Умед Шатаков, ҳунарманди ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Истанбули Туркия зиндагӣ ва фаъолият дорад, барои чанд муддат ба шаҳри Душанбе баргаштааст.
Ин ҷавони тоҷик 7-уми апрели соли 1994 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Литсейи шаҳри Кӯлоб мебошад. Ҳамчунин, ӯ Донишгоҳи давлатии Салчуқи шаҳри Қунияи Туркияро дар риштаи иқтисод хатм кардааст. Падари Умед қариб тамоми умр дар зиндони занонаи шаҳри Норак кор карда, ҳоло нафақахӯр аст. Модараш дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият дорад. «Ман дар Донишгоҳи давлатии Салчуқ риштаи иқтисодро хатм кардаам ва заррае дар фикри ҳунарманд шудан набудам. Бо даъвати як дӯстам дар силсилафилми «Як ҳадис» нақши дарвешро бозидам ва аз ҳамон ҷо роҳи ман ба сӯйи синамо боз шуд»,-мегӯяд, Умед Шатаков. Ӯ зиёдтар аз мӯйлаби худ миннатдор аст, ки бо шарофати он ба синамои турк роҳ ёфт, зеро ба гуфтаи худи ҳунарманд талабот ба ҳунарманди ришу мӯйлабдор дар Туркия хеле зиёд аст.
Умед бори аввал соли 2018 дар даҳ қисми силсилафилми «Як ҳадис» нақш офарида, баъдан аз Қуния ба Инстанбул кӯчид ва ҳамон ҷо ба фаъолияти худ идома бахшид. Соли 2019 бошад, дар ду филми дигар «Қасам» ва «Салом, зебо Ватанам!» иштирок кард, ки нахустнамоиши филми «Салом, зебо Ватанам!» охири соли гузашта бо иштироки шаҳрдори шаҳри Истанбул ва кулли ҳунармандони филм баргузор гардид. Умед ваъда дод, ки ҷиддан ба кор машғул мешавад ва дар ояндаи наздик филме меофарад, ки Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷа боз ҳам муаррифӣ созад. Ӯ алҳол дар фикри оиладоршавӣ нест ва пайваста ба кори худ машғул аст. Дар соли 2020 низ барои сабти чанд филм аллакай қарордод ба имзо расонидааст, вале аз гуфтани онҳо худдорӣ кард. Имрӯз дар кишвари мо зиёд филмҳои туркӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда, тамошобинон низ кам нестанд, вале ҳеҷ яки мо дар бораи ҳунарнамоии ин ҷавон хабар надоштем.