sebiston july new
Мардро руҳафтодагӣ мекушад ё машрубот?
2092

 

То синни 50-солагӣ ба қавле, марди мардон будам, вале 3-4 сол мешавад, ки дар муносибатҳои маҳрамонаам каме иллат пайдо шуд.

Аз назди духтур рафтан шарм медорам. Занам мегӯяд, ки сабаб дар майнӯшии зиёд аст, вале ман ба ин бовар надорам. Сабаби зиёд май нӯшиданам дар он аст, ки аз чанд нафар қарздор ҳастам ва танҳо бо нӯшидани маю шароб андаке асабҳои харобамро ором карда метавонаму халос. Аз шумо хоҳиш менамоям, сабабҳои кам шудани қувваи мардиро шарҳ медодед.

Б.Д., ш. Душанбе.

Аслан рағбати ҷинсӣ аз синну сол вобастагӣ дорад. Баъди панҷоҳсолагӣ организм мунтазам ба тағйиротҳои синнусолӣ мувоҷеҳ гашта, дар натиҷа ҳормони ҷинсӣ кам мешавад. Рағбати ҷинсӣ ҳанӯз ҳам зиёд аст, вале барои мубошират қувваи зиёде лозим аст.

Аксарият бар он ақидаанд, ки барои мубоширати хуб танҳо мард бояд кӯшиш намояду зан танҳо аз ҳамоғӯшӣ ҳаловат бубарад, вале ин андеша комилан ғалат аст. Имкониятҳои мард дар ҷодаи ишқу муҳаббат баъди 50- солагӣ на танҳо аз физиология ва сатҳи ҳормонҳо, балки аз бонуяш низ сахт вобаста аст. Зан метавонад боэҳтиёт ва нозукона мушкили мардро рафъ намояд. Зан, агар оқила бошад, дар бистар тавре рафтор менамояд, ки мард мушкили худро фаромӯш мекунад. Мутаассифона, аксари бонувони мо баъди 50-солагӣ аз шарми фарзандону келин ё домод аз ҳамбистарӣ бо шавҳарони худ канораҷӯӣ мекунанд ва баъди он ки мард зани дигар гирифт, сабаби чунин рафтор кардани мардро намефаҳманд.

Нобарорӣ…

Нокомӣ дар бистар аз омилҳои гуногун: физиологӣ, психологӣ, инчунин техникӣ (ҷой ва вақти мубошират дар назар аст) вобастагӣ дорад. Мутахассисони бемориҳои мардона собит намудаанд, ки сигоркашӣ ва камҳаракатӣ қувваи мардиро кам мекунад. Инак, мо боз чанд сабаби пас аз 50-солагӣ заиф гаштани мардонро бароятон мекушоем. Омилҳои асосии пастшавии шавқу завқ ва қувваи мардӣ ин хастагии ҷамъшуда, нохушиҳо дар ҷойи кор ва ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи оилавӣ ҳастанд.

  • Стресси сахт, руҳафтодагӣ ё яъсу ноумедӣ рағбати мардро кушта, имкониятҳояшро маҳдуд мегардонад. Мард ғамгин бошад, ба дилаш чизе намеғунҷад. Дергоҳ муносибати маҳрамона надоштани мард низ боиси дар бистар заиф шуданаш мегардад, аз ин рӯ, мард набояд ҳафтаву моҳҳо аз муносибати маҳрамона маҳрум бошад;
  • Аз ҳад зиёд нӯшидани машрубот қабл аз муносибати маҳрамона зарарнок аст. Дар як зарбулмасали фаронсавӣ гуфта мешавад: «Машрубот шаҳватро бедор, вале имкониятро нобуд мекунад»;
  • Аз чизе шарм доштан, саросемагӣ ҳангоми ҷимоъ, тарс аз чизе ё касе метавонад мардро камқувват гардонад. Аз ин хотир, ҳангоме ки мард ба бистари муҳаббат медарояд, набояд чизеву касе ҳушашро парешон созад.

 

Духтур чӣ мегӯяд?

Сустшавии қувваи мардӣ дар 50- солагӣ маънои онро надорад, ки дарҳол ба табиб муроҷиат кунед, вале агар зуд-зуд ба чунин ҳолат меафтида бошед, бояд аз ташхиси табиби касбӣ гузашта, ҷиддан табобат кунед. Сабаб дар стресси сахт бошад, ба шумо танҳо психолог ё психотерапевт кӯмак расонида метавонад.

 

Тавсияҳо

Барои беҳтар сохтани қувваи мардӣ табибон ба мардҳо баъди 50-солагӣ ин хӯрданиҳоро тавсия медиҳанд:

  • Чормағз ва офтобпараст. Ин донагиҳо дар таркибашон миқдори зиёди витамина Е доранд ва қувваи мардиро беҳтар месозанд;
  • Меваи смородинаи сиёҳ. Таъсири дарозмуддат дорад. Дар аёми пухтанаш онро ҳафтае чор маротиба истеъмол кардан лозим аст.
  • Табибон тавсия медиҳанд, ки баъди хӯрокхӯрӣ мардҳо чанд пора шоколади сиёҳро истеъмол намоянд. Шоколад дар баробари афзудани рағбат, табъи инсонро болида мегардонад.
  • Рӯзе, як маротиба як пиёла какао-чойи бе шакар фоида дорад.
  • Банан миқдори «ҳормони хушбахтӣ»-ро ба эътидол меорад, аз ин рӯ, бештар банан истеъмол кунед.
  • Гӯшти бе равған пухташуда (стейк), рағбати ҷинсиро баланд менамояд. Синки дар таркиби гӯшт мавҷудбуда шавқу завқи ишқварзиро дар вуҷуди кас бедор месозад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД