Белорус муҳоҷирони тоҷикро бо
маоши хуб ба кор даъват мекунад
кишвари Белорус омода аст муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо маоши арзанда ва шароитҳои хуби корӣ ба кор қабул намояд. Дар ин бора дирӯз Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони 10 корхонаи калони Гроднои Беларус созишнома ба имзо расонидаанд.
Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сохтмон, хоҷагии қишлоқ, соҳаи истеҳсолот, наҷҷоҷӣ, саноати вазнин, хидматрасонӣ ва нақлиёт кор карда, вобаста ба вазифаашон аз 750 то 1200 доллари амрикоӣ маъош мегиранд. Корфармоён аз Белоруссия ваъда додаанд, ки муҳоҷиронро бо ҷойи хоб ва қисман бо хӯрока ва сару либоси корӣ таъмин мекунанд.
Шартҳои асосии қабул донистани забони русӣ, надоштани доғи додгоҳӣ (судӣ) ва солим будани муҳоҷирон мебошанд.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки қабули хоҳишмнадон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар аз кай оғоз меёбад.