arzon replenishment
Торти шоколадӣ
2172

 

Маҳсулоти лозима:

100 г равғани маска

1 қуттӣ ширқиём

2 тухм

8 қошуқ орд

ним қошуқча сода

ним қошуқча сирко

2 қошуқ какао

500 г қаймоқ (сметана)

Тарзи таҳия:
Равғанро реза карда тухмҳоро андозед ва бо миксер лат занед. Ширқиём ва баъдан ордро илова карда, лат заданро давом диҳед. Содаи бо сирко омехтаро пошида, хамирро ба ду қисм ҷудо кунед ва яктоашро ба тобаи равғанмолида рехта пазед. Ба дуюмаш какао андохта омезед ва онро низ дар ҳарорати 180 дараҷа дар тоба тақрибан 20 дақиқа пазед.
Қаймоқро бо шакар омехта карда баъди 15 дақиқа ба қабатҳои пухтаи торт моледу онҳоро рӯи ҳам чинед. Баъди 2-3 соат ба болои торт шоколади реза пошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД