35 years of independency
Барби-блогери оқипадар Қисми 8
154

Барби-блогери оқипадар

 

Қисми 8

Манзура рост ба чашмони Фарҳод нигарист:
— Он марде, ки дар видео нишастааст, кист?
Фарҳод нафаси чуқур кашид...

— Комрон.
Манзура ин номро дар зеҳнаш нигоҳ дошт.
Комрон. Ҳамон марде, ки тамоми ин бозиро аз паси парда идора мекард. Шахсе, ки духтарони ҷавонро ба клубҳо мебурд. Марде, ки зиндагии одамони зиёдеро ба бозӣ табдил додааст...

Дилаш ба дард омад, аммо на аз шунидани номи Комрон, балки аз дарки он ки ҳақиқатро аз вай пинҳон крадаанд. Ба Фарҳод нигарист ва бо садои паст, вале саршор аз қатъият гуфт:
— Ман дигар намехоҳам, ки ту маро муҳофизат кунӣ.
Фарҳод дар ҷавоб чизе нагуфт.
Аҳмад ҷониби Манзура нигариста, зери лаб пичррос зад: .
— Бовар кун, баъзе ҳақиқатҳо аз дурӯғ ҳам дардноктаранд.

Манзура бо чашмони пур аз ашк табассум кард.
— Ман аллакай чи будани дардро хуб медонам.
Ӯ ба флешка нигарист.
— Пас бигзор ин дафъа дарде, ки мекашам, аз ҳақиқат бошад.
Фарҳод ба ӯ наздик шуд.
— Манзура!
— Не, ба ман наздик нашав!
Ӯ ақиб рафт.

-Манзура, ман ҳамаашро ба ту мефаҳмонам...
— Ҳеҷ чиз нагӯ Фарҳод. Беҳтараш ҳеҷ чиз нагӯ, дигар ҳоҷат ба чизе гуфтан нест...
Ин дам садои занги телефон баланд шуд. Манзура телефонашрогирифта ба экран чашм духт. Дар рӯйи экран номи модараш ва навиштаи “Очачон” пайдо шуд. Дилаш якбора фишурда шуд. Модараш дар Ватан буд. Зане, ки моҳҳо боз аз духтараш дур зиндагӣ мекард ва аз шавҳараш пинҳонӣ гоҳ-гоҳ ба ӯ занг зада танҳо як савол медод:
Духтарам, ту хушбахтӣ?
Ва Манзура ҳар дафъа ҷавоб медод:
Бале, очаҷон. Ман хеле хушбахтам!
Аммо ин танҳо як дурӯғ буд ба хотири ором кардани дили модар. Дар асл ӯ ҳеҷ гоҳ хушбахт набуд. Ӯ дар мули бегона танҳо буд, танҳоӣ танҳо. Ҳарчанд ҳазорҳо одамон ӯро мешинохтанд. Ҳарчанд ҳар рӯз садҳо паём мегирифт. Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама ӯро бо номи Барбӣ мешинохтанд ва дӯст медоштанд, вале дар асл танҳотарин одами рӯйи дунё буд. Манзураи ҳақиқӣ касе надошт, ки шабона сарашро ба китфаш гузорад ва бигӯяд:
Ҳамааш хуб мешавад.
Телефонро ба гӯшаш наздик бурд ва бо азоб худро аз гиря боздошта гуфт:
— Салом, очачон!
Аз он тараф чанд сония хомӯшӣ ҳукмфармо буд, баъд садои гиряолуди модар ба гӯш расид:
— Духтарам...
Манзура чашмонашро баст. Ҳамин як калима кофӣ буд, ки Манзура ғами бузургеро дар садои модар эҳсос кунад.
— Чӣ шуд, очаҷон?
— Ҳеҷ чиз.
— Оча, ту чи гиря кардӣ?
Модараш хомӯш монд.Манзура ба тиреза нигарист.
— Ба ман росташро гӯ.
— Духтарам, ту кай ба хона бармегардӣ?
Манзура ҷавоб надод. Ин саволро модараш борҳо дода буд, аммо имрӯз он маънои дигар дошт.
— Намедонам, оча.
— Ман туро пазмон шудаам.

Манзура лабонашро газид. Ашк дар чашмонаш ҷамъ шуда буд.
— Ман ҳам.
— Духтарам.
— Ҳа?
— Падарат имрӯз ба ман занг зад,-Манзура дар ҷояш шах шуд, охир падараш дар мухочирати меҳнатӣ буд.
Ҳамон марде, ки солҳо бо ӯ гап намезад. Ҳамон марде, ки баъд аз фаҳмидани зиндагии духтараш ӯро ок карда буд, вале меҳри падар то ҳол дар дили Манзура фурӯзон буд.
Манзура бо овози паст пурсид:
— Падарам чӣ гуфтанд?
Модараш гиряолуд ҷавоб дод:
— Аз ту пурсид.
Дили Манзура ба тапидан даромад.
— Дар бораи ман?
— Ҳа.
— Чӣ гуфт?
Модараш гиря кард.
— Гуфт, ки ту дигар духтари ӯ нестӣ,-Манзура гӯё дар қаъри дилаш чизе шикаста бошад, дарди сахтеро дар кафаси сина эҳсос кард....

Ҳама чизе, ки то ин лаҳза худро бо он андармон мекард, якбора аз байн рафт.У метавонист ба Ризо нафрат кунад. Метавонист ба Ахмад бовар накунад. Метавонист аз Комрон битарсад ва ҳатто аз Фарҳод ранҷад, аммо сухани падар... Падараш ӯро кайҳо аз ҳаёташ хат зада бошад ҳам, то ҳол дар як гӯшаи дилаш шӯълаи умед фурӯзон буд, ки шояд рӯзи аз гуноҳаш мегузарад, вале маълум мешавад, ки падар дар ду дунё ӯро намебахшад...

Манзура оҳиста гуфт:
— Очачон
— Ҳа, духтарам?
— Падарам то холо маро набахшидааст?
Модараш ҷавоб надод. Ва ҳамин хомӯшӣ аз ҳама дардноктар буд.
Манзура телефонро аз гӯшаш дур кард. Ашкҳояшро дигар нигоҳ дошта наметавонист. Қатраҳои оби дида мисли селоб ба рӯяш шорида, рухсораашро тарк арданд.

Фарҳод ҳолати ӯро медид, аммо ин дафъа наздик нашуд, чунки баъзе дардҳоро бо оғӯш кашидан ҳам табобат кардан намешавад.
Манзура телефонро боз ба гӯшаш наздик бурд.
— Очачон...
— Ҷонам?
— Ман мехоҳам ба хона баргардам.
Модараш гиря кард.
— Баргард, духтарам, баргард.
Ин ду калима дунёи Манзураро такорӯ кард. Зангро қатъ шуд. Телефон аз дасти Манзура афтид ва беихтиёр ба фарш нишаста, бори аввал баъд аз моххои зиёд барои наздиконаш бо дард гиря кард...
Ин лаҳза вай на барои Ризо, на барои клубҳо, на барои обуначиён ва на барои обрӯ, балки барои худаш гиря мекард.
Барои он духтаре, ки номусашро бохта буд. Барои духтаре, ки танҳо мехост машҳур шавад. Мехост ҳама ӯро бубинанд. Мехост ҳама ӯро дӯст доранд.Аммо ин роҳ ӯро ба кӯйи тирае бурд, ки ҳаргиз намехост...

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД