Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.
Чанд нафар калонсолони деҳа ба Сафар маслиҳат доданд, ки кӯдакро бурда ба ятимхона супорад, вале ин ҷавонмарди бо нангу номус “ин кӯдак ягона ёдгории ҳамсари ҷавонмаргам ва барои ман амонат аст, ҳаргиз писарамро ба сағерахона намесупорам” гӯён, тифли ширмакро тани танҳо бо сад ранҷу азоб нигоҳубин мекард...
Бо ҳамин минвол писари ятимаки Сафар-Самад яксола шуд. Ин писарчаи ҷингиламӯй, ки нав роҳгардонак шуда буд, мисли як себи дукафон ба модари раҳматиаш монандӣ дошт ва чунон кӯдаки зебою дилкаше буд, ки одами дидагӣ мехост гирифта гурезад.
Сафар, ки муддати як сол худаш бо сад ранҷу азоб писаракашро калон мекард, маҷбур буд, ки барои пешбурди зиндагӣ ба кор барояд ва намедонист кӯдакро ба кӣ супорад.
Дӯстонаш ба ӯ маслиҳат доданд, ки ягон зани худотарсу боимонро ёфта, хонадор шавад, то ки ба писаракаш модарӣ кунад.
Сафар аввал “шавқу ҳаваси зиндагӣ ҳамроҳи ёри ҷавонмаргам дар дили ман мурд, дигар ба касею чизе заррае майл надорам” гуфта бошад ҳам, баъдтар ба хотири фарзандаш бо як зани шавҳармурда издивоҷ кард, аммо...
Найрангҳои моиндар
Ба бахти бади Сафар зани наваш одами хуб набаромад. Ин ҷавонзани маккора аз рӯзҳои аввали ба ин хонадон қадам гузоштан ба фарзанди шавҳараш бо чашми нафрат менигарист.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Зайнура хуб медонист, ки ҳарчанд Сафар бо ӯ издивоҷ карда бошад ҳам, то ҳол ишқи ҳамсари раҳматиаш дар дилаш лона дорад ва танҳо ӯро дӯст медораду халос. Ба мисли як себи дукафон ба модари худораҳматиаш монанд будани Самади хурдакак ғаши моиндарашро меовард ва “касофат, худаш мурда, сағераи сархӯрашро дарди сари ман кардааст” гӯён, дар набудани падараш Самади хурдакакро бераҳмона мезад, вале Сафар дар хона бошад, нисбати кӯдак чунон меҳрубонӣ мекард, ки гумон мекардӣ аз ӯ дида, зани меҳрубонтар дар тамоми олам вуҷуд надорад.
Ҳамин ки Сафар ба кор рафт, рӯзи писараки ятимаш ба шаби тор табдил меёфт. Мабодо кӯдаки маъсум дар эзорчааш тар карда монад, моидараш Гулзира бачаро бо мушту лагад мезад ва ҳатто гӯшти баданашро бо дандонҳояш газида мегирифт.
Ҳамсояҳо борҳо чӣ тавр дар оби сарди ҷӯйбор кӯдакро оббозӣ дорондани ин зани бераҳмро дида, таъкид карданд, ки бо тифлаки ятим чунон муносибат накунад, зеро убол аст, вале ин зани ҷаллод “шумо кори худатонро кунед, охир ба шавҳари ману бачаи ман чӣ кор доред” гӯён, ба даҳони ҳама мезад ва чунон шӯру вовайло мебардошт, ки ногуфтанӣ.
Самади хурдакак ҳанӯз забони гӯё надошт, ки аз ҷабри моиндар ба падараш шикоят кунад ва Гулзира аз бесоҳибию бепаноҳии ин тифли маъсум истифода бурда, ҳарчи дилаш мехост, мекард....
Дар байни обу оташ
Ҳамин тавр аз байн як сол гузашт ва Гулзира аз Сафар ду писари дугоник таваллуд карда, ба қавли мардуми деҳа “буҷулаш асп хест”, акнун вай ошкоро ба писари ятимчаи шавҳараш нафрат доштанашро нишон медод.
“Сағераи шумрӯй бо як ваҷаб қадаш аз ҳозир бачаҳои маро чашми дидан надорад, ҳамин ки чашмамро хато кард, ягон ҷойи кӯдаконро мисли саг мегазад”- шикоят мекард Гулзира ба шавҳараш.
Давом дорад ...