Sebiston new 2024 october
Зан синну сол ва рақам надорад! Қисми 2
2039

                                 Бахти деромада

Бобуна ҳељ намехост, ки ман аз занам људо шавам, ҳарчанд ман мехостам ба таври расмӣ аз ӯ људо шуда, ба Бобуна хонадор шавам. Ҳарчанд мегуфтам, ки ман падару модар ва фарзандонамро нигоҳ мекунам, аммо Бобуна танҳо бо як шарт ба ман хонадор шуд, аз занат људо намешавӣ!

Инак, ман шаш сол боз ҳамроҳи Бобуна ҳастам, ба тиљорат даст задаму муваффақ низ шудам, хонаҳои падариро афтонда, хонаи бошукӯҳе сохтам. Дар шаҳр низ барои писаронам хона харидам, барои Бобуна низ хонаи дуҳуљрагӣ харидам, зеро дар лаҳзаҳои вазнини ҳаётам як сол дар хонаи ӯ мезистам, аз ҳисоби ӯ мехӯрдам ва маоши камамро ба фарзандонам мефиристодам. Ҳоло, ки пул дорам, ӯро баробари фарзандонам нигоҳубин мекунам, зани ҳақиқии ман ӯст!

Ҳамсарам ба ҳама чиз розӣ аст, ман бо ӯ танҳо ҳамчун бо модари бачаҳоям ҳарф мезанам, барои ӯ пул бошад, бас! Волидайнаму фарзандони падарам ҳам бо ман муносибати хуб доранд. Апаи калониям маро бо Бобуна дидаасту ин хабарро ба модарам расонидааст, як рӯз ба деҳа рафтам, ки ӯ дар танҳоӣ сарзанишам кард:

-Як беваи љалаби сарлуч дар барат, айба намедонӣ?! Ту кай аз баҳри бевабозӣ мебароӣ а?! Кай одам мешавӣ?!

Ростӣ, ба модарам ягон бор сахт нарафта будам ва барои Бобуна гапашро гардондам:

-Намедонам ин хабарро ба ту кӣ расонидааст, вале он беваи сарлучи мегуфтагият на љалаб, балки зани ман аст! Ӯ маро аз рӯҳафтодагӣ, бекасӣ, бадбахтӣ раҳонид! Агар насиҳатҳои ӯ набошад, ман кайҳо аз баҳри келини чизпарасти шумо мебаромадам, илтимос ба зиндагии ман кордор нашаваед!

                               Ман алфонсам?

Ман Бобунаро дӯст медорам, зеро ӯ рафиқи шафиқ, инсони хуб ва зани беҳтарин аст. Аз ман даҳ сол калон бошад ҳам, ниҳоят зебо, нафис ва љавон менамояд. Дурӯѓ намегӯям, давроне, ки ҳама аз ман рӯй гардонда буданд, ӯ дар барам буд, дастгириям мекард. Албатта ӯ ба ман миллиёнҳо сум надодааст, вале замоне, ки роҳпулӣ надоштам, кӯмакам мекард.

Имрӯз ман ба хотири ишқи ӯ ба ҳама чиз тайёрам, хонаву мошинаш харидам, духтаронашро мисли фарзандони худам дӯст медорам, набераҳояш маро бобо мегӯянд. Ӯ зану фарзандони маро надидааст, аммо ба куљое, ки наравад, барои онҳо савѓо меорад. Пас, ман алфонсам?!

Ин зан беҳтарин дӯсти ман буду мемонад, ба фикри ман гап дар сари синну сол нест, гап дар сари одамгарӣ аст. Ба ҳамаи онҳое, ки ба ин гуна муносибатҳо назари манфӣ доранду мазоҳу масхара мекунанд, гуфтаниям:

-Илтимос, бародарону хоҳарон, чун зиндагии як касро намедонед, қазоват накунед! Зан синну сол ва рақам надорад, зани дӯстдошта гуфтанӣ гап асту ҳалос! Ин дунёи дун як бозиҳое дорад, ки…

                                                                       Бо эҳтиром Зафар

                                                                      Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД