Sebiston new 2024 october
Ранвир ва Ишони ошиқу маъшуқанд?  
3265

 

Даричаи ошноӣ

Ному насаб: Радхика Мадан.

Лақаб: Чот, Тотта ва Ишу.

Санаи таваллуд: 1-05 -1995.

Макони таваллуд: Деҳли, Ҳиндустон.

Касб: Ҳунарпеша, раққоса.

Вазн: 53 кг.

Қад: 160 см.

Духтари шаҳрӣ

Ин зебосанами чашмоҳу 1-уми майи соли 1995 дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ ба дунё омадааст. Падараш Суҷит Мадан бозаргон ва модараш Нури Мадан рассом аст. Радхика Арҷун ном бародари аз худаш калон дорад, ки айни замон дар Канада умр ба сар мебарад. Духтари шаҳрӣ бошад ҳам, вай аз кӯдакӣ бисёр заҳматкаш буд ва ягон лаҳзаи умрашро беҳуда намегузаронд. Ҳамин талошҳояш буданд, ки мактабро бо баҳои аъло хатм намуда, бо донишу қувваи худаш ба коллеҷи омӯзгории Хесуса ва Мери дохил шуд. Радхика ин боргоҳи илму адабро бо сари баланд хатм кард, вале тақдир ӯро бо роҳи дигар бурд...

Шавқ, агар дар дил биҷӯшад...

Радхика зери таъсири модари санъаткораш аз кӯдакӣ зебопараст ва ҳунардӯст ба воя расида, мухлиси ашаддии ҳунарпешагони нотакрор Рабин Капур ва Карина Капур буд. Вай ҳамеша ба ин ду ситораи хеле дурахшони Болливуд такя мекард ва билохира ҳамин меҳри кӯдакона Радхикаро ба олами синамо овард. Ҳусну ҷамоли беназирашро дида, дар аввал ӯро танҳо ба роликҳои рекламавӣ даъват мекарданд, аммо баъд ин зебосанам худро ҳамчун актрисаи бомаҳорат нишон дода, оҳиста-оҳиста мавқеъ пайдо кардан гирифт. Акнун ин паричеҳраро на танҳо дар Ватанаш Ҳиндустон, балки дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ мухлисони филмҳои ҳиндӣ хеле хуб мешиносанду дӯст медоранд.    

“Лишь ты моя любимая»

Аз ҳама филми машҳуртарине, ки Радхика дар он нақш офаридааст, сериали “Лишь ты моя любимая» мебошад. Тавассути ин филми пурмоҷарои ошиқона ин актрисаи ҷавону зебо азизи дили ҳазорон-ҳазор мухлисони синамо гашт. Дар ин филм Радхика нақши қаҳрамони асосӣ Ишониро мебозад. Филм бисёр ҷаззоб буда, на танҳо дар сар то сари Ҳиндустон мухлисони сершумори худро пайдо намуд, балки бо забонҳои русӣ ва форсӣ тарҷума шуда, тавассути чандин шабакаҳои машҳури телевизионӣ намоиш дода шуд.



Бо ин ҳама Гулбаҳор Ғаффорова розҳои зиёди нокушода дорад, ки то кунун ба касе нагуфтааст. Имрӯз бори аввал ин бонуи зебою ҳозирҷавоб, ки ба як уқёнуси бе ҳаду канор монанд аст, асрори зиндагиашро ба муштариёни сомонаи ОИЛА-ТЧ мекушояд.





Силсилафилми “Лишь ты моя любимая» дар Тоҷикистони мо низ мухлисони сершумори худро дорад ва ҳар шом дар бисёр оилаҳои тоҷик аҳли хонаводаҳо сарҷамъ нишаста, онро бо шавқ тамошо мекунанд, аммо...

Чаро намоиши филмро манъ карданд?

