goodwell
Духтари самарқандӣ ба хотири ишқаш ба Тоҷикистон омаду...
434

[19.11.2026 11:15] Firuza Sattori: Духтари самарқандӣ ба хотири ишқаш ба Тоҷикистон омаду...
 
Раъно Умарова, ҳамсари шоир ва драматурги маъруфи тоҷик Файзулло Ансорӣ чанде қабл (9 октябр) аз олам даргузашт. Ӯ на танҳо ҳамдаму ҳамрози зиндагӣ, балки аввалин хонандаву шунавандаи осори ӯ ва пуштибони содиқи аҳли хонавода буд. Ин зани соҳибдил дар тӯли умри худ доғи ҷудоии шавҳар ва марги ду фарзандро таҳаммул кард, аммо дар баробари сахтиҳои рӯзгор нашикаст. Ӯ то охирин рӯзҳои умр меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва асолати инсониашро нигоҳ дошт. Ин навишта ёдномаи самимиест аз рӯзгори пуршебу фарози зане, ки умраш ба вафодорӣ, модарӣ ва пос доштани хотираи азизонаш пайванд хӯрда буд.
 
Се моҳ пеш ба аёдати янгапошшои калон - келини куҳансолтарини авлод рафтам. Рӯйи диван ҳамон зани солеҳаву вафодор, бо чеҳраи офтобиву лабони моили табассум, янгаи меҳрубону меҳмоннавози мо китоб дар даст, такя ба болишт мутолиа доштанд. Маро дидаву айнакро аз чашмашон гирифта, ба рӯям синҷакунон нигаристанд. Гумон кардам, бо дидани ин қадар ғамҳо хотираашон суст шуда бошад. Не, бо табассум канор гирифтаву ҳолпурсӣ карданд. Мани шокӣ ба чеҳраи нуронии ӯ менигаристаму ашкамро фурӯ мебурдам. Охир, ӯ зани шоир-драматурги номии тоҷик Файзулло Ансорӣ буда, илҳоми тозаи шавҳари азизаш, гармии оташдони оилааш, модари меҳрубони фарзандон буд. Ӯ дар эҷодҳои тозаю навини шоир аввалин хонанда, аввалин шунаванда ва роҳбони шавҳари доим дар сафар буд.
Қалби кӯчаку пур аз меҳру вафои ӯ он ҷудоиҳову фироқи ёр, марги беамони ду шоҳписари барвақт шарбати марг чашидаашро таҳаммул карда наметавонист. Не, ӯ ба хотири яккадухтари эркаи падар, ба хотири кенҷаписараш боз зиндагӣ кард. Рӯзи муроди фарзандону наберагон назди онҳо табассумкунон даст ба дуо мебардошту шабҳо болиштро ашконаш мешустанд. Оҳ, янгаи бонангу номуси мо!
Ҳамон рӯзи дидорбинӣ ман гуфтам:
- Янгапошшоҷон, каме аз хотираҳои гузашта нақл кунед.
Баъд аз каме сукут гуфтанд:
- Ман дар шашсолагиам аз модар маҳрум шудаву маро тӯтем - бибиам калон карданд.
Сипас, соли 1952 духтари зебои самарқандӣ, яъне янгаам, бо шоири ҷавон Файзулло Ансорӣ оила барпо карда, ба Сталинобод меоянд. Онҳо шаш сол дар иҷорахонаҳои яҳудиву тотору украин, чанд муддат дар ҳавлии хушдомани устод Муъмин Қаноат зиндагӣ карданд. Сипас, шоир ҳавлиҷае харида, ба зиндагии оромона шурӯъ мекунанд.
Он рӯзи дидорбинӣ янгапошшоям гуфтанд:
- Духтарам, боз омада истед, мабодо дидор дар қиёмат намонад.
Сад дареғ, ки бо ташвишҳои зиндагӣ шудаву дидор дар қиёмат монд.
Ба мошин нишастаму хаёлам ба ӯ банд буд. Дилам ғаш мекард. Охир, магар он рӯзи қиёму шӯри вафоти тағоям аз ёд меравад?
