Соли 2006 буд. Як рӯз Аслонбек Абдураҳмонов, раиси ноҳия, маро ба утоқи кориашон ҷеғ заданд. Он замон ронанда будам. Аз ину он суҳбат кардем. Дар фрарҷоми суҳбат гуфтанд,ки омода шав, баъди 2 рӯз ба Данғара меравӣ, ба хонаи Президенти кишвар. Боварам наомаду “ҳа хуб” гуфта, аз утоқ берун шудам. Ин 2 рӯз чун 2 сол гузашт дар интизорӣ... Ин ҷо ӯ таваққуф кард, зеро рӯзноманигорони дигар суолборонаш карданд.
Ба ҳар ҳарфаш бодиққат гӯш додам, зеро интизор будам, ки идомаи қиссаро мешунавам. Вале, саволҳо бештар атрофи боғдорӣ буданду оиладорӣ. Чун дидам, ки мақсуд ҳосил нест, худ ба суҳбат кашидамашон.
- Идомаашро нақл кунед, амак.
- Идомаи чиро?
- Ба хонаи Президент рафтанатонро.
- Ҳаа, гӯш кун.
Ба хона омадаму қарори раисро ба аҳли оила эълон кардам. Ҳама ҳам ҳайрон буданду ҳам хушҳол. Давоми ин 2 рӯз омодагӣ гирифтем ва ниҳоят рӯзи сафар ҳам фаро расид.
Субҳи содиқ аз раиси муҳтарам дастури заруриро гирифтаму ба роҳ баромадам. Зафар Нозим бо ман ҳамнаво буд. Як нива доштам. Бо ҳамон рафтам. Роҳҳо он замон албатта на он қадар обод буданд ва душвориҳо зиёд буданд. Аммо, ин ҳама дар назари ман наменамуданд. Бодвор мошин мерондаму худ ба худ вохӯриамро бо хонаводаи Президенти кишвар тасаввур мекардам. Хаёлҳои ширин доштам.
Ниҳоят баъди чанд соат ба Данғара расидам. Аз аҳолӣ суроғаи хонаи Пешвои миллатро пурсида рафтам, зеро ин бори аввал буд, ки ба чунин шараф сазовор мешудам. Мошинро дуртар қарор дода, худро ба тартиб овардаму ҳаяҷонамро андаке камтар карда, оҳиста – оҳиста рафтам ба назди дарвоза.
Баъди баёни арз маро бародари Ҷаноби Олӣ пазируфтанд. Бисёр шахси самимӣ, кушодачеҳра ва фурӯтану хоксор буданд шодравон. Ба хона даъват карда, чӣ кор карданамро фаҳмониданду таъкид карданд, ки дертар меоянд ва пайи кадом коре рафтанд.
Кӯшиш кардам кори бар уҳдаам гузоштаро бо муваффақият анҷом диҳам. Ба нозукии он диққати ҷиддӣ медодам, ки мабодо ғалате накунам, ки боварии Сарвари давлату раиси ноҳияро аз даст диҳам. Вазифаи мо ин ҷо аз коркарди картошка иборат буд. Майдони картошказор 30 га буд.
Ҳини кор равоншод акаи Нуриддин тез – тез хабарамон мегирифт. Вақти хӯрокхӯрӣ аз ин хоҷагидори пешгому асил нозукиҳои корро мепурсидам. Бо хушиву лаби пури ханда аз таҷрибаашон нақл мекарданд. Он ҷо қарор додам, ки ҳатман дар асоси тавсияҳои акаи Нуриддин боғпарвариро ба роҳ мемонам.
Баъди чанде корамон анҷом ёфту бо дуои ин марди шариф ба Ҷиргатоли собиқ баргаштам. Худи ҳамон бегоҳ қитъаҳои замини наздиҳавлигиро ба қисмҳо ҷудо карда, пагоҳи барвақт бо азми дарахтхарӣ ба бозори ноҳия рафтам ва якбора чанд ниҳолак харида овардам. Чун себи минтақаи мо маъруф аст, чанд анвои себро шинондам, аммо баробари сабзидан маълум гардид, ки хасакию бемазза ва хеле майдаанд. Бо усулҳои бобоӣ онҳоро пайванд кардам ва инак, себҳои хуби хубонӣ шудаанд, - бо лабханд ба ёд овард ҳамсуҳбатам.
Қаҳрамони мо Давлатбек Ахмедов аст, ки сарварии хоҷагии деҳқонии “Ҳавлобек”-ро дар ноҳияи Лахш бар уҳда дорад. Хоҷагии мазкур соли 2007 бо дастгирии бевоситаи раиси вақти ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) Абдураҳмонов Аслонбек дар деҳаи Қалъаи Занкони ҷамоати деҳоти Ҷиргатол, воқеъ дар шохрохи Душанбе-Рашт-Сайрон-Қарамик ҷойгир мебошад. Хоҷагӣ дар тӯли фаъолияташ ба як қатор дастдовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ноил гардида, имрӯз бо олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Институти боғпарварию сабзавоткорӣ ҳамкорӣ дорад.
Сарвари он боғпарвари номдори водии Рашт Давлатбек Ахмедов 1-уми апрели соли 1949 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Онҳо дар хонадон 16 фарзанд буданд ва ӯ аввалин буду 15 додару хоҳар дошт. Дар сини 4-рӯзаги аз модар ятим монду баъди чанде қиблагоҳ барояш модари нав овард. Ин зан ба ӯ чун модари ҳақиқӣ рафтор дошту ба вояаш расонд ва нагузошт, ки Давлатбек заҳри ятимӣ чашад.
Давлатбек мактабро то синфи 4 бо забони қирғизӣ хонда, тарки мактаб кард. Чун ба 18 қадам гузошт, ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ ба Қирғизистон рафту он ҷо адои сарбозӣ кард. Баъди бозгашт фаъолияти меҳнатиаш аз ронандагӣ шуруъ карда, имрӯз боғбони пухтакорест, ки беш аз 40 навъи мева мепарварад дар ганҷхонааш.
Қаҳрамони мо оиладор буда, соҳиби 11 фарзанд, 40 набера ва 11 абера аст. Ҳавлобек писари хурдии ӯ буда, ҳоло ба ҳайси роҳбари Филиали Иттифоқи миллии маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш фаъолият дорад ва хоҷагӣ ҳамноми ӯст.
Имсол қаҳрамони мо таҷрибаи нодире гузаронд ва собит кард, ки дар иқлими Лахш низ харбуза мепазад. Ӯ зери дарахтонаш донаи харбуза шинонд ва ба онҳо фарзандвор муносибат кард. Донаҳои таҷрибавӣ кам буда, чанди он бор овард ва андешаи чандсолаеро, ки дар Лахш тарбузу харбуза намерӯяд, барҳам зад. Акнун ӯ нақша дорад, ки кишти харбузаву тарбузашро васеъ гардонад.
Воқеан, Давлатбек Ахмедовро хурду калони ноҳия медонанду боғи ӯ макони чашидани неъматҳои ройгон аст. Беш аз 20 сол чизеро аз боғ нафурӯхт. Ҳосили заҳматашро бо ҳамсояҳо медиду хешу табор. Ва танҳо ҳамин сол аз Душанбе меҳмонон рафта, бо исрори хеле зиёд меваи чанд дарахти себашро арзон фурӯхт.
Ба қавли ҳамсояҳояш, боғи бобои Давлатбек макони шодии кӯдакони диёр аст, зеро ҳар гоҳе онҳо вориди боғ мешаванд, аз неъматҳои ин хонадон - себу олу то чаккаю ҷурғот нӯши ҷон мекунанд. Ӯ ҳам кӯдаконро дӯст медорад ва омаданашонро ба боғаш интизор мешавад ...
Мирсаид САТТОРИЁН,
Душанбе – Лахш - Душанбе
Аз идора: Матлаби мазкур дар доираи сафари "Корвони иттилоотӣ"-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ба шаҳру навоҳии минтақаи Рашт омода шудааст.