Барби-блогери оқипадар
Қисми 5
Як моҳ гузашт. Манзура аввалин маошашро гирифта, ба мағозаи либос рафт. Либосҳои маҳкам харид. Зери лаб мегуфт: “ Ин аввалин чизест, ки ман бо меҳнати худам харидам!”
Фарҳод, ки дар паҳлӯяш истода табассум мекард.
ххххх
Аммо ҳамон шаб як паёми ғайричашмдошт ба телефони ӯ омад.
“Манзура, ту фикр кардӣ, ки гузаштаатро пушти сар кардӣ?"
Манзура ба рақам нигарист. Ношинос буд рақам. Чанде пас боз паём омад: “Ту маро фаромӯш кардӣ, аммоо ман туро фаромӯш накардаам.”
Дили Манзура сахт тапид.
— Ин кист?
Паёми сеюм омад.
Дар он танҳо як акс буд.
Акс аз ҳамон яхта.
Ҳамон шабе, ки Ризо ӯро таҳқир карда, ба соҳил партофта буд.
Манзура ранги рӯяшро бохт. Ба Фарҳод нигарист.
— Фарҳод...
— Чӣ шуд?
Манзура телефонро ба ӯ нишон дод.
Фарҳод аксро дид ва чеҳрааш якбора ҷиддӣ шуд.
— Ин акс аз куҷост?
— Намедонам.
Ҳамин лаҳза паёми дигар омад: ”Барбӣ, бозӣ ҳанӯз тамом нашудааст."
Кам монда буд, ки телефон аз дасти Манзура афтад.
Фарҳод ба ӯ нигарист.
— Ту ин одамро мешиносӣ?
Манзура оҳиста сар ҷунбонд.
— Бале.
— Кист?
Манзура ба тирезаи мошин нигоҳ кард.
— Ризо.
Фарҳод чанд сония хомӯш монд.
— Ӯ туро пайдо кардааст?
Манзура нигоҳашро гурезонида зери лаб пичиррос зад:
— Ман фикр мекардам, ки аз ӯ халос шудаам.
Фарҳод ҷавоб дод:
— Шояд ту аз ӯ халос шудӣ, аммо ӯ аз ту не.
ххххх
Ҳамон шаб Манзура барои аввалин бор баъди чанд моҳ камераро кушод. Аммо ин дафъа на барои рақс. На барои нишон додани либос.
На барои ҷамъ кардани лайк.
У ба камера нигарист.
Чашмонаш бе ороиш буданд.
— Салом.
Шумораи тамошобинон оҳиста-оҳиста зиёд мешуд.
— Имрӯз ман мехоҳам ба шумо як чизро бигӯям. Ман солҳо кӯшиш кардам ба ҳама нишон диҳам, ки хушбахтам. Мехостам ҳама ба ман ҳасад баранд. Аммо ҳақиқат ин аст.
Овозаш гиряолуд буд, ашки дар чашмонаш ҳалқазадаро пок карда, идома дод:
— Ман худамро гум карда будам.
Шарҳҳо якбора зиёд шуданд.
Барбӣ, чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ? Ризо кист?
Манзура номи Ризоро дар шарҳ дид. Ӯ якбора хомӯш шуд.
Аз паси камера садои Фарҳод омад:
— Манзура, қатъ кун.
Манзура камераро хомӯш кард.
Ба Фарҳод нигарист.
— Ман аз ӯ намегурезам.
— Боварӣ дорӣ?
Манзура бори аввал бо итминон ҷавоб дод:
— Бале.
Аммо дар ҳамон лаҳза дар кӯчаи рӯ ба рӯи идораи онҳо як мошини сиёҳ оҳиста қарор гирифт ва шишаи сиёҳи мошин поён фаромад.
Марде аз дохили он ба бино нигоҳ мекард. Ризо баргашта буд...
ххххх
Субҳ Манзура бо дили ноором аз хоб бедор шуд. Тамоми шаб хобаш набурд. Ҳар боре, ки чашмонашро мепӯшид, чеҳраи Ризо дар пеши назараш пайдо мешуд. Марде, ки як рӯз ӯро гӯё аз баландии осмон ба қаъри чоҳи таҳқир партофта буд, акнун боз пайдо шуда буд.
Аммо ин дафъа Манзура дигар танҳо набуд. Ӯ Фарҳодро дошт ё ҳадди ақал ҳамин тавр фикр мекард.
Телефонашро ба даст гирифт. Дар саҳифааш ҳазорҳо паём ҷамъ шуда буданд. Баъзеҳо ӯро дастгирӣ мекарданд, баъзе масхара, бархе таҳдид карда менавиштанд: Барбӣ, Ризо баргаштааст. Акнун чӣ кор мекунӣ?
Манзура телефонро ба рӯйи миз гузошт. Ӯ мехост ба худаш нишон диҳад, ки аз Ризо наметарсад, аммо тарс мисли соя аст, ҳар қадар аз он гурезӣ, ҳамон қадар аз пасат меояд.
Ҳамин вақт Фарҳод занг зад.
— Манзура, ба идора набиё.
— Чаро?
— Ман мехоҳам бо ту дар ҷои дигар вохӯрам.
— Чӣ гап шудааст?
— Телефонро хомӯш кун ва ба ҷойи гуфтаам биё.
Манзура ба садои дилаш гӯш дод.
хххххх
Як соат баъд онҳо дар як қаҳвахонаи ором нишаста буданд. Фарҳод ба атроф бодиққат нигоҳ мекард. Манзура ин рафтори ӯро пай бурд.
— Ту аз чӣ метарсӣ?
— Ман?
— Бале. Ту имрӯз аз ҳар тараф нигоҳ мекунӣ.
Фарҳод нафаси чуқур кашид.
— Манзура, ту бояд як чизро бидонӣ.
— Чиро?
— Ман аз аввал ба ту ҳама чизро нагуфтам.
Манзура абрӯ дарҳам кашид.
— Ман медонистам.
— Чиро медонистӣ?
— Ҳеҷ кас бе сабаб ба зиндагии як духтари ношинос ин қадар таваҷҷуҳ намекунад.
Фарҳод хомӯш монд.
— Ман туро тасодуфан пайдо накардам.
Манзура бо ғазаб ба ӯ нигарист.
— Пас чӣ тавр?
— Ман дар бораи Ризо маълумот ҷамъ мекардам.
— Барои чӣ?
— Барои он ки ӯ дар чанд қазияи ғайриқонунӣ даст дорад.
Манзура якбора худро ба қафо кашид.
— Ту полис ҳастӣ?
— Не.
— Пас кистӣ?
Фарҳод ба чашмони ӯ нигарист.
— Ман чанд сол боз дар бораи гурӯҳҳое таҳқиқ мекунам, ки духтарони муҳоҷирро ба дом меандозанд.
Манзура хомӯш шуд.
— Ва Ризо?
— Номи ӯ дар чанд парванда пайдо шудааст.
— Чаро ба ман нагуфтӣ?
— Агар мегуфтам, ту бовар намекардӣ?
Манзура бо ғазаб дод зад:
— Ту ҳақ надоштӣ маро фиреб диҳӣ!
— Ман туро фиреб надодам. Ман туро аз чизе муҳофизат кардам, ки ту ҳатто тасаввур намекардӣ.
—Не, туро маро фиреб кардӣ!
Манзура аз ҷояш бархост.
— Ҳамаи мардҳо як хеланд! Яке пул мехоҳад, дигаре обрӯ, саввумӣ аз ман истифода мебарад.
Фарҳод оромона гуфт:
— Манзура
— Ба ман даст нарасон!
Ӯ аз қаҳвахона баромада рафт.
Дар кӯча борони сахт меборид. Манзура зери борон бехудона қадам мезад. Ашки сӯзони чашмонашро ҳатто қатраҳои борон низ пинҳон карда наметавонистанд...
(Давом дорад)