Маҳсулоти лозима:
Барои хамир: 1 тухм 200 гр фалла 1 ст шакар Ванилин тақрибан 300 гр орд 1 қошуқча содаву сирко.
Барои малҳам: 500 мл шир 1 тухм 1 ст шакар 3 қошуқ орд Ванилин 150 г равғани маска 150 г чормағз
Тарзи таҳия: Аввал малҳамро тайёр кунед: тухмро бо шакару орд лат зада ба он ванилин ва ширро илова намуда, нағзакак омехта кунед ва дар болои оташи паст то ғафс шуданаш кофта, баъдан хунук кунонед. Фалларо бо шакару тухм лат зада, ванилин, сода ва ордро кам-кам илова намоед. Хамир набояд сахт шавад, онро (вобаста ба ҳаҷми тоба) ба 6-8 қисм тақсим кунед. Ҳар як кулчаро тунук карда бо чангак сурох кунед, то ки ҳангоми пухтан дам накунад. Кулчаҳоро то сурх шуданашон дар тоба аз ҳарду тараф пухта, сипас кунонед. Равғани маскаро бо миксер лат зада, кам-кам малҳами пухтаи хунукшударо илова кардан гиред. Малҳамро ба кулчаҳои пухта молида, чормағз пошед. Болояшро бо боқимондаҳои кулчаҳои пухташуда, чормағз ва шоколади реза оро диҳед.
Тортро 6 соат нигоҳ доштан лозим аст.