Қисми 4
Ашки чашмони Манзура ороиши гаронбаҳояшро ба куллӣ шуста, ба рӯйи либоси сиёҳаш қатра-қатра мечакид. Дар даруни ҳоҷатхонаи клуби бошукӯҳ, дар рӯйи фарши сард нишаста, ӯ бори аввал дар зиндагӣ эҳсоси танҳоии ваҳшатгез мекард. Ситораи дурахшони Тик-Ток ва Инстаграм, Барбие, ки ҳазорҳо нафар ба зиндагии шоҳонааш ҳавас мехӯрданд, акнун худрои мисли лухтаки шикастаи ба партовгоҳ партофташуда эҳсос мекард.
Садои мусиқӣ торафт паст мешуд. Меҳмонон яке паси дигар клубро тарк мекарданд. Ӯ телефонро ба даст гирифта, боз ба саҳифааш ворид гашт. Ҳазорон нафар пахши мустақими ӯро дида буданд. Ҳазорон лайк, садҳо шарҳ, аммо дар байни ин ҳама одамон ҳатто як нафар набуд, ки ҳоло дари ҳоҷатхонаро кӯфта, пурсад:
— Манзура, ту хубӣ?
Ӯ лабонашро газид.
— Ин ҳама одамон маро дӯст медоранд, пас чаро ман ин қадар танҳо ҳастам?
Ҳамин вақт телефонаш занг зад. Рақам ношинос буд. Манзура аввал ҷавоб надод, аммо занг қатъ нашуд. Ниҳоят гӯширо бардошт.
— Алло?
Аз тарафи дигар садои марде омад.
— Манзура, ман медонам, ки ту ҳоло дар кадом ҳолат ҳастӣ.
Манзура абрӯ дарҳам кашид.
— Шумо кистед?
— Номи ман Фарҳод аст. Ман аз ту як чиз мепурсам. Ту мехоҳӣ аз ин вазьият бароӣ?
Манзура хомӯш монд.
— Кадом вазьият ?
— Аз зиндагие, ки ҳар рӯз туро як қадам ба пастӣ мебарад.
Манзура хандид. Хандаи талх.
— Шумо маро намешиносед.
— Ман туро аз экран мешиносам. Аммо аз экран танҳо чеҳраи одамро мебинӣ. Ман мехоҳам бидонам, ки дар паси ин чеҳра чӣ боқӣ мондааст.
Ин сухан ба дили Манзура сахт расид.
— Шумо чӣ мехоҳед?
— Фардо соати даҳ ба як қаҳвахона биё. Ман коре дорам, ки шояд зиндагии туро дигар кунад.
— Кадом кор?
— Дар телефон гуфта намешавад.
— Ман ба одамони ношинос бовар намекунам.
Фарҳод чанд сония хомӯш монд.
— Ман ҳам дигар ҳатто ба одамони шинос бовар намекунам.
Занг қатъ шуд.
Манзура муддати дароз ба экрани телефон нигоҳ кард, баъд оҳиста ба оина нигарист. Барбӣ дигар дар он ҷо набуд. Танҳо Манзура буд. Духтаре, ки намедонист ба куҷо меравад...
хххххх
Рӯзи дигар ӯ ба қаҳвахона рафт.
Фарҳод ҷавони тақрибан сисолае будааст. Либоси оддӣ дошт. На мошини гаронбаҳо, на занҷири тиллоӣ ва на дастаи муҳофизон.
Манзура ба ӯ шубҳанок нигарист.
— Шумо ҳамон касед?
— Бале.
— Чӣ кор доред?
Фарҳод ба курсии рӯ ба рӯяш ишора кард.
— Бишин.
— Ман барои нишастан наомадаам.
Фарҳод табассум кард.
— Ман ҳам барои тамошои Барбӣ наомадаам.
Ин ҷумла Манзураро асабонӣ кард.
— Маро масхара мекунед?
— Не, ман мехоҳам ба ту як пешниҳод диҳам.
— Пул?
— Не.
— Мошин?
— Не.
— Пас чӣ?
Фарҳод ба чашмони ӯ нигоҳ кард.
— Кор.
Манзура хандид.
— Ман кор дорам.
— Рақсидан?
Ханда аз лаби Манзура гум шуд.
— Ҳа.
— Манзури ман кори дигар аст.
— Чӣ кор?
— Дар ширкати хурди мо як гурӯҳи расонаҳои иҷтимоӣ ҳаст. Мо одамонеро меҷӯем, ки таҷрибаи кор бо шабакаҳои иҷтимоиро доранд. Ту як чизро аз ҳама беҳтар медонӣ.
— Чиро?
— Чӣ тавр одамонро маҷбур кардан, ки ба ту нигоҳ кунанд.
Манзура хомӯш монд.
— Аммо ман маълумоти хуб надорам.
— Маълумот гирифтан мумкин аст, аммо қобилияти ҷалби диққатро ба ҳар кас омӯзондан душвор аст.
Манзура ба пиёлаи қаҳвааш нигарист.
— Шумо медонед, ки ман кистам?
— Бале.
— Ҳама маро бо номи Барбӣ мешиносанд.
— Манзура, ту бояд қарор диҳӣ, ки мехоҳӣ тамоми умр Барбӣ бошӣ ё рӯзе боз Манзура шавӣ.
Ин сухан мисли тир ба қалби ӯ расид, вале розигӣ дод...
ххххх
Ҳафтаҳои аввал барои Манзура хеле душвор буданд. ӯ бояд соати ҳашт саҳар аз хоб мехест. Курси забон мегузашт. Бо компютер кор карданро меомӯхт. Матн менавишт. Видеоҳоро таҳрир мекард. Аввалин боре буд, ки ӯ барои сохтани як видео на либоси гаронбаҳо, балки фикри хуб меҷуст.
Аммо шабҳо, вақте ба хона бармегашт, дасташ беихтиёр телефонро мекушод. Саҳифааш ҳанӯз пур аз лайк буд. Одамон менавиштанд:
Барбӣ, куҷоӣ? Ту беҳтаринӣ. Чаро дигар мисли пештара эфир намекуни?
Ва баъзеҳо менавиштанд: Боварӣ дорем, ки ӯ дигар пул надорад.
Барбӣ тамом шуд.
Манзура ҳар як шарҳро мехонд.
Як рӯз Фарҳод ӯро дар ҳолати хондани шарҳҳо дид.
— Боз чӣ кор мекунӣ?
— Ҳеҷ.
— Дурӯғ нагӯ.
— Ман коментхоро мехонам.
— Барои чӣ?
— Намедонам.
Фарҳод телефонро аз пеши ӯ гирифт.
— Ту мехоҳӣ зиндагӣ кунӣ ё мехоҳӣ ҳар рӯз андеша кунӣ, ки дигарон дар бораи ту чӣ мегӯянд?
Манзура бо асабоният гуфт:
— Ту намефаҳмӣ. Агар ман дигар Барбӣ набошам, пас ман кистам?
Фарҳод ҷавоб надод.
Манзура чашмонашро пок кард.
—Дигар намедонам, ки ман кистам.
Ин аввалин бор буд, ки ӯ ин суханро бо овози баланд мегуфт...
(Давом дорад)