Моҳи апрели соли 1980 устод Ансорӣ ба зодгоҳаш Панҷакент сафар карданӣ мешавад. Ҳамин вақт янгаам роҳхат дошт ба осоишгоҳи Ессентуки. Дар фурудгоҳ фарзандон модарро ба тайёра нишонда, устодро бо мошин ба Панҷакент гусел мекунанд. Ба дидорбинии хешу табор, аммашон - бибиам ва акаву ҷиянҳо. Сонӣ ба зиёрати мақбараи Маликушшуаро Рӯдакӣ рафтаву ба хонаи акаашон меоянду фишори хун баланд мешавад.
Рӯзи 28-уми апрел устод рӯйи дастони ака ҷон медиҳанд. Ин хабари шумро ба янгаам чӣ хел расонданду ӯ чӣ хел 30-юми апрел расида омад...
Он рӯзро тасвир кардан душвор аст. Шоир-драматург дар 49-солагӣ, айни камолот гузашт. Нолаҳои ҷонхароши янгаам ва эркадухтари падар дилҳоро мехарошид. Ҳангоми видоъ меҳмонони аз дуру наздик омада, аз Иттифоқи нависандагон ва ёру дӯстони аз Маскаву Украину Қазоқу Қирғиз омадаи шоир бо дилҳои ғамгин арзи таслият мекарданд.
Янгаам дар либоси сиёҳи мотам ҳам чун фариштае бо ашкҳои шашқатор меистод. Ӯ болои сари шоир, ки бо чашмони пӯшидаю лабони нимханда мехобид, рост истода нола мекард.
Сано бодо ба занҳое, ки марданд!
Зани шоир, ки бедорхобиҳо дошт ба хотири асарҳои тозаэҷоди шавҳар, пйесаҳои ҳаётии ӯ, инак, боз ҳам бедорхобиҳо мекашид ба хотири пос доштани рӯҳи поки шавҳару писарони ҷавонрафтааш.
Ҳоло он ғами ҷудоӣ зудуда нашуда, моҳи январи соли 1999 писараш Ҷовидхон дар синни 45-солагӣ аз бемории қалб вафот кард. Ҳеҷ модар доғи фарзанд набинад!
[19.11.2026 11:15] Firuza Sattori: Ин бедорхобиҳо фарқ дошт аз он пешина. Агар барои шабзиндадории эҷодҳои шоир қаҳваву чой омода мекарду дар паҳлуяш менишаст, ин бедорхобиҳо ба хотири ҷаннатулмаъво маскан доштани се азизи барвақт рафтааш бо Худояш болои ҷойнамоз роз мегуфт.
Мегӯянд, ки модарон барои сӯхтан ба дунё меоянд. То аз кор омадани шавҳараш дуо дорад, ки роҳаш сафед бод, то таваллуди фарзандон дуо дорад, ки солиму солеҳ ба дунё оянд. То ба воя расиданашон бегазанд бошанд.
Янгаам аз чунин зотҳои пок буданд, лекин ноомадии бахти писари дуюмашон Собитхон ва фавти ӯ дар синни 61-солагӣ ӯро аз пой афтонд. Баъд аз вафоти Собитхон мӯйҳои батамом сафедгаштаву ожангҳои рӯйи барфосо сафедашро дидаву дилам ба фарёд омад.
Ӯ дарун-дарун мегирист, то ки фарзандони дигараш ашкашро набинанд. Назди меҳмонон худашро медошту меҳмоннавозиашро мекард.
Духтаракаш Фавзияхон бо писари хурдӣ Шоҳидхон модарро парастиш мекарданд. Набераҳо шукрона, дар ҳаёт дастболо ҳастанду хабаргирони бибӣ.
Ҳар боре ба наздаш меомадем, моро таъкид мекард, ки дар ҳама ҳолат инсонигариро устувор доред, шумо фаромӯш накунед, ки тоҷик ҳастед.
Акнун янгаи азизам ба раҳмати Худо пайваста, ҳампаҳлуи азизонаш гаштааст.
Худованд раҳмату мағфират кунад, илоҳо!
 
Машварат Лутфуллоева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД