Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мард ҳамсарашро буғӣ намуда ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, рӯзи 6-уми декабри соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш, зани 53-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, бо дастонаш ӯро буғӣ намуда ба ҳалокат расонидааст”, — омадааст дар иттилоия.
Бознашр аз Tajikistan times