arzon replenishment
Бозори ҳаррӯза ва «Сипоснома»-и бахши кор бо занон
6829
Бозори ҳаррӯза ва «Сипоснома»-и бахши кор бо занон

Дар давоми амалишавии лоҳаи «Ҳамсоя» роҷеъ ба инъикоси рӯзгору фаъолияти сокинони наздимарзӣ, аз ҳисоби тоҷиктаборони муқими Қирғизистон ва қирғизтаборони муқими Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш дар мавриди 2 сокини алоҳида матлабҳо омода шуданд.

Бо мусоидати роҳбарияти ноҳияи Лахш ба мо муяссар гашт, ки як барномаро дар ҳудуди бозори “Сомон – Саидбурҳон” ва барномаи дуюмро дар деҳаи Навбунёди ноҳия ва мактаби деҳа сабт намоем.

Дар рӯзи аввал вақте ки мо аз Душанбе ба Лахш барои сабт рафтем, аз сабаби оне, ки сафари мо ба рӯзи ғайрикорӣ дар бозор рост омад (бозор танҳо рӯзи ҷумъа фаъол аст), бо мусоидати роҳбарияти ноҳия маъмурияти он соҳибкоронро даъват кард, ки дӯконҳои худро кушода, барои сабти барномаи якум шароит муҳайё кунанд. Баъди андаке интизорӣ қисми зиёди тоҷирон мағозаҳояшонро боз карданд ва марҳилаи сабт анҷом ёфт.

Дар раванди сабти барнома сокинон барои харид кардан меомаданд ва барояшон ҷолиб шуд, ки чаро дару дӯконҳо дар рӯзи ғайрикорӣ бозор кушода аст.

Мушоҳида шуд, ки теъдоди харидорон дар дигар рӯзҳо ҳам зиёд будааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти бозор пас аз ин барнома тасмим гирифт фаъолияти онро ҳамарӯза кунад ва ҳоло дарҳои бозор ҳар рӯз ба рӯи мардум кушода аст. Вале савдои бештар дар рӯзҳои ҷумъа мешавад.

Дар ин бозор ҳоло тоҷикону қирғизтаборон паҳлӯи ҳам хариду фурӯш мекунанд. Он ҳудуди 80 дӯкон дорад ва онҳо миёни намояндагони ин ду миллат тақсим шудаанд.

Рӯзи дигар бо мусоидати шуъбаи маорифи ноҳия барои сабти барномаи дуюм ба деҳаи Навбунёди ноҳия, ки аз марказ хеле дур буд, сафар кардем. Барои сабти қисмати картошкапарварӣ ба заминҳои хоҷагии деҳқонии қаҳрамон рафтем.

Қаҳрамони ин матлаб Чинигул Сафарова буд, ки ҳамчун кишоварзи хуб, човандози моҳир ва омӯзгори таҷрибадор ном баровардааст. Ӯ дар мактаби деҳа аз фанҳои дақиқ дарс мегӯяд ва ҳамзамон, аз соли 2002 роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Умед”-ро бар уҳда дорад.

Баъди пахши барнома ва нашри матлаби он дар ҳафтаномаи “Оила” таваҷҷуҳи мақомот ва аҳолӣ ба рӯзгори онҳо афзуду қаҳрамони мо аз ҷониби Бахши кор бо занони ноҳия бо «Сипоснома» қадрдонӣ шуд.

Ҳарду нашри барнома бандубаст шуда, дар ютуб-канали Oila.tj ва шабакаҳои иҷтимоии он нашр шуданд. Аз рӯи шарҳҳо дида мешавад, ки ҷомеа чунин матлабҳоро хуш мепазирад, зеро онҳо баъди хастагии тӯлонӣ аз муноқишаҳо зиндагии шоистаи ду миллатро дар канори ҳам дида, хушҳолӣ мекунанд.

Қаҳрамонони мо дар вақти сабт эҳсоси шодӣ мекарданд, ки дар бораи рӯзгори онҳо чунин барномаҳо сабт шуда, тасаввуроти ғалате, ки дар мавриди шароити зиндагиашон пайдо шудааст, аз байн меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД