Субҳи имрӯз як гурӯҳ ситораҳои эстрадаи кишвар аз қабили Хайриддини Шариф, Фотима Машрабова, Зайнура Пӯлодова, Қурбон Алиев, Суруш Холов ва ровии шинохта Сабринаи Назрӣ ба шаҳри Дубай парвоз карданд.
Мақсади сафари онҳоро як нафар дӯсташон бидуни овардани ному насабаш қайд кард, ки ин ҳунармандон кисаҳояшон пур шавад, дар куҷо сарф карданашонро намедонанд. Давр даври онҳо. Дар ин замона Худованд ба сарояндаҳо додааст. Пули ёфтаашонро давлат ба давлт гаштану кайфу сафо кардан ёфтаанд. Ба шаҳри Дубай рафтанашон низ нишони серпулияшон аст. Онҳо ба Дубай на танҳо барои тамошо балки дар ин биҳишти рӯи дунё клипҳояшонро сапт кардан рафтагистанд.
Ин сафари ситораҳоро Сабринаи Назрӣ сафари аввалини гурӯҳӣ меномад ва дар шабакаи Инстаграми худ хабар додаст, ки сафари Дубай гуруҳӣ сурат мегирад ва онҳо бо навгониҳои зиёд баъди як моҳ пас ба ватан бармегарданд.
Ситораи Кароматулло сарояндаи машҳури кишвар ба хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ гуфт, ки маро низ дар рӯихати гуруҳӣ шомил карда буданд. Бинобар сабаби тифли хурдсол доштанам рад кардам ва худо хоҳад духтарчаам Моҳрӯ калонак шавад, на танҳо ба Дубай, балки саросари дунёро давр хоҳам зад.
Дӯстмурод Шарипов аз ин сафар бехабар монда мегӯяд. "Ба ман дертар хабар доданд, вагарна ҳамроҳи Рӯзибеку Хайриддин ман низ ба Дубай мерафтам. Онҳо барои пинҳони бехату хбар рафтанашон ҷавоб хоҳанд гуфт"!