Марги дучархарон дар садамаи нақлиётӣ
Рӯзи 28-уми октябри соли 2026 дар ноҳияи Спитамен бар асари садамаи нақлиётӣ як дучархарон ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса тахминан соати 11:30 рух додааст. Эралиев Ҷаъфар Раҳмонқуловичи 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти Куруш, деҳаи Ҳаштяки ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат бо дучарха ба қисми мобайни роҳи асосӣ баромадааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Hyundai Tucson», Нурматов Юсуфбек Лутфуллоевичи 24-сола, ӯро пахш кардааст.
Манбаъ мегӯяд, ки дучархарон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло сабабу ҳолатҳои рух додани садама аз ҷониби кормандони милитсия мавриди таҳқиқ қарор доранд.