Ин зебосанами поксиришт ва зебосурат бо офаридани образи Ишони на танҳо дили ҳазорон ҷавонписаронро ба даст овардааст, балки дили духтарони зиёдеро низ тасхир намудааст. Имрӯз дар аксари кишварҳо духтаракони ҷавон ба ӯ пайравӣ карда, мӯю рӯяшонро ба мисли Ишони ороиш медиҳанд. Таъсири Ишони ба тамошобинон ба андозае бузург буд, ки дар ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон намоиши филми мазкурро аз шабакаи телевизионии “Ёшлар” пурра манъ карданд. Гап дар сари он аст, ки бо ҳино ороиш додани дастон ва ба гӯшу гардан овезон кардани ороишот баъди тамошои ин филм дар байни духтарони ӯзбек мӯд шуд. Ҳукуматдорон ба таҳлука афтида, намоиши ин сериалро манъ карданд, то пеши роҳи ворид шудани фарҳанги бегонаро ба кишвари худ бигиранд ва дигар духтарон ба Ишони пайравӣ накунанд...

Ҳусни худодод

Радхика Мадан дар зиндагӣ низ ба мисли қаҳрамонҳои филмҳояш зебову поксиришт аст. Рангҳои дӯстдоштааш сафед ва сабз буда, ҳусни табииро меписандад. Вай мисли дигар ситораҳо аз бе ороиш дар назди дурбини журналистон баромад кардан намеҳаросад, зеро табиат ба ӯ чашмони оҳумонанди барқсон ва бисёр чеҳраи зебову дилкашро ато намудааст. Ин актрисаи ҷавон тарзи ҳаёти солимро ба худ шиор намуда, бар хилофи одати ситораҳои Болливуд тамоман нӯшокиҳои спиртӣ наменӯшад.

Як гулу сад харидор

Дар бораи ҳаёти шахсии Радхика чандон маълумоти бисёр нест. Фақат ҳамин қадараш аён аст, ки дар атрофи ин паричеҳраи ҳунарманд ҷавонони зиёде парвонавор давр мезананд. Ошиқонаш аз мӯйи сараш бештар бошанд ҳам, ин зебосанам ишқи касеро қабул намекунад. Радхика ба сӯзу гудози ин ҳама Маҷнунҳои навбаромад бо тамасхур менигарад, чунки айни замон дар дили ин фаришта барои ишқу муҳаббат ҷой нест...

Радхика ва Ранвир ошиқу маъшуқанд?

Пас аз сериали пурмоҷарои “Лишь ты моя любимая» овозае паҳн гашта буд, ки Радхика ва ҳамбозиаш Ранвир ошиқу маъшуқанд, аммо ҳунармандон ин сару садоҳоро рад карданд. Мухлисонашон бисёр мехостанд, ки ин ҷуфти зеборо дар зиндагӣ низ якҷоя бубинанд, вале ин ду ҳунарманди ҷавон танҳо муносибатҳои дӯстона дошта, ҳамдигарро мисли бародару хоҳар ҳурмату эҳтиром мекунанд…



Ҳангоми банаворгирии “Дневники вампира” дар дили Йен нисбат ба ҳамбозиаш Нина Добрев оташи ишқ аланга зад. Вай бо тамоми ҳастӣ Нинаро дӯст медошт, вале ин зебосанам аз паси шуҳрат давида, майли оиладор шудан надошт. Танҳо бо ҳамин сабаб ин қиссаи пур аз меҳру муҳаббати ошиқона ба зудӣ ба анҷом расид ва баъди як сол ин ҷуфти зебо аз ҳам ҷудо шуданд.



 

Тӯй барпо намегардад, зеро…

Ҳарчанд вақтҳои охир Радхикаро бо дӯстписараш Ишан Ария зиёд бо ҳам мебинад, вале боз ҳам гапу хабари тӯй нест, зеро ин паричеҳра тамоми қувваташро сарфи ҳунараш намуда, мехоҳад қуллаҳои баландтарро фатҳ намояд. Мақсади Радхика ба пояи Айшвария Рай ва Карина Капур расида, бо ситораҳои дурахшонтарини Болливуд баробар шудан аст.

Мо ба ин фариштаи оҳучашм барор мехоҳем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД