Рустам Азимӣ аз зумраи сарояндагони ҷавон ва боистеъдоде мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳ меҳраш дар дили мардум маъво гирифтааст. Аксари мухлисонаш мехоҳанд сирру арсори оилавии ин ҷавонмарди ҳунармандро бидонанд. Аз ҳамин хотир бахшида ба 14-уми феврал мо сӯҳбати ҷолиберо бо Рустам анҷом додем, ки айни замон манзури шумо- хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ мегардад.
-Рустам Азимӣ “Рӯзи ошиқон”-ро бо кӣ ҷашн мегирад?
- Албатта бо ҳамсари нозанинам ҷашн мегирам! Ман фикр мекунам ҷуфтҳое, ки дар ҳақиқат ошиқи ҳамдигар ҳастанд, барои онҳо ҳар рӯз рӯзи ошиқон аст. Ишқи аввалинатонро дар ёд доред?
-Албатта дар хотир дорам. Аҷаб давраи ширине буд! Он лаҳзаҳои зебову хотирмон абадан дар хотироти ман нақш бастаанд, вале ба қавли устод Лоиқ
Ёдаш ба хайр бод,
Он ишқи кӯдакӣ,
Он ишқи гумшуда,
Чун шеъри Рӯдакӣ...
-Дар “Рӯзи ошиқон” киҳо ба шумо тӯҳфа медиҳанд?
-Дар “Рӯзи ошиқон” ман тӯҳфаҳои зиёде гирифтаам. Хусусан дар 5-6 соли охир бениҳоят зиёд тӯҳфа медиҳанд. Аллакай дирӯз тӯҳфагирӣ сар шуда буд.
-Худи Шумо ба ҳамсаратон чӣ тӯҳфа мекунед?
-Ман натанҳо дар “Рӯзи ошиқон” дар дигар идҳо низ ба ҳамсарам тӯҳфаҳои қиматбаҳо мехарам. Баъзан дар рӯзҳои оддӣ низ ягон чиз тӯҳфа мекунам, то ки табъаш болида гардад.
-Ҳамсаратонро дӯст дошта оиладор шудед?
- Бале, ману ҳамсарам мисли Лайлию Маҷнун якдигарро бо тамоми ҳастӣ дӯст дошта, оиладор шудем. Шукр имрӯз оилаи хушбахт дорем. Ишқ маро илҳом мебахшед, имсол низ дар “Рӯзи ошиқон” барои мухлисонам, ки ошиқ ҳастанд, як клиптаронаи навро пешниҳод месозам. Боварӣ дорам, ки аз тамошояш дар ҳайрат меафтанд.
-Ба ҳаводорони ҳунаратон чи таманно доред?
-Ҳамеша зиндагиашон пур аз ишқу муҳаббат ва ошиқи шайдои ҳамдигар бошанд, чунки зиндагӣ худаш ишқ аст.