goodwell
Раиси шаҳри Хуҷанд ба аёдати Гурдофариди тоҷик рафт
25.11.2026
Оила
77

Раиси шаҳри Хуҷанд ба аёдати

Гурдофариди тоҷик рафт

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба аёдати Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева рафтааст.

Сайрам Исоева хоҳари модари саҳнаи тоҷик Марям Исоева буда, дирӯз, 24 ноябр ҷашни зодрӯз дошт. Ин ҳунарманди машҳур, ки дар филми “Рустам ва Суҳроб” нақши Гурдофаридро бозидааст, ба синни мубораки 84 солагӣ расид.  

Зимни аёдат раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз хидматҳои арзандаи Сайрам Исоева дар рушди фарҳангу маънавиёт ва театру синамои тоҷик ёдовар шудааст.

Сайрам Исоева беш аз 60 сол барои рушди театр ва синамои тоҷик заҳмат кашида, дар садҳо филму намоишномаҳо аз қабили “Исёни арӯсон”, “Дӯстӣ”, “Сайр дар соли нав”, “Арӯси шаҳрӣ” нақшҳои ҷозиб ва мондагор офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД