
Беғамии модаронро ман таманно мекунам,
Чунки бо модар ҳамеша қадр пайдо мекунам.
Модарам, ин гавҳари ноёб зи ҳар боми ҷаҳон,
То ки ҳастам, меҳри покашро ба дил ҷо мекунам.
-Ҷавоне пайдо шавад, ки шуморо самимона дӯст дорад, вале барои идома додани фаъолияти ҳунариатон монеъ гардад, ишқашро қабул мекунед ё не?
-Ҳамин шабу рӯзҳо, агар чунин ҷавон пайдо шавад, рад мекунам, чунки айни замон ман дар фикри ба шавҳар баромадан нестам. Дар сурати ба шавҳар баромадан албатта ба гапаш гӯш мекунам, чунки вақте зан дар никоҳи мард аст, бояд мувофиқи табъи шавҳараш рафтор намояд.
-Сабринабону, мо ба шумо ҳам дар ҷодаи касбу ҳунар ва ҳам дар ҳаёти шахсиатон барору комёбиҳо таманно дорем. Муваффақ бошед!
Маҳинаи Давлат