Formula novemver 2024
Торт умри занро кӯтоҳ мекунад?
2037

 

Олимони америкоӣ сабаби ба бемории саратон гирифтор шудани бонувонро дар ширинихӯрӣ медонанд

Зане нест, ки аз хӯрдани шоколад, конфет, қандинаву кулчақандҳои ширин, пончику булочкаҳо худдорӣ карда тавонад. Баъзан одати ширинихӯрии бонувон ба беморӣ мубаддал мегардад, зеро ҳама чиз андоза дорад ва ширинхӯрии аз ҳад зиёд дар баробари фарсуда сохтани дандон ва вазни зиёдатӣ боз ба саломатӣ зарари зиёд мерасонад.

Шириниҳо дорои карбогидратҳое мебошанд, ки кори ҷисмро дуруст ба роҳ мемонанд. Ҳуҷайраҳои ҷисми мо аз ҳамин карбогидратҳо нерӯ мегиранд. Ширинӣ ҳормони хушбахтии серотонинро меафзояд, вале вақте ширинихӯрӣ ба ҳирс мубаддал мегардад, дар саломатии инсон ҳар хел мушкилӣ сар мезананд. Имӯз мо дар бораи зарарҳои ширнӣ ба саломатии зан сухан хоҳем гуфт.

Бемориҳои замбӯруғӣ (молочница)

Бонувоне, ки ҳеҷ гоҳ аз хӯрдани пораи торт ё шоколад худдорӣ карда наметавонанд, аксаран аз бемории кандидози узвҳои ҷинсӣ азият мекашанд. Бемориҳои замбӯруғӣ бар асари истеъмоли антибиотикҳо зиёд мешаванд, инчунин ғизои аз карбогидратҳо ғанӣ, яъне ширинӣ низ муҷиби хурӯҷ намудани бемории мазкур гашта метавонад.

Саратони рӯдаҳо

Олимони амрикоӣ ҳушдор медиҳанд, ки дилбастагии аз ҳад зиёд ба маҳсулоти ширину хамирӣ боиси он мегардад, ки ғадуди зери меъда инсулини зиёд хориҷ намуда, дар рӯдаҳо омоси зарарнок пайдо шавад. Табибон баъди муоинаи ҳазорҳо бонувони ширинихӯраки ба саратон рӯда гирифторшуда ба чунин хулоса омадаанд.

Умрро кӯтоҳ месозад

Олимони олмонӣ зарар ва фоидаи шириниро санҷида, ба хулосае омаданд, ки глюкоза умри инсонро ба ҳисоби миёна 25% кӯтоҳтар месозад. Баъдтар хулосаи олимони олмониро муҳаққиқон аз донишгоҳи Калифорния низ тарафдорӣ намуданд.

Аллергия шудан мехоҳед?

Боз як хатаре, ки аз ширинӣ ба зан мерасад, ин пайдо шудани аллергия мебошад. Зиёд будани карбогидратҳо дар ғизои бонувони ҳомила мӯҷиби сар задани аксуламали аллергикӣ дар кӯдакон гашта, хатари пайдоиши бемориҳои системаи асабро ба вуҷуд меорад.

Рафту шумо дӯстдори ашаддии торту қандина бошед, ба ин маслиҳати парҳезгарон диққат диҳед:

-Ба ҷои қанду шакар асал ва хушкмева истеъмол намоед.
-Хӯрдани глюкозаро кам карда, бештар меваҳои тару тоза хӯред.

- Чойи бе шакар нӯшед ва ба ҷои нӯшокиҳои ширини газнок, оби минералӣ харед.

Чӣ қадар ширинӣ бояд хӯрд?

Агар шумо бе ширинӣ зиндагӣ карда натавонед, шириниҳои зарарашон камтарро истеъмол намоед, масалан:

Асал

100 гр асал дорои миқдори шабонарӯзии оҳан, марганес ва магний мебошад. Агар шумо аз асал аллергия надошта бошед, ба ҷойи шакару қанд асал истеъмол намоед. Асал хусусиятҳои зидди микробӣ дошта, ҳангоми шамолхӯрӣ, қабзият ва бехобӣ муфид аст.

Ғизонокӣ – дар 100г – 320 ккал.

Мармалод

Пектине, ки дар таркиби мармалод мавҷуд аст, хеле муфид буда, аз ҷисми инсон моддаҳои заҳрнокро аз қабили металлҳои вазнин ва радионуклидҳо берун меорад. Мармалод ҳамчунин ҷисмро аз «холестерини зарарнок» тоза мекунад.

Ғизонокӣ – дар 100г – 290 ккал.

Хушкмева

Аз клетчатка (хусусан финик ва ғулинг: 1,5 г дар 100 г маҳсулот), оҳан ва магний ғанӣ аст. Меваҳои хушкшудаи табиӣ барои рагҳои хунгарди дил, дил ва рӯдаву меъда муфиданд.

Ғизонокӣ – дар 100г – 240 - 270 ккал.

Зефир

Аслан зефир чандон ширинии фоиданок набошад ҳам, аз конфет ва қандинаҳо зарари камтар дорад. Дар таркиби зефир сафедаи зиёд, оҳан ва фосфор мавҷуд аст.

Ғизонокӣ– дар 100г – 300 ккал.

Бонувони азиз, акнун шумо то кадом андоза зарар доштани шириниро фаҳмидед. Кӯшиш намоед, ки минбаъд дар истеъмоли он аз ҳад нагузаронед. Ҳама чиз меъёр дорад, андозаро нигоҳ доред, ҳеҷ гоҳ бемор намешавед.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД