Arzon march 2024
Шоира бе ному нишон гум шуд
6690

Ҷавонзани 35-сола Ғиёсова Шоира Пулотовнаро чор моҳ боз падару модар, хоҳару бародар ва фарзандони хурдсолаш бо чашми гирён ҷустуҷӯ доранд.

 Шоира рӯзи 2-юми октябри соли 2019 аз хона баромада, бо ҳамин бе ному нишон гум шудааст. Аҷибаш он аст ки ӯ бо худ на либос гирифтааст, на пойафзол ва на ягон чизи дигар. 

Шоира шиками се фарзандашро сер карда, онҳоро мехобонад ва баъдан ҳатто ҳуҷҷатҳо ва телефони мобилиашро бо худ нагирифта, хонаи шавҳарашро тарк менамояд. Субҳ кӯдаконаш аз хоб бедор шуда, Шоираро дар паҳлӯи худ намебинанд ва баъди ҷустуҷӯҳои зиёди беҳосил бо умеди он ки шояд модарашон ба хонаи бибиашон рафта бошад, роҳи хонаи модаркалонашонро пеш мегиранд, аммо...


 НОҲИЯИ РӮДАКӢ: АҲАД ҶИНИ ОБИРО ДИДУ АЗ ТАРС ГУНГ ШУД?!


Бо ҳамин ин ҷавонзани 35-сола бе ному нишон гашта, пайвандонаш то имрӯз аз ӯ дарак наёфтаанд. Модар аз гиряву нолаи зиёд ва дарду ғами духтари гумномаш ба бистари беморӣ афтидааст. Фарзандони дидагирёни Шоира то ҳол умедворанд, ки ҳамин замон ё замони дигар модарашон аз дар даромада, кулбаи эҳзони онҳоро гулистон хоҳад кард. 

Пайвандони ҷигархуни Шоира Ғиёсова аз шахсоне, ки дар ягон ҷо ин ҷавонзани зеборо дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш ва илтиҷо доранд, ки ҳатман ба рақамҳои зерин занг зада, хотири онҳоро бо пайки неке шод гардонанд:
Ш. Душанбе: 915-12-08-01,
Русия: +79167835505

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД