Formula novemver 2024
Воҳимавируси корона дар бозорҳои Тоҷикистон
05.03.2020
Р. Азимӣ
3985

 

Дирӯз 4 марти соли равон, новобаста аз номусоид будани боду ҳаво дар назди мағозаҳои ордфурӯшӣ ҷамъ шудани харидорони зиёди орд, тааҷҷубовар буд.

Мардуми дар навбатистода ба зудӣ аз қимматшавии арзиши ин навъи маҳсулот гуфтугу доштанд ва ин ҳолатро ба паҳн гардидани коронавирус нисбат медоданд. Баъзе аз роҳгузарон кӯшиш мекарданд, ки бардуруғ будани ин овозаро ба мардуми ҷамъомада фаҳмонанд, аммо бефоида. Ин ҳам дар ҳолест, ки тавассути ВАО-и кишвар дар бораи ба қайд гирифта нашудани ин беморӣ дар ҳудуди мамлакат мунтазам иттиллоъ нашр мешавад ва аз аҳолӣ даъват ба амал меоранд, ки ба ҳар гуна сару садоҳои беасос бовар накарда ба таҳлука наафтанд. Вале мардуми ҷамъомада бар он боваранд, ки ҳарчанд имрӯз нархи орд қиммат нашуда бошад ҳам, аммо фардо боло рафтани нархи он аз эҳтимол дур нест.


Коронавирус: Падар шифо ёфту писар аз гуруснагӣ фавтид!


Дар ҳамин маврид, муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба табъ расид, ки дар он гуфта мешавад: "Дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ оид ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, нашр мешаванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки хушбахтона, то имрӯз дар кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
Бинобар ин, чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур на бояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Ҳамҷунин масъулини бозори “Фаровон” мегӯянд, ки теъдоди харидорони зиёд ва мошинҳои дар дохили бозор гирд уфтода имкон ворид шудани мошинҳои пур аз орд, ки пушти дарвозаи бозор истодаанд надоранд.

7- донишҷӯйи тоҷик ба каронавирус гирифторанд ё...?


Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти дурустро бирасонанд.
Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд. 
Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд. Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан, бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин, дар ҷойҳои серодам камтар гаштугузор намуда, ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон, як муддат аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта бӯсобусӣ намудан, худдорӣ намоянд".

Сӯҳбати видеоии моро бо сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода оиди охирин хабарҳо дар бораи коронавирус дар ҳамиин лаҳзаҳо дар ютубканали Oila.tj интизор бошед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД