Arzon march 2024
Жасмин-зане, ки 3-сина дорад
4195

 

Як сокини Амрико барои машҳур шудан, ҷарроҳии пластикии даҳшатнокро аз сар гузаронидааст.Тибқи гуфтаи ин зан, ки Жасмин Трайдвилл ном дорад, барои соҳиби синаи сеюм шудан ӯ беш аз ҳафт ҳазор доллар сарф кардааст.

Дар яке аз сомонаҳои интернетӣ моҷарои зани се синаро инъикос намуда, чунин навишта буданд:

“Духтаре ба хотири орзуи деринаашро ҷомаи амал пӯшондан ба тамоми ҷарроҳони машҳури дунё муроҷиат кард, то ӯро ҷарроҳии пластикӣ намуда, соҳиби се сина гардонанд. Ин хоҳиши ғайри одии ӯро беш аз 50 мутахассис рад карда, гуфтанд, ки ин амал ғайри қобили қабул аст, аммо духтарак навмед нашуда, ҷустуҷӯро давом медод. Билохира, ҷарроҳе пайдо шуд, ки гузаронидани чунин ҷарроҳии ндир ва хатарнокро бар дӯш гирифт...”

Худи Жасмин мегӯяд, яке аз қаҳрамонҳои филми фантастикии Арнолд Швартснегер «Вспомнить всё», ки се сина дошт, ӯро водор намудааст, ки ҷарроҳӣ кунад.

Ёдрас мешавем, ки соли 2012 низ дар Амрико як духтари дорои се сина ғулғула афканда буд. Дар ҷашнвораи ҳарсолаи Comic-Con, ки дар Сан Диего баргузор мешуд, духтаре бо исми Кетлин Либ таваҷҷӯҳи мардумро   ба худ ҷалб кард. Кетрин дар ремикси "Вспомнить всё” бо ҳамроҳии Колин Фаррелл, Кейт Беккинсейл ва Ҷессика Биал нақши занеро, ки се сина дошт, мебозид.

Пас аз ин филм хабарнигорон ба Кетлин Либ “ҳамла карда” мехостанд бидонанд, ки ӯ воқеан се сина дорад ё не.

Колин мегӯяд:

“Бисёри одамон дар ҷашнвораи Comic-Con аз ман мепурсиданд , ки оё барои синаи сеюм ҷарроҳӣ кардаам? Ман ҷавоби рад дода, онҳоро боз ҳам бештар дар ҳайрат мегузоштам...”


-Тағоҳои ман бисёр буданду лекин аз дасташон бало ҳам наомад. Хайрият, ки панди падари бузургворамро бар гӯш гирифта, ба умеди “тағо” ва тағобозӣ нашудам, вагарна дар зиндагӣ ба чизе ноил намегаштам...

 


Баъди муддате маълум шуд, ки номи ин духтар дар асл Алиша Гесслер буда, синаи сеюмашро дар асл бо роҳи ҷарроҳии пластикӣ ба даст овардааст. Синаи сеюми Гесслер фактура буда, барои ин ҷарроҳии пластикӣ беш аз 50-ҳазор доллар сарф намудааст.

Қаблан дар ВАО иттилоъ дода буданд,ки як духтари ҷавон тасмим гирифтааст чунин ҷарроҳиро барои тарсондани ҷинси муқобил анҷом диҳад. Полиси шаҳри Тампа дар фурудгоҳ бағоҷи ӯро кофтукоб карда, аз он протези синаи сеюмашро пайдо намуда буданд. Ин духтари маккора синаи сеюмашро ба осонӣ ба бюсгалтераш мечаспондааст. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times хабар додааст.

Аҷибаш он аст, ки ҳатто пас аз пайдо шудани далелҳо дар бораи синаи сунъии ин духтар аксари амрикоиҳо ба ин бовар накарда, мегӯянд ин гап дуруғи маҳз аст ва дар асл синаҳои ӯ сунъӣ нестанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД