goodwell
Яхмоси ванилинӣ
99

Яхмоси ванилинӣ
Маҳсулоти лозима:
300 мл шир, 400 мл қаймоқи ширӣ (33%), 125 г хокаи шакар, 15 г ванилинин, 120 г зардии тухм (тақрибан 6 тухм).
Тарзи таҳия:
Шир, қаймоқ, 60 г қанди хока ва ванилинро дар дег андохта, то ҷӯш омадан гарм кунед. Зардии тухмро бо хокаи шакари боқимонда то сафеду якранг шудан лат занед. Нисфи омехтаи ҷӯшидаи ширу қаймоқро оҳиста ба зарфи зардии тухм рехта, ҳамзамон лат занед. Сипас, тамоми омехтаро ба деги ширу қаймоқ баргардонед ва дар оташи паст, пайваста омехта карда, то ҳарорати 82–84 дараҷа гарм кунед. Баъдан аз оташ гирифта, аз полояк гузаронед. Яхмосро ба зарфи пластикӣ рехта, сарпӯшашро маҳкам кунед ва то субҳ дар яхдон нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД