Ман аз шавҳарам панҷ сол калон бошам ҳам, зӯран ба гардани Исмат бор нашудаам. Вай ба қавли худаш маро сахт дӯст дошта монду ба фарқияти синну сол нигоҳ накарда ба хонаамон хостгор фиристод.
Пеш аз тӯй чанд маротиба аз назди Исмат гузаштам, ки ман аз ту панҷ сол калон ҳастам, боз модарат ту аз писари ман калон будаӣ гуфта таъна назанад, вале вай қасам болои қасам мехӯрд, ки пайвандонаш ба зиндагии мо дахолат нахоҳанд кард. Ба қавлу қасамаш розӣ шуда бо умеду орзуҳои ширин қадам ба остонаи хонаашон гузоштам, вале аз рӯзи аввал тарбуз аз бағалам афтид. Тахминам рост баромад, хушдоманам маро худаш келин карда бошад ҳам, ҳеҷ ба ман рӯйи хуш надод, ки надод. Аз рӯзи нахустини зиндагиам дар ин оила ин кампир пӯстинашро чаппа пӯшида, мудом аз таги нохун чирк кофта мегардад. Дар ҳама гапу корам ягон камбудӣ ёфта, шавҳарамро маҷбур мекунад, ки ҷавоби маро дода, мисли саг аз дарашон берун кунад. Аз оне, ки ба ҷавони аз худам хурд ба шавҳар баромадам, сад бор пушаймон ҳастам, вале дигар оби рехтаро бардошта намешавад, чунки мо аллакай соҳиби як фарзанд ҳастему ман боз ҳомиладорам. Чанд маротиба бо балвои модараш шавҳарам ба сарам мушт бардошта, маро заду қаҳр карда ба хонаи модарам рафтам. Ният доштам, ки ҷудо шуда, нафаси осуда мекашам, вале шавҳарам боз аз пасам кашола шуда зориву таваллокунон маро баргардонд. Ба овардан меораду баъди чанд рӯз боз ба гапи модараш даромада, лагадкӯбам мекунад. Ҷонам ба лабам расидааст, дигар тобу тоқати чунин зиндагии сагонаро надорам. Мехоҳам тариқи сомонаи Оила ба Исмат бигӯям:
-Мардак, дар вақташ ту ба ман чӣ ваъда дода будӣ? Гуфта будӣ, ки як тори мӯйи маро бо ҳазор духтари хушгили 18-сола иваз намекунӣ. Калон буданамро дидаву дониста, маро ба занӣ гирифтӣ, имрӯз бошад, ба гапи очаву хоҳаронат гӯш дода, маро озор медиҳӣ. Як бори дигар ба сарам мушт бардорӣ, дигар на зиндаамро мебинию на мурдаамро меёбӣ!
ДНК: 9-фарзанди Қаҳор аз марди ҳамсоя будааст
Исмат: Ман зани мепартофтагӣ надорам!
Ман занамро дӯст дошта гирифтам, барои ҳамин синну солаш бароям аҳамият надошт. Зулфия панҷ сол калонтар бошад ҳам, зиндагиамон аввалҳо ширин буд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир ҳамсарам бисёр инҷиқу асабӣ шудааст, ҳеҷ бо модарам соз намегирад. Дар байни ду соҳил монда чӣ кор карданамро намедонам, тарафи модарамро бигирам, занам меранҷад, ҳамсарамро пуштибонӣ кунам, модарам занкалон гуфта маро таъна мезанад. Занамро дӯст медорам, вале ба хотири ӯ модарамро ранҷонда наметавонам. Азбаски ҳамсари ман дарди дилашро ба шумоён гуфтааст, ман ҳам мехоҳам бо воситаи «Оила» ба Зулфия бигӯям:
-Зулфияҷон, азизакам, ману ту бояд андешаи фарзандонамонро карда, роҳи муросо биҷӯем. Медонам, ки модарам баъзан аз ҳад мегузаронанд, вале ту бояд сабр кунӣ. Илтимос, ба гапҳои модарам аҳамият надеҳ, рафта-рафта кампир аз аспи ҷаҳл мефарояд ва Худо хоҳад, келини дӯстдоштааш мешавӣ. Ҳар қадаре ту якравӣ мекунӣ, модарам ҳамон андоза туро бад мебинад. Сабаби асосии туро чап гирифтани модарам синну солат аст. Мефаҳмӣ, дигарон ӯро балво медиҳанд, ки писарат зани пир гирифтааст. Мардуми қишлоқро худат медонӣ-ку, аз пашша фил сохтанро дӯст медоранд. Ту ҳар рӯз қаҳр карда ба хонаи модарат рафтан гирӣ, душманонамон болу пар бароварда, оташи низоъро аланга додан мегиранд. Ману ту бояд тавре зиндагӣ кунем, ки забони душманон баста шуда, дигар дар ҳақамон гап наёбанд. Биё минбаъд ба балвои атрофиён диққат намедиҳем. Касе чизе мехоҳад гуфтан гирад, ман зани мепартофтагӣ надорам!
Маслиҳати равоншинос:
Дар таърихи инсоният бузургони зиёдеро мисол овардан мумкин аст, ки бо зани аз худашон калонсол издивоҷ намуда, хушбахт гаштаанд. Аз ҷумла пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад (с) аз завҷаашон Хадича 20 сол хурд буданд ва рӯзгори осоишта доштанд. Имрӯз мо шоҳиди он мешавем, ки дар сари ҳар қадам духтаракони ҷавонро ба шавҳар медиҳанду баъди чанде ин ҷавонзанҳо тифл дар батн ё дар даст ба хонаи падару модарашон бар мегарданд. Барои он ки як духтари 17 ё 18 сола ба зиндагии оилавӣ тайёр шавад, камаш 10 сол ҳам худу ҳам шавҳарашро азоб медиҳад, бо зани боақл бошад, зистан хеле осон аст. Аз ҳама муҳимаш шавҳараш Зулфияро дӯст медоштааст. Муҳаббат ганҷи бебаҳоест, ки Худованд ба ҳар кас насиб намегардонад. Муҳаббатро бояд мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кард. Мо ба хоҳари азиз сабру таҳаммул карданро маслиҳат медиҳем. Албатта дар муҳити пурмоҷаро зистан хеле душвор аст, вале агар келин пуртоқат бошад, модаршӯяшро ҳурмату эҳтиром кунад ва муносибати нек намояд, хушдоман оқибат хатои худро фаҳмида, меҳрубон мешавад.