Arzon march 2024
Асрори ишқи шавҳари вертуалӣ  
4700

Даричаи ошноӣ
Ному насаб: Шактӣ Арора

Санаи Таваллуд: 16-05-1986
Макони таваллуд: Мумбай, Ҳиндустон
Касб: Ҳунарпеша кино 

Писар чӣ гуна, падар намуна

Ин ҷавони зебову боистеъдод 16-уми майи соли 1986 дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Шактӣ писари ҳунарпешаи шинохтаи Болливуд Чандра Шекхар мебошад, ки номаш аз соли 1954 дар олами синамо машҳур аст. Шекхар дар зиёда аз 112 филм нақш офарида, мухлисони зиёде дорад, аммо ин ҳунарманди машҳур ду фарзанд дошта бошад ҳам, танҳо писараш роҳи падарро идома дода, духтараш тамоман ҷодаи дигарро интихоб намуд...

Бачаи болаёқат

Шакти ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ошиқи филмҳои ҳиндӣ буда, ба синамо ва ҳаёти ҳунарпешаҳо таваҷҷуҳи хоса дошт. Писарак ҳеҷ аз тамошои филмҳои Амир Хон сер намешуд. Шактии хурдакак аз бобояш дарси урду ва пашту мегирифт, бар замми ин, тез-тез ҳамроҳи падараш ба киностудия рафта, маҳорати актёрӣ меомӯхт. Волидайн талоши ӯро дида, аз он ки писари ягонаашон роҳи падарро давом додан мехоҳад, хеле хурсанд мешуданд ва кӯшиш менамуданд, ки ба ӯ ёрӣ расонанд. Шактӣ дар ҷавоб ба боварии онҳо сазовор буданашро нишон дода, аз қадамҳои аввалинаш дар ҷодаи синамо муваффақ гашт....

Таронаи муҳаббат

Шакти дар зиёда аз 20 филм нақш офаридааст, вале номи ин ҳунарманди ҷавонро Кунал Малхотра аз силсилафилми "Pavitra Rishta" ва Ранвир аз силсилафилми “Лишь ты моя любимая” вирди забони хурду калон гардониданд. Нигоҳи ҷаззоб, дили раҳмгин ва ҷасорату мардонагии Ранвир тавонист ба риштаҳои дили нозуки ҳазорон хонумҳои ошиқи филмҳои ҳиндӣ нохун занад. Дар асоси филми мазкур чандин клипҳо ба навор гирифта шуданд ва ишқи Ишониву Ранвир мавзӯи дӯстдоштаи сарояндагон гашт. Мувофиқи статистикаи интернетӣ клипи Ишониву Ранвир ба рӯйхати клипҳои аз ҳама зиёд тамошобиндошта ворид гаштааст...

Домоди серхаридор

Шактӣ борҳо барои иҷрои беҳтарин нақши мардона ва беҳтарин нақши ошиқона соҳиби ҷоиза гаштааст. Вай образи ҷавони ошиқро чунон табиӣ ва бомаҳорат меофарад, ки дили кас обу адо мешавад. Ҳамин аст, ки ҳазорон зебосанамҳо дар ишқи ин ҷавони зебои хушқаду қомат сӯхта, ба ӯ номаҳои бешумори ошиқона менависанд, аммо...

Овозаҳо дурӯғанд

Қиссаҳои ошиқӣ гирди номи Шакти зиёданд. Борҳо дар расонаҳои даврӣ овоза паҳн гашта буд, ки байни ӯ ва ҳамкасби ҷавону зебояш Радхика, ки нақши Ишониро бозидааст, муносибатҳои ошиқонаву маҳрамона ҷараён доранд, вале ҳунармандон ин овозаҳоро рад карданд. Дӯстдорони филм бисёр мехостанд, ки онҳоро бо ҳам бубинанд ва бо роҳҳои гуногун Шактиро бо Радхика пайвастанӣ мешуданд, аммо кӯшишҳояшон самар надод. Дар асл байни ин ду ҳунарманди ҷавон ба ҷуз дӯстӣ чизе нест ва буда ҳам наметавонад, зеро дили Шактиро кайҳо боз паричеҳраи дигаре рабудааст...

Маликаи дили Шакти кист?

Шактӣ ҳанӯз соли 2010 ҳангоми банаворгирии Tere Liye бо Некха Саксена шинос шуда, бо як нигоҳ ошиқи зори ин фаришта гашт. Ишқи ин ду ҷавон дар тӯли 8 сол аз оташу об гузашта, тамоми санҷишҳои қисматро пушти сар кард. Онҳо дар тӯли ин солҳо якдигарро хеле хуб омӯхтанд ва новобаста аз он, ки борҳо аз ҳам дур шуда буданд, дарк намуданд, ки барои ҳамдигар офарида шудаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ишқи ҳақиқиро вақт ва дурии масофа ҳаргиз кушта наметавонад. Оқибат пас аз дурию ҷудоиҳои зиёд Шактӣ ва Некхаи нозанин оқибат моҳи апрели 2017 тӯйи зебое ороста, риштаи ҳаёташонро бо ҳам пайвастанд, аммо...


Бечора бачаҳоям дар хоб ҳам тухму мурғро медидагӣ шуданд. Хаёл мекардам, ки шабҳо кӯдакон мисли чӯҷаҳо садо мебароранд. Ҳа, ногуфта намонад, чой дам карда метавонам.

 


Шавҳари вертуалӣ

Ин ҷуфти хушбахт имрӯзҳо дар алоҳидагӣ аз паси фатҳи қуллаҳои баланди синамо буда, аз рафти ҳаёту фаъолияташон мухлисони хешро тавассути саҳифаҳои иҷтимоиашон огаҳ месозанд. Расман зану шавҳар бошанд ҳам, онҳо ҳамдигарро хеле кам мебинанд, агар Шактӣ дар Мумбай бошад, Некха дар Амрико аст, ҳамсараш дар хона бошад, ӯ дар Олмон ё ягон шаҳри дури дигар аз паси офаридани нақш дар ин ё он филм овора шуда, моҳҳои дароз ба манзилаш омада наметавонад. Онҳо тавассути Инстаграм ҳамдигарро бо иду ҷашнҳо табрик карда, изҳори муҳаббат менамоянд ва ҳамеша таъкид мекунанд, ки фосилаҳо ишқашонро пурзӯртар месозанд. Некха баъзан нимшӯхию нимҷиддӣ Шактиро “шавҳари вертуалии ман” меномад, вале касе аниқ гуфта наметавонад, ки ин лақаб дарди дили занро нишон медиҳад ё танҳо як ҳазли зебо аст.

Шаҳло Ниёзова

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД