arzon replenishment
Фарангиси дунё: “Дуздӣ” ҳам ҳунар аст!
3803

-Фарангис, аксари сарояндаҳои мо пеш аз сароянда шудан раққоса буданд…

-Мақсадатонро фаҳмидам. Ман пеш аз сароянда шуданам раққоса набудам, агар бовар накунед, метавонед аз дӯстонам пурсед. (механдад)

Ман хатмкардаи факултаи менеҷменти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ҳастам. Дар бахши вилоятии ТВ-Сафина журналист шуда кор кардаам.
-Журналист бошед, хуб медонед, ки дуздии эҷодӣ ҳам дуздӣ аст...
-Шумо суруди “Гули роз”-и маро дар назар доред?
-Қурбони аҳли фаҳм шавам!
-Ман ба ин андешаи шумо розӣ нестам. Санъату забон сарҳад надорад. Ҳар кас, ки қобилият дорад, метавонад дилхоҳ сурудро дубора сарояд. Зиёда аз 50 нафар суруди «Азизи дилам Зулайхо»-ро сароидаанд, қариб нисфи сарояндаҳои туркзабон “Чак-чаки борони баҳор»-и моро копихонӣ намуданд, чаро касе онҳоро «дузд» намегӯяд? Ногуфта намонад, ки на ҳар кас аз уҳдаи «дуздӣ»-и эҷодӣ мебарояд. Сарояндаҳое, ки суруди дигар миллатро ба гӯши мардуми худашон дилнавозу ширин расонида метавонанд, хеле кам, ангуштшуморанд.


Ҷавонмарди зебою сарватманд Фаста Ардуч, ки аслан албанӣ буда, дар Туркия зиндагӣ мекард, тирамоҳи соли 1987 ҳамроҳи ҳамсари нозанинаш Артвин, ки ҳамон шабу рӯзҳо ҳомиладор буд.

Id3eF6HNA1Jmk79iSrmyKqk8NWwMleXwfjVkkPGc



-Ҳамаи таронаҳоятон копихонианд?
-Не, байнашон як-ду суруди копияхонӣ ҳаст, вале бештари таронаҳоям моли худи ман ҳастанд. Аниқтараш, махсус барои ман эҷод шудаанд.
-«Ман» мегуфтагӣ сарояндаҳо ҳам иқрор мешаванд, ки бидуни сарпараст дар ҷодаи санъат кор пеш намеравад...
- Эҳе, агар ман сарпараст медоштам, клипҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сабт мекардам! Афсӯс, ки на сарпараст дораму на касе, ки дастамро бигирад. Ҳар чи меофарам, танҳо бо қувваи худам меофарам. Аз ҳамин сабаб барои баровардани як клип хеле заҳмат мекашам.
- Орзуе доред, ки ҳадафи зиндагиатон бошад?
-Орзуҳоям хеле зиёданд, вале танҳо орзу кардан кам аст. Барои амалӣ гаштани орзу бояд талош намуд. Кӯшиш ба харҷ надиҳӣ, ҳеҷ гоҳ ба муроди дилат намерасӣ.
-Фарангис, росташро гӯед, карера бароятон муҳимтар аст ё оила?
-Албатта ман муҳимияти оиларо инкор карданӣ нестам, аммо ҳоло бояд эҷодиётамро равнақ диҳам.
-Раваду ягон ҷавонро аз таҳти дил дӯст доред, барои ӯ шуда саҳнаро тарк мекунед?
-Ишқ ҳам неъмати Худованд аст ва ин на ба ҳар кас муяссар мегардад. Хушбахт касест, ки дард ва нишоти ишқро чашидааст, аммо барои ман ҳоло ба ин савол ҷавоби аниқ додан бисёр кори душвор аст.
-Маълум, ки аз саҳна дил канда наметавонед?
-Умедворам, ки ҷавони писандидаам аз ман чунин қурбониро талаб намекунад. (механдад)
-Барои мухлисонатон чӣ таманно доред?
-Сарбаланду хонаобод ва ҳамеша дӯстдори сурудҳои Фарангис бошанд!

Суҳбаторо: Фарангиси Фармон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД