arzon replenishment
Зани гирифтори СПИД тифли солим ба дунё меорад, агар…
1793


Гуфтугӯи ошкоро дар бораи вируси норасогии масунияти одам (ВНМО ё худ ВИЧ) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ ё худ СПИД)
Ҳафтаномаи «Оила» бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ ва расонидани кӯмаку машварат ба нафароне, ки оиди бемориҳои ВНМО ва БПНМ маълумоти кофӣ надоранд, дар се шумораи охирини худ дар мавзӯҳои «Сирояти ВНМО аз БПНМ чӣ фарқ дорад», «ВНМО ва БПНМ ба саломатии инсон чӣ хатар доранд?», «Оё ВНМО аз шахси сироятёфта ба шахси солим бо дастфишорӣ, оғӯшгирӣ ва бӯсакунӣ мегузарад», «Оё танҳо нашъамандон ё занони танфурӯш гирифтори ВНМО мешаванд?» ва «Агар баъд аз гузаштани ташхиси ВНМО натиҷаи таҳлил мусбӣ бошаду сирояти ВНМО маълум шавад, чӣ бояд кард?» ба шумо маълумотҳои мухтасару лозимиро пешниҳод намуд.

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» мо тасмим гирифтем, ки мавзӯҳои зеринро аз қабили «Оё аз модари гирифтори ВНМО метавон тифли солим ба дунё ояд?», «Аз сирояти ВНМО пурра шифо ёфтан мумкин аст?» ва «Шахсони гирифтори сирояти ВНМО чӣ гуна умр ба сар мебаранд?» баррасӣ намуда, ба шумо маълумоти мухтасарро пешниҳод намоем.

Оё аз модари гирифтори ВНМО метавон тифли солим ба дунё ояд?
Қисми зиёди бонувони сироятёфта аз бемории худ ҳангоми ҳомиладорӣ бохабар мешаванд. Аз ин лиҳоз, хеле муҳим аст, ки бонувон сари вақт ба машваратгоҳҳои тиббӣ рафта, худро дар қайд гузоранд ва аз ташхиси лозима гузаранд, он гоҳ имкони таваллуд намудани тифли комилан солим вуҷуд дорад.
Ҳангоми дарёфт шудани зани ҳомилаи мубталои ВНМО аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо мақсади пешгирӣ намудани сироятёбии тифл аз модари гирифтори ВНМО чораҳои фаврӣ андешида мешаванд. Ҳангоми истеъмоли доруҳо ва риоя намудани реҷаи истеъмоли он сарбории вирусӣ дар организми зан паст гардида, хатари сироятёбии кўдак аз ВНМО хеле паст мегардад. Зани мубталои ВНМО агар ҳангоми ҳомиладорӣ доруҳои зиддиретровирусиро сари вақт истеъмол накунад, хатари сирояти ВНМО аз модар ба кўдак 30-40%-ро ташкил медиҳад. Дар сурате, ки зани ҳомила тамоми усулҳои табобат ва амалиётҳои пешгирикунандаи сироятёбии тифлро риоя намояд, ин хатар тахминан 2%-ро ташкил медиҳад. Имрўзҳо бо ташаббуси Ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии фарогирии табобати пешгирикунанда барои занони ҳомила дар сатҳи баланд қарор дорад.
Тавлиди тифли солим хушбахтии ҳар як оилаву ояндаи дурахшони насли ҳар яки мост. Солимии тифл аз саломатии модар вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, занони ҳомиларо лозим аст, ки дар оғози ҳомиладорӣ фавран аз ташхис гузашта, барои ба дунё овардани тифли солим кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Аз сирояти ВНМО пурра шифо ёфтан мумкин аст?
Аз бемории ВНМО ба пуррагӣ шифо ёфтан мумкин нест, вале онро тавассути табобати зиддиретровирусӣ назорат кардан мумкин аст. Табобат инкишофёбии сирояти ВНМО-ро ва ба марҳилаи гузариш ба БПНМ-ро бозмедорад, зеро микдори вирусро дар хун то марҳилаи номуайян паст месозад. Бо шарофати ҳамин, хатари сироят ёфтан аз вирус кам шуда, инчунин хатари афзоиш ёфтани бемориҳои хамрадиф кам мешавад ва масунияти одам ба дараҷае барқарор мешавад, ки организм мустақилона бар зидди бемориҳои зиёди сироятӣ мубориза бурда метавонад.
Айни замон барои муолиҷаи ВНМО табобати зидиретровирусӣ вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи он зарари вирус дар организм боздошта мешавад. Шахсе, ки табобати мазкурро қабул мекунад, авҷгирии беморӣ дар ҷисмаш қатъ гардида, саломатиаш барқарор мешавад. Аммо ин табобат вирусро аз организми инсон нест гардонида наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо гуфта метавонем, ки ВНМО табобатнашаванда бошад ҳам, аммо идорашаванда аст.
Тамоми амалиётҳои табобати ВНМО, аз ҷумла, дорувориҳо дар кишвари мо ройгон аст. Дар сурати аз рӯи нақша табобат кардану маҳв сохтани вирус нафарони бемор метавонанд мисли нафарони солим умр бубинанд.

Шахсони гирифтори сирояти ВНМО чӣ гуна умр ба сар мебаранд?
Дар ҳақиқат дар ҷомеа муддати дароз нисбати нафароне, ки бо сирояти ВНМО зиндагӣ мекунанд, назари хуб надоштанд. Сабаби чунин амали одамон дар он буд, ки аксарият дар бораи ВНМО ва БПНМ маълумоти кофӣ надоштанд. Мубориза бо табъиз (дискриминация) ва тамғагузорӣ (стигма) имрӯз аз ҳукумат диққати хосаро ҷалб намудааст. Шахси гирифтори ВНМО ҳуқуқи зиндагии осоишта ба сар бурданро дорад.
ВНМО барои бокортаъминкунии шахси бемор монеа шуда наметавонад. Вале намояндагони баъзе касбу кор ҳатман аз ташхиси ВНМО гузаронида мешаванд. Инҳо ҳамшираҳои тиб, табибон, кормандони нуқтаҳои хунгирӣ ва кормандони илмие ҳастанд, ки фаъолияташон бо омодасозӣ ва коркарди дорувориҳои масунияти бадан алоқамандӣ дорад.
Ҳамзамон кӯдаки гирифтори ВНМО ҳуқуқи дар мактаб ё донишгоҳ таҳсил карданро дорад.
Бо беморони гирифтори ВНМО ҳаёти маҳрамона доштану тифл ба дунё овардан мумкин аст. Дар сурати риоя намудани реҷаи қабули дорувориҳо миқдори вирусро дар моеъҳои биологии одам паст карда, аз шахси бемор ҳангоми алоқаи ҷинсӣ сироят наёфтан мумкин аст, вале истифода намудани рифола барои нафарони гирифтори ВНМО ҳатмӣ аст.
Нафарони гирифтори сирояти ВНМО парҳези махсус надоранд ва метавонанд мисоли афроди солим ғизо тановул кунанд. Қоидаи асосӣ истеъмол намудани хӯроки серғизо ва дорои сафедаи зиёд аст.
Одамоне, ки табобати зидиретровирусӣ мегиранд, метавонанд дар муддати тӯлонӣ солим бошанд, тарзи ҳаёти солимро давом диҳанд ва мисли одамони ба ВНМО гирифтор набуда зиндагӣ кунанд, чунки доруҳо дар организм афзоиши вирусро бозмедоранд. Табобати зиддиретровирусӣ миқдори вирусро дар хун паст мекунад ва ин боиси пешгирии интиқоли вирус ба шахси дигар мегардад.

Умедворем, ки аз маълумотҳои пешниҳоднамудаи мо дар бобати табобат ва пешгирӣ намудани бемориҳои ВНМО ва БПНМ ба саволҳои худ посухи даркорӣ пайдо намудед ва минбаъд дар асоси тавсияву ҳушдорҳои маводҳои дарҷнамудаи мо амал намуда, ҳаёти худ ва наздиконатонро дар хатар намегузоред.

Агар Шумо ба ин дард дучор гардида бошед, метавонед ба марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД