arzon replenishment
Дилгармии Чинигули қирғизтабор ба кору зиндагӣ дар куҳистони Тоҷикистон
6276

 

Новобаста аз вазъи сиёсӣ ва низоъҳои байнимарзӣ нафароне ҳастанд, ки Тоҷикистонро сахт дӯст медоранд. Аз ҷумла, дар миёни қирғизтаборон одамоне зиндагӣ мекунанд, ки тақдир онҳоро сокини Тоҷикистон кардааст.

Рӯзгори онҳо ба таври гуногун ҷараён дорад, аммо шаҳрванди Тоҷикистон будану маҳз дар ин ҷо зиндагӣ кардан онҳоро муттаҳид месозад.

кампирак

Чинигул Шарипова аз ҷумлаи чунин нафарон аст. Ӯ қирғизтабор буда, дар деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Лахши Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вай баъди хатми мактаб дар соли 1986 бояд ҳамшира мешуд, аммо муваффақ нашуд. Чинигул мегӯяд аз ин шод аст, зеро ҳадафаш омӯзгор шудан буд, на табибӣ.

“Вақте ки мактабро хатм кардем, дугонаҳоям хостанд, ки якҷоя ҳамшира шавем. Ман аслан инро намехостам, вале ба хотири нашикастани сухани дӯстонам ҳамроҳашон рафтам. Чун имтиҳон супоридем, ҳамаи онҳо ба истиснои ман донишҷӯи Омӯзишгоҳи тиббӣ шуданд. Ман шукр кардам, ки дохил нашудам”, - гуфт Чинигул.

Соли 1987 ӯ бо марде аз ҳамтаборони худаш оиладор шуд. Баъди як соли зиндагӣ аз хонаи волидони шавҳар ҷудо шуда, ҳаёти мустақилро шуруъ карданд. Чинигул бо дуои шавҳар ҳуҷҷатҳояшро ба Филиали Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ғарм дар ноҳияи Лахш супорида, таҳсил кард. Замони таҳсил аллакай соҳиби 2 фарзанд буд.

Баъди хатм дар як “вагон” мактаб ташкил карда, ба фаъолияти омӯзгорӣ камар баст. Сипас, бо роҳбарии ӯ дар бинои собиқи совхози деҳа мактаби ибтидоӣ ташкил карданд. Он замон ҳамагӣ 10 хонанда доштанд. Бо мурури замон аҳолии деҳа меафзуду талабот ба мактаб бештар мешуд ва хонандагон баъди хатми зинаи ибтидоӣ барои идомаи таҳсил бештар аз 6 км роҳро пиёда тай мекарданд.

“Ман вақте аҳволро дидам, ба хулосае омадам, ки рафта, маълумотамро олӣ мекунаму мактабро миёна, чунки хонандагон бисёр азоб мекашиданд, махсусан дар рӯзҳои хунуки зимистон. Аз ин рӯ, дар Донишкадаи омӯзгории Рашт маълумоти дуюм гирифтам. Ҳамзамон, сарвари мактаби ибтидоии деҳаи Навдиёр будам”, - нақл кард вай.

Чинигул – омӯзгор ва кишоварз

 кампиракааа

Соли 2012 мактаби онҳо аз шакли ибтидоӣ ба миёна табдил ёфт ва азоби хонандагон ба поён расид. Ҳоло Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №45-и деҳаи Навдиёр соҳиби 60 хонанда аст.

Мудир

Ширинмоҳ Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш гуфт, Чинигул аз ҷумлаи камтарин омӯзгорони қирғизтабор аст, ки наздик ба 20 сол сарварии муассисаеро бар уҳда дошт, ки бо талошу заҳматҳои худаш ташкил кард ва ҳоло чун омӯзгори собиқадор он ҷо фаъолият мекунад.

“Чинигул муаллимаи сахтгир аст. Ҳамчун модари хуб, кишоварзи хуб, човандози хуб ва омӯзгори хуб ном баровардааст. Мактабро ҳоло духтараш роҳбарӣ мекунад ва худаш ҳамчун муаллимаи таҷрибадор аз фанҳои дақиқ дарс мегӯяд”, - гуфт Шарифзода.

Бар иловаи омӯзгорӣ Чинигул аз соли 2002 роҳбари хоҷагии деҳқонии “Умед” аст. Соли 2021 хоҷагии онҳо соҳиби гранти президентӣ дар самти картошкапарварӣ шуд. Вай гуфт, миёни қирғизтаборон аз нафарони ангуштшуморест, ки соҳиби Гранти Президенти Тоҷикистон шудааст. Дар доираи грант онҳо парвариши таҷрибавии навъҳои гуногуни картошкаро ҳамчун тухмӣ ба роҳ монданд. Вай бархе аз хоҷагиҳоро бо тухмии хушсифат таъмин мекунад.

“Ман хурсандам, ки соҳиби грант шудам. Акнун дар доираи ин лоиҳа кишти картошкаамро иваз кардам. Пештар агар 1 намудро мекоридам, ҳоло 3 намуд картошка мекорам ва бар замми ин, бисёр хоҷагиҳои дигарро бо тухмӣ таъмин мекунам”, - гуфт Чинигул Шарипова.

Таҷрибаи кишти картошка дар заминҳои онҳо борҳо мавриди омӯзиши хоҷагидорони дигар навоҳӣ шуда, ҳайати соҳибкорону хоҷагидорони Суғду Хатлон чанд бор меҳмонашон буданд. Онҳо бештар навъи “кардинал”-ро мекоранд, ки чанд соли охир дар ноҳияи Лахш аллакай аз байн рафтааст.

Пирӯзӣ дар аспдавонӣ ва тарбияи фарзандон бидуни падар

Чинигул нақл кард, ки дар ҳама маврид асп ёвараш асту тамоми корҳои заминро-дорупошӣ, хишоба, обмонӣ, чидан ва бурдан то анбор-якҷоя анҷом медиҳанд. Васка (номи асп) баробар ба узви оилаашон аст. Ҳарчанд чанд бор аз болояш афтидааст, аммо меҳри ӯро аз дилаш берун карда натавонист. Падараш човандози маъруфи водии Рашт буд ва ҳеҷ гоҳ аз пойгаҳо бе дастовез ба хона наомадааст.

“Як вақт раиси ноҳияи Лахш дар арафаи Наврӯз байни занҳову мардҳо пойга ташкил кард. Аз Қирғизистон ҳам занони аспсавори зиёде омаданд дар баробари мардон. Аз ноҳияи Лахш ман ҳамроҳ шудам ва гуфтам, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон асп медавонем. Онҳо қабул карданд ва ман якум шуда, ба марра расидам”, - бо ифтихор ба ёд овард ӯ.

Чинигул ҳарчанд дар зиндагии иҷтимоӣ дастовардҳои зиёд дорад, аммо дар заношавҳарӣ чандон бахт надид. Солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шавҳараш ба Қирғизистон кӯчи ва муқими он ҷо шуд. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш нарафт ва фарзандонашро ба танҳоӣ бузург кард. Ду духтари калонашро ба ду домоди тоҷик дод ва набераҳояш омехтаи ду миллатанд. Худаш 5 фарзанд дорад ва ҳоло соҳиби 7 набера аст.

Духтараш Омина соли 2021 Донишкадаи омӯзгории Раштро хатм карду бо мақсади идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорид ва ҳоло донишҷӯи соли дуюм аст. Ӯ аз рӯи ихтисос ҳам ронандаи трактор асту ҳам омӯзгор ва ҳоло ҳуқуқшинос шуданист. Ба варзиш ҳам шуғл дорад. Замоне мошин меронд ва аз ҷумлаи аввалин духтарони ноҳия буд, ки пушти фармони нақлиёт менишаст. Соли 2019 ба ҷойи модараш мудири мактаби деҳа таъин шуд.

 

шукрона

 

Духтари дигараш Шукрона ҳанӯз донишҷӯст ва аз дар риштаи забону адабиёти тоҷик ғоибона дар Рашт мехонад. Дар ин баробар омӯзгори мактаби зодгоҳаш аст. Ӯ аз хурдӣ муҳаббати падарро хеле кам дид, зеро падар онҳоро тарк кард. Шукрона дар тарбияи модар бузург шуд ва худаш ҳам аз пайи ӯ рафт.

Падари Шукрона то баста шудани марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон бо хонаводааш гоҳ-гоҳ робита дошт. Фарзандон баъди баста шудани марз дигар аз ӯ хабар надоранд. Марзи ду кишвар ибтидои соли 2020 дар пайи пандемияи Ковид-19 ва соли 2021 дар натиҷаи низои марзӣ баста шуд.

Дар мақомоти ноҳияи Лахш дар суҳбат бо Oila.tj гуфтанд, ҷанҷолҳои марзӣ ба муносибати сокинони ин ноҳия, ки аз қирғизтаборону тоҷикон иборат ҳастанд, таъсире нарасонидаанд. Танҳо баста шудани марз дидорбинии наздиконро мушкилтар кард. Қирғизтаборон дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул ҳастанд.

Пас аз баста шудани сарҳад хешу табори сокинон наметавонанд ба ин ҷо оянд ё инҳо раванд. Пештар аз маркази ноҳия ба шаҳри Ӯшу ноҳияҳои наздиктар, ҳатто то худи Бишкек таксиҳо рафту омад мекарданд. Умед дорем боз ҳамон ҳолат мешавад”, - гуфт Нигина Турсунова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Лахш.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ (соли 2021), дар ноҳияҳои Лахш, Мурғоб ва вилояти Суғди Тоҷикистон беш аз 82 ҳазор қирғизтабор зиндагӣ мекунанд.

 

Мирсаид САТТОРИЁН,

Душанбе-Лахш-Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД