Давомаш ... Қисми 5-умашро ин ҷо хонед.
Ҳамин тавр, бо амри табиб ҳуҷҷатҳои пиразанро зуд тахт карданд ва ташхисҳои заруриро анҷом дода, беморро ба ҳуҷраи амалиёт бурданд. Хушбахтона амалиёт бомуваффақият гузашт. Талхадони кампирро бурида гирифтанд ва ӯро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ гузаронданд.
-Шумо аз роҳи дур будаед, беҳуда ташвиш кашида, дар ин ҷо наистед. Беҳтараш рафта дам гиред. Мариз ба ҳуш ояд, мо худамон ба шумо занг зада, хабар медиҳем,-гуфт Самад ва аз ҳамшираи шафқат хоҳиш кард, ки рақами телефони писарони маризро навишта гирифта, онҳоро ба хона ҷавоб диҳад.
-Духтурҷон, охир ин чӣ хел мешавад? Мабодо шаб ягон дорую дармон лозим шавад...
-Ман гуфтам-ку, чизе, ки лозим бошад, мо худамон мекунем. Шумо бемалол рафтан гиред,-фарзандони маризро дилпур намуд духтур.
Бачаҳои кампир ҳайрон-ҳайрон ба Самад менигаристанд, зеро онҳо чунин духтури хайрхоҳро дар умрашон бори аввал медиҳанд....
Некӣ куну ба об андоз
Пас аз ду-се рӯз кампирро ба палата гузаронданд. Фарзандонаш рӯзе як маротиба ба аёдати ӯ омада, танҳо шӯрбоча ё ягон хӯроки парҳезии дигар меоварданд, вале табиби машҳур маризашро хору зор шудан намемонд.
Вай субҳгоҳон ба кор омада, пеш аз ҳама аз ҳолу аҳволи ҳамин пиразан хабар мегирифт ва бо ӯ ҳазлу шӯхӣ карда, дилбардорӣ мекард, ки зиқ нашавад, Худо хоҳад, бе талха ҳам 100 сол умр мебинад.
Ҳампалатаҳояш ба ӯ ҳасад бурда мепурсиданд, ки магар ин духтур хеши наздикатон мешавад, ки нисбати шумо ин қадар меҳрубон аст. Кампир китф дарҳам кашида мегуфт:
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
-Ҳафт пушташро намешиносам. Дар умрам ӯро бори аввал дар ҳамин ҷо дидам, вале ин духтур одам не, фаришта будааст. Вай ҷони маро аз марг наҷот дод. Ҳамин табиби ғамхор намебуд, мани мабағал яқин бе аҷал мурда мерафтам. Худованд падару модарашро раҳмат кунад ва ба ҳаёташ файзу баракат диҳад. Сиҳату саломат ба хона баргардам, ҳамеша дар намозҳоям дар ҳаққаш дуои нек мекунам. Илоҳо хока гирад, дар кафаш зар гардад...
Пешниҳоди аҷиб
Аз ҷарроҳӣ беш аз як ҳафта гузашт. Аз рӯйи қоида бояд маризро ба хона ҷавоб медоданд, вале Самад фарзандони кампирро ҷеғ зада гуфт:
-Модаратон ҳанӯз ба пуррагӣ шифо наёфтаанд, вале дар беморхона беморон хеле зиёд шуда, ҷой нест. Агар шумо розигӣ диҳед, ман модаратонро ба хонаи худам бурда, боз се-чор рӯзи дигар табобат мекунам, баъд метавонед омада, он касро ба хона баред. Инро ба он хотир мегӯям, ки хонаи шумоён дур будааст, мабодо ҷойи ҷарроҳӣ чирку зардоб гирад, аҳволашон бад шуда метавонад...
Азбаски писарони пиразан аз ин табиб некии зиёде дида буданд, дарҳол розигӣ доданд.
Туҳфаи табиб
Ҳамин тавр бо баҳонаи он ки бемор ҳанӯз ба худ наомадааст, Самад кампирро ба хонаи худаш бурд ва аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки ӯро хуб меҳмондорӣ карда, аз ҳолу аҳволаш мудом бохабар бошад.
Муддати се рӯз пиразан дар хонаи духтур меҳмон буд. Ҳамсари Самад дар як рӯз чанд маротиба барои меҳмон хӯрокҳои рангоранг пухта, бо ҷону дил ба ӯ хизмат мекард.
-Писарам, ман чанд рӯз дар хонаи шумо меҳмон шуда, шумоёнро хеле ташвиш додам. Шукри Худо, ҳолам беҳтар шудааст. Акнун иҷозат деҳ, ки ба хонаам равам,-бегоҳи рӯзи чорум хоҳиш кард пиразан дар сари дастурхон.
Самад “модар, ин тавр нагӯед, охир меҳмон атои Худо аст. Ҳавои деҳа хунук, ба хонаатон рафта, чӣ кор мекунед. Дар ҳамин ҷо истодан гиред” гуфта бошад ҳам, кампир “хеле истодам писарам, акнун бояд ба хонаи худам равам” гӯён, исрор намуд.
Давом дорад ...