Helvetas - Hukuki Man
Суҳбати ошкоро оид ба ВНМО/БПНМ(қисми 2)
719

(қисми2)
Гуфтугӯи ошкоро дар бораи вируси норасогии масунияти одам (ВНМО ё худ ВИЧ) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ ё худ СПИД)

Сабабҳои пайдоиш, пешгирӣ ва табобати бемории ВНМО ва БНМО яке аз мавзӯҳои доғи рӯз буда, ҳар як фарди ҷомеаро лозим аст, ки дар бораи ин бемориҳо маълумот дошта бошанд. Ҳафтаномаи «Оила», ки бештар мавзӯҳои мушкилоти хонаводагиро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад, дар ин кори хайр ба шумо кӯмак расонидан мехоҳад. Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи «Оила» мо дар мавзӯи «Сирояти ВНМО аз БНМО чӣ фарқ дорад» ва «ВНМО ва БНМО ба саломатии инсон чӣ хатар доранд?» ба шумо маълумот дода будем. Мавзӯи навбатии мо «Роҳҳои сироятёбӣ аз бемории ВНМО» буда, мо мутмаинем, ки шумо баъд аз мутолиаи он ба саволҳои бешумори худ посух ёфта метавонед.

Оё ВНМО аз шахси сироятёфта ба шахси солим бо дастфишорӣ, оғӯшгирӣ ва бӯсакунӣ мегузарад?

Роҳҳои сиротяёбӣ аз ВИЧ кадомҳоянд?

Дар ҷомеаи мо вақте мефаҳманд, ки нафаре гирифтори ВНМО гаштааст, аз ӯ ҳазар намуда, ҳатто ҳангоми саломкунӣ бо шахси бемор бӯса намекунанд, ҳамроҳаш аз як табақ хӯрок намехӯранд, ба хонаи худ роҳ намедиҳанд, ҳамроҳаш ҳамкорӣ намекунанд ва умуман худро аз нафари сироятёфта дур мегиранд. Эҳтимол шумо низ нафареро аз атрофиёни худ медонед, ки гирифтори ВНМО гаштааст ва саволҳои мазкур шуморо низ ба ташвиш меорад. Донистан мехоҳед, ки ВНМО бо кадом роҳҳо сироятпазир асту бо кадом роҳҳо сироятпазир нест? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед.

Аслан, миқдори бештари вирус дар таркиби хун, манӣ (сперма), тарашшуҳоти маҳбал ва шири модаре, ки сироят ёфтааст, вуҷуд дорад. Дар сурате, ки хун, манӣ, тарашшуҳот ё шири шахси бемор бо хун ё пардаҳои луобии шахси солим омехта гардад, эҳтимоли сироятёбӣ вуҷуд дорад.

3 роҳи сирот ёфтан аз ВНМО-инфексия инҳоянд:

Алоқаи ҷинсии бе рифола

Ҳатто як маротибаи алоқаи ҷинсии бе рифола метавонад боиси сироятёбӣ гардад. Хатари сироятёбӣ дар ҳолатҳои вуҷуд доштани инфексияҳои бо роҳҳои ҷинсӣ гузаранда ва бемориҳои илтиҳобии узвҳои ҷинсӣ зиёдтар мегардад.

Эҳтимоли сироят ёфтан аз марди бемор ба зан нисбатан зиёдтар аст назар ба сироят ёфтани мард аз зани бемор.

Қайд кардан ба маврид аст, ки рифола низ шахсро 100% (фисад) аз бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда эмин дошта наметавонад, аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки марду зан ба муносибатҳои маҳрамонаи тасодуфӣ роҳ надиҳанд.

Сироятёбӣ тавассути хун

Сироятёбӣ дар сурати истифода бурдани сӯзандоруҳои нашъамандӣ ба вуҷуд омада метавонад, ки дар ин ҳолатҳо вирус ба хун мегузарад.


Инак, фарқи сирояти ВНМО аз БПНМ дар чӣ аст ва он ба саломатӣ чӣ гуна хатар дорад?

 


Роҳи дигари бо хун сироят ёфтан холкубӣ (татуировка) ва пирсинг аст, ки бо таҷҳизоти тамизнашуда ба вуҷуд меояд.

Хунгузаронӣ ё аз як нафар ба нафари дигар бо роҳи ҷарроҳӣ пайванд кардани узвҳои ҳаётан муҳим. Бояд қайд намуд, ки имрӯз донорҳо ҳатман аз ташхиси ВНМО-инфексия мегузаранд ва ин роҳи сироятёбӣ аз байн комилан бурда шудааст.

Аз модари бемор ба кӯдак

Беморӣ ҳангоми ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуди фарзанд ва ҳангоми синамаконӣ аз модар ба кӯдак метавон гузарад.

Оё ВНМО бо бӯса сироят мекунад?

Инак, бемории ВНМО бо роҳҳои зерин сироятпазир нест:

Истифодабарии зарфҳои умумӣ, ҳоҷатхона, дӯш ё бистари хоб.

ВНМО ҳангоми оғӯшгирӣ, бӯсакунӣ ва дастфишорӣ сироят намекунад.

ВНМО аз арақи бадан ва ашк сироятпазир нест.

ВНМО ҳангоми сулфа, атсазании шахси бемор, инчунин аз неши ҳашарот сироятпазир нест.

Агар шумо қоидаҳои дар боло қайд намудаи моро риоя намоед, хатари аз ВНМО сироят ёфтанатон маҳдуд мегардад. Тавре мегӯянд: «Эҳтиёт ними ҳаёт» аст! Ва фаромӯш насозед, ки ВНМО тавассути оғӯшгирӣ, бӯсакунӣ, дастфишорӣ, арақи бадан, ашк, сулфа, атсазании шахси бемор сироятпазир нест ва шумо метавонед бо шахси сироятёфта ҳамроҳ кору зиндагӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД