Sebiston new 2024 october
“Торти наврӯзӣ”-и Фотима Машрабова
2948

-Фотимабону, шумо дар наврӯз чӣ мепазед?
-Торт, чунки мардуми Бадахшон идро бо ширинӣ пешвоз мегиранд.
-Дӯстдорони санъататон мехоҳанд тарзи пухтани торти наврӯзиро аз забони ширини шумо шунаванд...
-Ин чандон кори душвор нест. Барои пухтани торт аввал бояд маҳсулоташро омода созед.
Маҳсулоти лозима:
¾ истакон шакар,
¾ истакон қаймоқ,
½ қуттӣ маргарин,
¼ истакон какао,
1 қошуқчаи чойнӯшӣ ванилин,
1 қошуқчаи чойхӯрӣ моддаи ковоккунанда (разрыхритель),
¼ қошуқча намак,
1 дона тухм ва орд.


ФОТИМА МАШРАБОВА ЗАНИ ПРОКУРОР МЕШАВАД?


 

Барои глазур
200 гр шоколади сафед
3 қошуқи ошхӯрӣ маска
2 қошуқча шарбати ягон мева.

1. Тобаи тортпазиро тоза карда, коғази пергаментиро (коғазе, ки об ва равғанро намегузаронад) паҳн намоед.
2. Дар косаи калон аз маҳсулоти дар боло додашуда хамир тайёр кунед.
3. Хамирро дар тортпазак рехта, муддати 30-35 дақиқа дар тафдон пазед, баъдан тортро аз тортпазак гирифта, коғазро ҷудо кунед.
4. Барои глазур шоколадро об карда, маргарин ё маска, инчунин шарбатро ҳамроҳ намоед. Монед каме ҳавраш барояд, сипас онро ба рӯи торт молед.
5. Барги ягон растании хӯрданиро (масалан, пудинаро) гирифта, шуста бо сачоқи коғазӣ хушк намоед.
6. Аз тарафи чапи баргҳо бо чӯткача шоколоди обкардаи сафед ё сиёҳро молед.
7. Тортро дар яхдон то сахтшавии шакалод нигоҳ доред, баъдан бо баргҳои як тарафаш сабзу як тарафаш шоколадӣ онро оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД