Илҳом Мирзокалонов аз хурдӣ ба коркарди бадеии чӯб шавқи зиёд дошт. Ба хурд буданаш нигоҳ накарда, мизу курсӣ ва сандуқчаҳои гуногуну мунаққаш месохту ба ёру рафиқону пайвандон тӯҳфа мекард. Ҳарчанд чизҳои сохтаашро кандакорӣ карда натавонад ҳам, рӯйи онро гулкорӣ кард,а бо рангҳои гуногун оро медод.
Диққати Илҳоми хурдсолро сутун, дар, пештоқи айвон ва сақфҳои гулкориву кандакоришудаи чойхонаву масҷидҳои таърихии шаҳр ба худ ҷалб мекард.
“Ҳар боре, ки мавзеъҳои таърихиро медидам, маҳсули дасти ҳунармандон маро мафтуни худ мекард. Онҳоро дида, ба хона мерафтаму рӯйи авроқе тасвир мекардам. Ё ҳар гоҳе, ки вақти холӣ меёфтам, дарҳол ба сохтани чизе машғул мешудам. Чизи эҷодкардаамро бошад, ба мактаб ба фанни технология мебурдам. Ғайр аз ин, ҳар супоришеро, ки муаллимон медоданд, сари вақт иҷро мекардам. Дар овони мактабхонии мо ҳар хонандае, ки муассисаро хатм мекард, соҳиби касбе шуданаш ҳатмӣ буд. Аз ин рӯ, ба ин фан ҷиддӣ нигоҳ мекарданд. Ҳар чизе, ки омӯхтам, аз мактаб буд ва мактаб маро ҳунарманд кард”, - гуфт Илҳом Мирзокалонов зимни сӯҳбат.
Қаҳрамони мо ғайр аз он ки дар мактаб ба ҳунаромӯзӣ машғул мешуд, дар маҳфилҳо низ иштирок мекард. Мавсуф баъди хатми муассиса, таҳсилашро дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе идома дод. Дар он ҷо низ аз пешсафон буд.
Баъди хатм ӯро ба коргоҳи “Фабрикаи ҳунарҳои бадеӣ”-и шаҳри Истаравшан ба кор қабул карданд. Дар он ҷо ҳунармандон ба сохтани сандуқ, гаҳвора, кат, қошуқ (чӯбӣ), дар, мизу курсиҳои кандакоришуда, дар умум, ҳар чизе, ки ба ҳунари коркарди бадеии чӯб тааллуқ дошт, машғул буданд. Ғайр аз ин, коргоҳ барои зиёд кардани навъи ҳунарҳои мардумӣ кормандонашро ба омӯзишҳо сафарбар мекард.
“Соли 1984 аз тарафи коргоҳ маро ба корхонаи РСУ-и шаҳри Душанбе барои омӯзиш фиристоданд. Дар он ҷо як гурӯҳ ҷавонон ба сохтани муҷассамаҳои хурд-хурд машғул буданд. Ман, ки ба ин чизҳо шавқи зиёд доштам, ин ҳунарро зуд аз худ кардам. Баъдан, дар коргоҳамон ба сохтани муҷассамаи қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ ва ривоятҳои мардумӣ машғул шудам. Дар муддати кӯтоҳ якчанд шогирд низ тарбия намудам”, - изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.
Қаҳрамони мо то имрӯз муҷассамаҳои зиёд офаридааст. Маъмултарини онҳо “мӯйсафеди ситорашинос", "Ҷанги уқоб ва гург", "Муҷассамаи шери болдор", "Алибобо ва чил роҳзан", "Рӯбоҳ ва кулча" мебошад.
Яке аз бузургтарин асарҳои офаридаи ин марди ҳунар "тахти шоҳӣ" буда, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Ӯ гуфт, бештари асарҳояш моҳияти фалсафӣ доранд ва касро ба андеша кардан водор месозад. Ин марди панҷ панҷааш ҳунар ғайр аз муҷассамасозӣ боз асбобҳои мусиқии ҳаҷмаш калон (барои намоиш ё осорхонаҳо), лавҳаҳои кандакоришуда, табақаҳои ороишӣ, мизу курсӣ, гулдон, гул, сандуқча, портрети одамон, шоҳмот, қандил, сутунҳои кандакорӣ, кат ва панҷараҳои чӯбии зиннатбахш меофарад. Ҳамзамон, маҳсули дастони ӯро дар мавзеҳои таърихӣ ё навбунёд дидан мумкин аст.
Усто Илҳом гуфт, ҳар он чизеро, ки аз чӯб сохта мешавад, омода мекунад, то ин ки барои рушди ҳунари бадеии халқӣ саҳм гузорад.